Ҳушдори Хайруллоев аз таҷаммуъи гурӯҳҳои ифротӣ дар марзи Бадахшон

  • 7 Июн, 2014
Шералӣ Хайруллоев Image copyright BBC World Service
Image caption Оқои Хайруллоев аз мардуми Бадахшон хоста, ки "ҳушёрии сиёсиро" аз даст надиҳанд

Ёвари амниятии раисҷумҳури Тоҷикистон аз таҷаммуъи гурӯҳҳои ифротгаро дар шимоли Афғонистон ва эҳтимоли нуфузи онҳо ба қаламрави Осиёи Миёна дар сурати бурузи нооромӣ дар кишвараш ҳушдор додааст.

Женерол Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи пешин, ки раҳбари кумисиюни таҳқиқи норомиҳои ахир дар Хоруғ аст, дар ин бора дар мулоқот бо фаъъолони ҷомеъаи мадании Бадахшон ибрози назар кардааст.

Ин мулоқот рӯзи 31 май доир шуда, вале тасовире видеуӣ аз суханронии ӯ, ки қаблан дар яке аз шабакаҳои маҳаллӣ дар Бадахшон пахш шуда, шаби гузашта дар торнамои хабаргузории ASIA-Plus низ мунташир шуд.

Дар суханронии худ оқои Хайруллоев иддаъо мекунад, ки тарроҳону ҳидоятгарони нооромиҳои рӯзи 21 май дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, дар Душанбе ҳастанд ва рабте ба ин минтақа надоранд.

Оқои Хайруллоев мегӯяд: "Он бозиҳое, ки дар ин шаҳр шуд, дирижёрҳои (ҳидоятгарон) асосияш дар шаҳри Душанбе ҳастанд. Шахсоне ки берун аз Бадахшон бо масоили Бадахшон сару кор мегиранд, бисёришон ҳатто шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Вай дар Бадахшон на фарзанд дорад, на хешу табор дорад, на авлод дорад. Ба ҳадафи сиёсияш расад, агар тамоми Бадахшон ҳам, ки нест шавад, парво надорад."

'Ҳушёриро аз даст надиҳед'

Дар нооромиҳои 21 то 24 май дар шаҳри Хоруғ, маркази устони худмухтори Бадахшон, дастикам панҷ нафар, аз ҷумла ду маъмури пулис, кушта шуданд. Ин ҳаводис хисороти молӣ низ барҷо гузоштааст.

Image copyright BBC World Service
Image caption Оқои Хайруллоев мегӯяд ба оташ кашидани сохтмонҳои давлатӣ дар Хоруғ беш аз 10 милюн сомонӣ хисорат барҷо гузоштааст

Ин ҳаводис рӯзи 21 май ба дунболи даргирие мусаллаҳона байни маъмурони пулис ва афроди муттаҳам ба қочоқи маводди мухаддир дар маҳалле пурҷамъият дар шаҳри Хоруғ оғоз дод. Пас аз ин даргирӣ ҷамъи касире аз ҷавонони маҳаллӣ сохтмонҳои идораи пулис, додситонӣ ва додгоҳи вилоятиро ба оташ кашиданд.

Ба гуфтаи оқои Хайруллоев, дар ин оташсӯзиҳо 10 милюн сомонӣ хисорат ба будҷеи давлат ворид шудааст: "Алов (оташ) задед, бино сӯхт. Баъди сӯхтани бино ягон мурда зинда шуд? Не! Ягон захмӣ сиҳат шуд? Не! Барои ҳамин, оромӣ лозим аст, тоқат лозим аст, кори шудагӣ шуд, лекин аз рӯйи адолат ва инсоф санҷидан лозим аст. Баҳои ҳам сиёсӣ ҳам иқтисодӣ ва ҳам ҳарбӣ додан лозим аст."

Женерол Хайруллоев аз авоқиби ҷанги дохилии даҳаи 1990 ёдовар шуда ва аз мардуми маҳаллӣ хостааст, ки фарзандонашонро ба хештандорӣ даъват кунанд. Вай мегӯяд, ки дар ҷанги дохилии Тоҷикистон 157 ҳазор нафар "бо дасти худамон" кушта шуданд ва ин ҷанг беш аз шаш милёрд сомонӣ хисорат бар ҷо гузошт.

Вай дар зимн мухолифони вақтро ба мансабталабӣ муттаҳам кард: "Вақте, ки дар сари мизи гуфтушунид нишастанд, (аз онҳо пурсиданд), ки чи мехоҳед, ки сулҳ кунем? Гуфтанд, ки мо 30 дарсад вазифа мехоҳем. Ҳамин 30 дарсад вазифа ки лозим буд, дар вақташ нагуфтӣ, ки бе митингу бе ҳичӣ ҳамин вазифаҳоро мегирифтию 157 ҳазор одамро нест намекардӣ?"

Ёвари амниятии раисҷумҳурии Тоҷикистон авомили хориҷиро дар нооромиҳои ахир дар Бадахшон дахил хонд. Вай аз мардуми маҳаллӣ хост, ки "ҳушёрии сиёсиро" аз даст надиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, Бадахшон марзи тӯлоние бо Афғонистон дорад ва гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд аз нооромӣ истифода кунанд.

Вай гуфт: "Шумо хуб медонед, ки то соли 2012 дар сарҳади мо Толибон набуданд. Имрӯз дар Вардуч, дар Баҳорак, дигар ҷойҳои дигар Толибон пайдо шудаанд. Аз он тараф дар ҷануб, дар Имомсоҳибу дигар минтақаҳое, ки бо мо ҳаммарз ҳастанд, Толибон пайдо шудаанд."

"Иирӯз давлатҳои абарқудрат мову шуморо ҷанг андохтанӣ ҳастанд, оромии Тоҷикистону Осиёи Миёнаро намехоҳанд. Агар ягон ҷангу ҷанҷолро мо худамон сар кунем, дар ин ҷо намояндаҳои Ҳаракати исломии Узбакистон, Толибон, Алқоъида, Ансоруллоҳ ва дигарон пайдо мешаванд. Вақте ки онҳо пайдо шуданд, танҳо Тоҷикистон не, тамоми Осиёи Миёна дармегирад. То Русия ҳам рафта мерасад."

'Касе инҷо кор кардан намехоҳад'

Оқои Хайруллоев ҳамчунин гуфт, ки дар мулоқотҳояш бо фаъъолони маҳаллӣ гоҳо ин масъала матраҳ мешавад, ки бояд дар Бадахшон кодрҳои маҳаллӣ ба симатҳои давлатӣ интисоб шаванд. Аммо вай изофа кард, ки бархеҳо ба кодрҳои маҳаллӣ ҳам имкони кор кардан намедиҳанд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Оқои Хайруллоев ба фаъъолони ҷомеъаи маданӣ гуфта, ки бархеҳо ба зодагони Бадахшон низ дар ин минтақа имкони кор кардан намедиҳанд

Вай гуфт: "Додситони кул мегӯяд талаб доранд, ки додситонро иваз кунед. Пурсид, ки аз ҳамон ҳамшаҳриёнашон, зодагони Бадахшон, киро мехоҳанд додситони вилоят таъйин кунем? Як ду-се касро мегӯянд, ман гуфтам, онҳо розӣ нестанд. Барои чӣ? Имрӯз додситони шаҳри Кӯлоб аз ҳамин Бадахшон аст. Як вақт инҷо ҷонишини додситони вилоят буд, якчанд маротиба бечораро зада буданд. Вайро агар паронанд, инҷо намеояд. Ҳастанд шахсони алоҳида, лекин инҷо намеоянд."

Ёвари амниятии раисҷумҳур гуфт, ки мардум бояд ба фикри онҳое ҳам бошанд, ки зодагони Бадахшон ҳастанд, вале дар берун аз ин вилоят, дар манотиқи дигари Тоҷикистон, ба унвони додситон, раиси додгоҳ, вазиру муъовини вазир ва женерол кор мекунанд. Вай гуфт ҳар касе набошад, сарфи назар аз миллат ва маҳалли таваллуд бояд дар тамоми қаламрави Тоҷикистон худро дар ватани худ ҳис кунад.

Шералӣ Хайруллоев ваъда кард, ки ҳаводиси ахир дар Хоруғ ба таври одилона таҳқиқ хоҳад шуд, аммо афзуд, ки афроди муқассир дар ин нооромиҳо ҳатман ба сазои аъмоли худ хоҳанд расид.

Вай ба танишҳо байни тоҷикону қирғизҳо дар бархе аз рустоҳои ноҳияи Исфара, дар шимоли Тоҷикистон, низ, ки бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст, ишораҳое кард ва гуфт, ки дар он ҷо низ гурӯҳҳои ҷудогона барои расидан ба аҳдофи худ мардумро ба низоъ таҳрик мекунанд.

Женерол Хайруллоев аз замони интисобаш ба унвони ёвари амниятии раисҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ даргири масоили амниятӣ дар ду минтақаи Исфара ва Бадахшон будааст.

Бархе аз мунтақидон аз интисоби ӯ ба унвони раҳбари кумисиюни таҳқиқи ҳаводиси Хоруғ интиқод карда ва мегӯянд бо таваҷҷуҳ ба амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар ин шаҳр, ки 24 июли соли 2012 ба раҳбарии ӯ анҷом шуда ва беш аз чиҳил кушта барҷо гузошт, мардуми Бадахшон аз ӯ хотираи хуше надоранд.

Матолиби муртабит