Имзои прутукул барои рафъи буҳрони амниятӣ дар Бадахшон
Image copyright
BBC World Service
Намояндагони давлат ва ҷомеъаи маданӣ дар устони Бадахшони Тоҷикистон прутукуле дар бораи фароянди ҳалли буҳрони амниятии ахир дар маркази ин вилоят имзо кардаанд.
Ҷузъиёти ин прутукул, ки рӯзи шанбеи 31 май имзо шуд, ба далели "маҳрамона" буданаш эълом нашудааст. Вале фаъъолони ҷомеъаи мадании Бадахшон мегӯянд, ки мақомот бештари тақозоҳои онон дар бораи ҳалли мусолиматомези буҳрони амниятӣ дар шаҳри Хоруғро пазируфтаанд.
Улфатхоним Мамадшоева, раиси созмони ғайридавлатии "Номус ва Инсоф", ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз нуҳ дархости онҳо ва муътаризони майдони марказии шаҳри Хоруғ, ки рӯзи 21 май дар расонаҳо мунташир шуд, намояндагони давлат ҳафт тақозоро пазируфтаанд.
"Ба президент вогузор шуд"
Ба гуфтаи ӯ, баррасии ду дархости умда "ба президент вогузор шуд", чун иҷрои онҳо ба салоҳият ва ихтиёроти раисҷумҳур марбут аст. Яке аз ин тақозоҳо барканории раисони пулиси Бадахшон ва шаҳри Хоруғ ва бознигарии фаъъолияти мақомҳои амниятӣ ва додситонии вилоят ва шаҳр аст.
Тақозои дигаре ҳам, ки ҳанӯз иҷро нашуда, худдории давлат аз муҷозоти афродест, ки "дар шароити ҳассос" сохтмонҳои давлатиро ба оташ кашиданд. Ин воқеъа пас аз тирандозии рӯзи 21 май дар маркази Хоруғ рух дод. Садҳо тан аз ҷавонони маҳаллӣ сохтмонҳои пулис, додситонӣ ва додгоҳро ба оташ кашиданд.
Аммо ба назар мерасад, ки тақозоҳои дигари фаъъолони ҷомеъаи маданӣ, аз ҷумла дар бораи ташкили ҷаласоти маҷолиси маҳаллӣ барои баррасии вазъияти Бадахшон, мушорикати ҷомеъаи маданӣ дар таҳқиқи ҳаводиси Хоруғ, фаъъолияти шаффофи кумисиюн, иттилоърасонӣ ба расонаҳо ва расиҷумҳур дар бораи натоиҷи он, пӯшиши дақиқу беғаразонаи таҳаввулоти Бадахшон зоҳиран пазируфта шудаанд.
Мақомҳои амниятӣ ва пулис ҳанӯз расман дар ин бора ибрози назаре накардаанд, вале ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, аз ҳарду тараф ҳаштнафарӣ зери ин прутукул имзо гузоштаанд.
Умдатарин афроде, ки аз тарафи давлат зери ин санад имзо гузоштаанд, Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисҷумҳур дар умури амният ва вазири дифоъи пешин, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, Суҳроб Паноев, муъовини раиси Кумитеи амнияти миллӣ, ва Шодихон Ҷамшедов, устондори Бадахшон, мебошанд.
Чаҳор тани дигар аз намояндагони давлат, ки дар имзои ин санад ширкат доштанд, иборатанд аз Фаромуз Имомбердиев, шаҳрдори Хоруғ, Холбаш Холбашев, фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ дар Бадахшон, Абдулло Навҷувонов, муъовини вазири умури дохилӣ, ва Ғарибшо Суфишоев, як масъули вазорати беҳдошт.
Ба намояндагӣ аз ҷомеъаи мадании Бадахшон Алим Шерзамонов, раҳбари бахши маҳаллии ҳизби сусиёл-демукрот, Улфатхоним Мамадшоева, раиси созмони ғайридавлатии "Номусу Инсоф", Фаромӯз Эргашев, намояндаи Анҷумани ҳуқуқдонҳои Помир ва Ёгибек Ёгибеков, намояндаи ҷомеъаи мадании ноҳияи Роштқалъа, зери ин прутукул имзо гузоштаанд.
Толиб Айёмбеков, раиси ҷамоъати "Хлебзавод", Мамадбоқир Мамадбоқиров, раиси маҳаллаи Бархоруғ, Зоир Раҷабов, раиси ҷамоъати "УПД", ва Музаффар Давлатмиров, халифа ё рӯҳонии маҳаллӣ, аз ҷумлаи афроди бонуфузи дигаре ҳастанд, ки ба намояндагӣ аз мардуми маҳаллӣ прутукулро имзо кардаанд.
'Минтақае ҳассос'
Аз ин миён, оқоён Айёмбеков ва Мамадбоқиров аз ҷумлаи чаҳор фармондеҳи бонуфузи маҳаллӣ ҳастанд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон ду сол пеш онҳоро ба иртикоби ҷароими сангин, аз ҷумла даст доштан дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши амният дар Бадахшон, муттаҳам карда буд.
Мақомҳои додситонӣ он замон эълом карданд, ки амалиёти маргбори 24 июли 2012 ба манзури боздошти ин чаҳор нафар ва ёронашон анҷом шудааст. Ин амалиёт беш аз 40 кушта аз ду тараф барҷо гузошт, вале афроди муттаҳам то кунун боздошт нашудаанд.
Ҳудуди як моҳ баъд аз он амалиёт Имомназар Имомназаров, яке аз чаҳор фармондеҳи маҳаллӣ, дар шароите машкук кушта шуд. Ёдгор Шомусалламов, фарди чаҳорум, тайи ду соли ахир камтар аз худ дарак дода, вале оқоён Айёмбеков ва Мамадбоқиров, ҳузури пурранге дар таҳаввулоти ахир доранд.
Дар даргирии мусаллаҳонаи рӯзи 21 май байни маъмурони пулис ва афроди мазнун дар қочоқи маводди мухаддир ва ҳаводиси баъд аз он дар шаҳри Хоруғ дастикам панҷ нафар кушта шуданд.
Ин даргирӣ, ки дар маҳалле пурҷамъият сурат гирифта, хашми садҳо нафар аз сокинони маҳаллиро барангехт. Муътаризон он рӯз ду худрави пулис ва сохтмонҳои идораи умури дохилӣ, додситонӣ ва додгоҳи вилояти Бадахшонро ба оташ кашиданд.
Шаби 23 ба 24 май низ инфиҷор ва тирандозие дар сохтмони бахши маҳаллии Кумитеи амнияти миллӣ дар Хоруғ рух дод, ки як кушта барҷо гузошт. Мақомот ин ҳамларо "амале теруристӣ" ва ҷавонони маҳаллиро масъули он хонданд. Аммо фаъъолони ҷомеъаи маданӣ ин иддиъоро рад кардаанд.
Вилояти худмухтори Кӯҳистони Бадахшон аз манотиқи камҷамъияту фақир, вале аз лиҳози амниятӣ ҳассоси Тоҷикистон ба шумор меояд. Ин вилоят марзи тӯлоние бо Афғонистон дорад, ки муроқибат аз он, бавижа дар баробари таҳдиди гурӯҳҳои ифротгаро ва қочоқчиёни маводди мухаддир, душвор аст.