Ҳушдори мақомҳои амниятӣ аз 'посухи сазовор ба гурӯҳҳои ҷиноӣ' дар Хоруғ

  • 24 Май, 2014
Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ Image copyright BBC World Service
Image caption Вазъияти Хоруғ ҳамчунон ноором аст

Мақомҳои амниятӣ дар устони Бадахшони Тоҷикистон бо судури баёнияе ҳушдор додаанд, ки ба ҳар гуна талоши афрод ва ё гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ барои осеб задан ба маъмурони амниятӣ ва таъсисоти давлатӣ "посухи сазовор" хоҳанд дод.

Дар баёнияи риёсати (бахши маҳаллии) Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин вилоят, ки рӯзи шанбеи 24 май мунташир шуд, инфиҷор ва тирандозии шаби гузашта дар сохтмони ин ниҳод дар шаҳри Хоруғ "амале теруристӣ" хонда шудааст.

Ин ниҳод зимни ироаи тафсилоте дар бораи ҳодисаи дишаб навиштааст, ки афроди номаълум шаби гузашта соъати 00:43 дақиқа дар ду худрав кӯшиши ҳамла ба бинои идораи амнияти вилоят карда ва як норинҷаки дастии навъи "РГД-5"-ро ба сӯйи дарвозаи ин бино андохтаанд.

Дар баёния омадааст: "Дар натиҷаи чунин амалиёти теруристӣ таркиш ба амал омад. Ҳамчунин аз яроқи (аслиҳаи) тамғаи (навъи) Калашников ба бинои маъмурии Раёсати КДАМ ҳуҷум карданӣ шуданд."

'Посухи сазовор'

Ин ниҳоди амниятии минтақа меафзояд, ки ба дунболи ин ҳамла кормандони амниятӣ "мутобиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ" ва бо ҳадафи "пешгирии талафоти ҷонии ҳайъати шахсӣ ва муҳофизат аз объекти (таъсисоти) махсусан муҳимми давлатӣ" аз аслиҳаи гарм истифода кардааст.

Дар натиҷаи даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва афроди муҳоҷим яке аз ин афрод, ки Азаммат Паллаев, мутаваллиди соли 1994 муъаррифӣ шуда, дар маҳалли ҳодиса кушта шудаст. Ду тани дигар аз ин афрод ба номҳои Аслишоҳ Ноёбшоев, мутаваллиди соли 1986, ва Наврӯз Айдарбеков, мутаваллиди соли 1997 бо ҷароҳоти сангин ба бемористон мунтайқил шудаанд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Рӯзи 21 май ҷавонони маҳаллӣ чанде аз сохтмонҳои давлатиро дар Хоруғ ба оташ кашиданд

Манобеъи амниятӣ мегӯянд, ки дар маҳалли тирандозӣ ва инфиҷор таракаҳое аз норинҷаки мунфаҷиршуда, теъдоди зиёде тир барои туфанги Колошникуф ва як тапончаи Мокоруф кашф шудааст.

Дар вокуниш ба ин ҳодиса идораи амнияти вилоят навиштааст: "Ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна иғвоангезӣ ва эҷоди беэътимодӣ байни намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз сокинони шаҳри Хоруғ қотеъона талаб карда мешавад, ки оромию эътидолро нигоҳ дошта, аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонуние, ки ба амният ва сулҳу сабот таҳдид ворид месозанд, ҷиддан худдорӣ намоянд."

Дар баёнияи ин ниҳод ҳамчунин омадааст: "Риёсати Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон бо қотеъияти том изҳор медорад: Ба тамоми кӯшишҳои ашхос ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки бо ҳадафи зарар расондан ба кормандони КДАМ, шахс, ҷамъият ва таъсисоти муҳимми давлатӣ равона карда мешаванд, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, посухи сазовор дода мешавад."

'Иқдоме таҳрикомез'

Дар ҳамин ҳол, раҳбарони муътаризоне, ки чаҳор рӯз боз дар майдони марказии шаҳри Хоруғ таҷаммуъ кардаанд, муътақиданд, ки ҳамлаи шаби гузашта ба сохтмони идораи амният иқдоме таҳрикомез ва аз қабл барномарезишуда аст.

Алим Шерзамонов, раҳбари бахши маҳаллии ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот, ки гуфта мешавад раҳбарии муътаризонро ба уҳда гирифтааст, мегӯяд онҳое, ки мақомот дар ҳамлаи шаби гузашта ба идораи амнияти вилоят мазнун медонанд, дарвоқеъ афроди бегуноҳанд.

Вай дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Ин афрод ҳатто дар миёни муътаризон набуданд. Онҳо сокинони одии шаҳри Хоруғ ҳастанд, ки замони ҳамла ба ҳукми тасодуф дар наздикии сохтмони идораи амният буданд."

"Тасовири сабтшуда аз дурбин нишон медиҳад, ки фарде норинҷакро (ба сӯи бино) андохта, тирандозӣ мекунад. Баъд аз ҳамла вай ба сохтмони идора паноҳ мебарад. Агар таҳқиқи мунсифона ва бетарафонае анҷом шавад, ҳатман собит хоҳад шуд, ки ин бачаҳо ҳеч рабте ба ин ҳамла надоранд."

Оқои Шерзамонов афзуд: "Тарроҳи ин ҳамла интизор дошта, ки мардум аз майдон ба сӯи сохтмони идораи амният, ҷои вуқӯъи инфиҷор, бидиванд. Дар он ҷо тирандозӣ ва беназмӣ шаваду талафоте барҷой гузорад. Ва дар натиҷа, тазоҳуроти мусолиматомез ба ваҳшат бадал шавад."

Субҳи имрӯз манобеъи маҳаллӣ дар шаҳри Хоруғ хабар доданд, ки дар асари даргирии шаби гузашта дастикам як нафар кушта шудааст. Ин даргирӣ муддате баъд аз даргузашти асроромези Фрайдун Абдурасулов, яке аз захмиёни тирандозии рӯзи 21 май, дар бемористони шаҳри Хоруғ, рӯй додааст.

Оқои Абдурасулов, ки бо ҳамроҳонаш аз сӯйи мақомот ба қочоқи маводди мухаддир мутаҳам шуда буд, дар шароите машкук дар бемористони шаҳри Хоруғ даргузаштааст. Мақомот тарафдорони ӯро дар ҳамлаи шаби гузашта ба идораи амният дар Хоруғ манзуз донистаанд.

Зимнан, гузоришҳои расида аз Бадахшон ҳокист, ки гирдиҳамоии шуморе аз сокинон дар майдони марказии шаҳри Хоруғ ҳамчунон идома дорад. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки ин афрод субҳ мунтазири таҳвили ҷанозаи Фрайдун Абдурасулов ба пайвандонаш буданд.

Чиро Хайруллоев?

Аз сӯйи дигар, рӯзи шанбе теъдоде аз атбоъи тоҷик дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, дар рӯбарӯи сафорати Тоҷикистон дар он кишвар таҷаммуъ карда ва аз мақомоти тоҷик хостори поён додан ба хушунат дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон шудаанд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Бархе аз мардуми маҳаллӣ нисбат ба интисоби оқои Хайруллоев ба риёсати кумисиюни вижа барои таҳқиқи ҳаводиси Хоруғ ибрози инзиҷор кардаанд

Гуфта мешавад, бештари ин афрод ҷавонони зодаи Бадахшон будаанд, ки шиъорҳое дар ҳимоят аз "ваҳдати Тоҷикистон" ҳамл мекарданд ва дархостномае ба Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирқизистон, таҳвил додаанд, ки дар он аз вазъияти Бадахшон ибрози нигаронӣ шудааст.

Дар ин санад бавижа аз интисоби Шеръалӣ Хайруллоев, ёвари раисҷумҳур ва вазири дифоъи пешин, ба риёсати кумисиюни вижа барои таҳқиқи нооромиҳои ахир дар Хоруғ, ибрози инзиҷор шудааст. Оқои Хайруллоев фармондеҳии амалиёти маргбор дар 24 июли 2012 дар ин шаҳрро ба уҳда дошт,

Ҳамзамон, чанд ниҳоди иҷтимоъӣ ва ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла Шӯро куҳансолони Бадахшон, бо пахши баёнияҳое ҷудогона ҷавонони муътариз дар маркази устони Бадахшонро ба хештандорӣ фаро хондаанд. Дар баёнияи ин созмон омада, ки афроди "ҷудоихоҳ ва тангназар" мехоҳанд бо истифода аз ҷавонони маҳаллӣ дар Бадахшон ва бо ба ҳам задани сабот ба "манфиъатҳои нопоки" хеш бирасанд.

Созмони маҳаллии ҳизби ҳокими халқи демукрот, низ бо пахши баёнияе нооромиҳои ахир дар Хоруғро ҳосили "бархӯрди манфиъатҳои" давлатҳои абарқудрат хондааст. Ин ҳизб аз мардуми маҳаллӣ хостааст, ки "фирефтаи ҳидоятҳои авомфиребонаи доираҳои ғаразноки дохилию хориҷӣ" нашаванд ва "нангу номуси ватандории худро аз ҳамаи манфиъатҳо" болотар нигоҳ доранд.

Рӯзе қабл шуморе аз муътаризон ва фаъъолони ҷомеъаи маданӣ дар Бадахшон бо интишори баёнияе хоста буданд, ки омилони нооромии рӯзи 21 май кашф ва муҷозот шаванд. Онҳо ҳамчунин истифода аз аслиҳа дар маҳалле пурҷамъият аз сӯйи маъмурони пулисро маҳкум карда ва хостори барканории ҳамаи мақомоти интизомию амниятӣ дар минтақа шуда буданд.

Дар вокуниш ба норомиҳои тайи рӯзҳои ахир дар вилояти худмухтори Кӯҳистони Бадахшон давлати Тоҷикистон кумисиюни вижае ба раҳбарии Шеръалӣ Хайрулоев, ёвари раисҷумҳур дар масоили амниятӣ ва вазири дифоъи пешин, таъсис дода ва ба шаҳри Хоруғ эъзом кардааст.

Матолиби муртабит