Идомаи тазоҳуроти сокинони шаҳри Хоруғ

  • 23 Май, 2014
Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ Image copyright BBC World Service
Image caption Ба гуфтаи як шоҳид дар майдони шаҳри Хоруғ хаймаҳо низ ба чашм мехӯранд

Гузоришҳои расида аз шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ҳокист, ки гирдиҳамоии иддае аз сокинони ин шаҳр дар майдони марказии он ҳамчунон идома дорад.

Як сокини ҷавони ин шаҳр, ки дар ин майдон қарор дорад, рӯзи ҷумаъи 23 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки шаби гузашта тазоҳуркунандагон дар ин майдон хаймаҳоеро низ насб кардаанд.

Ба гуфтаи ин ҷавон, тазоҳуркунандагон хостори муҷозоти афроди муқассир дар тирандозии ду рӯз қабл шудаанд. Дар ғайри ин сурат, онҳо ба эътирозоти худ идома хоҳанд дод.

Аз сӯйи дигар, гуфта мешавад, ки иддае аз ҷавонони дигар аз ҷумлаи сокинони навоҳии ҳумаи шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшон, ба тазоҳуркунандагон пайвастаанд.

Ба гуфтаи як хабарнигори маҳаллӣ дар шаҳри Хоруғ, иддае аз занони фаъъоли шаҳри Хоруғ аз тазоҳуркунандагон, ки умдатан ҷавонон ҳастанд, хостаанд, ки ба тазоҳурот хотима диҳанд.

Аммо тазоҳуркунандагон ин дархостро нодида гирифта ва ба таҷаммуъи худ идома медиҳанд.

Талоши мо барои суҳбат бо мақомоти вилояти Бадахшон бенатиҷа анҷом ёфт, зеро ба гуфтаи як корманди ҳукумат тамоми раҳбарон дар ҷаласае, ки ба вазъи ахири шаҳри Хоруғ ихтисос дошта, ширкат доштаанд.

Тазоҳуроти ҷавонони шаҳри Хоруғ дар майдони шаҳр дар пайи нооромиҳои рӯзи чаҳоршанбеи 21 май дар ин шаҳр оғоз шуд.

Ин нооромиҳо, ки тирандозиро дар пай дошт, се кушта, аз ҷумла як корманди пулис ва панҷ захмӣ барҷо гузоштааст. Яке аз дархостҳои тазоҳургарон муҷозоти кормандони интизомие будааст, ки амалиёти ҳамроҳ бо тирандозии дирӯзро дар маҳалле пурҷамъият анҷом додаанд.

Ҳарчанд бисёре аз мардуми маҳаллӣ кормандони пулисро ба тирандозӣ ба сӯи як худрав ва кушта шудани ду нафар муттаҳам мекунанд, аммо бар асоси иттилоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, тирандозии рӯзи 21 май аз сӯйи афроди муттаҳам ба қочоқи маводди мухаддир оғоз шудааст.

Ин вазорат субҳи рӯзи панҷшанбе бо пахши иттилоъияе хабар дод, ки дар асари муқовимат ва тирандозии Мунаввар Шанбиев ва ҳамроҳонаш ба сӯи кормандони пулис, чаҳор нафар аз маъмурони пулис захмӣ шуда ва "бинобар ҳамин, кормандони милитсия (пулис) аз яроқ (аслиҳа) оташ мекушоянд."

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз сокинони шаҳри Хоруғ ва вилояти Бадахшон мегӯянд, ки аз эъзоми нерӯҳои низомӣ ва интизомии бештар ба вилоят ва вахим шудани вазъи ин минтақа нигарон ҳастанд.

Аммо як манбаъ аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки нерӯҳои изофии интизомӣ аз марказ ба вилояти Бадахшон фиристода нашуда ва дар оянда низ эъзом нахоҳанд шуд.

Нооромиҳои се рӯзи ахир дар вилояти Бадахшон мунҷар ба ин шудааст, ки Вивиен Истерн (Vivien Stern), узви Маҷлиси Аъёни порлумони Бритониё, ки аз дирӯз дар Тоҷикистон ба сар мебарад, сафари барномарезишудаи худ ба шаҳри Хоруғро лағв кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунисти Тоҷикистон, мегӯяд дар шароите ки Толибон дар ноҳияи Юмгони Афғонистон қарор доранд ва ин шаҳр ба Хоруғ наздик аст, идомаи нооромиҳо дар Бадахшони Тоҷикистон ба суди мардуми ин минтақа нахоҳад буд.

Вай дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Ҳоло дар Бадахшон истифода аз нерӯи низомӣ барои рафъи нооромӣ набояд сурат бигирад. Ҳамчунин, барои мубориза бо қочоқчиёни маводди мухаддир низ аз аслиҳа набояд истифода шавад. Дар даврони Шӯравӣ низ бо қочоқчиёни ин мавод мубориза мекарданд, аммо ҳеҷ гоҳ чунин амалиёт мӯҷиби марги сокинони ғайринизомӣ намешуд."

Оқои Шабдолов мегӯяд, ки барои роҳ надодан ба чунин нооромиҳо давлати Тоҷикистон бояд барномаҳоеро барои рафъи мушкилоти зиёде, ки мардум ба он дар вилояти Бадахшон мувоҷеҳанд, роҳандозӣ кунад. Ӯ мегӯяд, ки яке аз мушкилоти мавҷуд дар миёни ҷавонон дар Бадахшон бекорӣ аст.

Ҳамчунин оқои Шабдолов гуфт: "Ман ошкоро мегӯям, ки наҳваи муборизаи давлат, ки дар водии Рашт, вилоятҳои Суғд ва Кӯлоб аз он истифода шуд, дар вилояти Бадахшон қобили қабул нахоҳад буд."

Ба гуфтаи ӯ, Бадахшон ҳамеша минтақаи мавриди таваҷҷуҳи жеупултикии кишварҳои бузург аст.

Матолиби муртабит