Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ ва дархости фаъъолони ҷомеъаи маданӣ
Image copyright
BBC World Service
Ба дунболи нооромиҳои рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Хоруғ, маркази устони кӯҳистонии Бадахшон, шуморе аз сокинон имрӯз дар майдони марказии ин шаҳр таҷаммуъ кардаанд.
Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, мардуми ҷамъомада дар Хоруғ хостори муҷозоти омилони нооромиҳои рӯзи гузашта дар ин шаҳр шудаанд, ки дастикам се кушта ва панҷ захмӣ барҷо гузоштааст.
Аз сӯйи дигар, шуморе аз ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ дар шаҳри Хоруғ бо интишори баёнияе хостори барканории мақомҳои устондорӣ ва кормандони интизомию амниятии вилояти Бадахшон шудаанд.
Шумори афроди гирдиҳамомада дар майдони марказии Хоруғ рӯшан нест, вале шоҳидони айнӣ теъдоди онҳоро аз даҳҳо то садҳо нафар хонда ва мегӯянд, ки бештари онҳо ҷавонон ҳастанд. Яке аз дархостҳои аслии онҳо муҷозоти кормандони интизомие будааст, ки амалиёти ҳамроҳ бо тирандозии дирӯзро дар маҳалле пурҷамъият анҷом додаанд.
Дар ҳоле ки бисёре аз мардуми маҳаллӣ кормандони пулисро ба тирандозӣ ба сӯи як худрав ва кушта шудани ду нафар мутаҳам мекунанд, бар асоси иттилоъи Вазорати кишвари Тоҷикистон, тирандозии дирӯз аз сӯйи афроди муттаҳам ба қочоқи маводди мухаддир шурӯъ шудааст.
Ин вазорат субҳи рӯзи панҷшанбе бо пахши иттилоъияе хабар дод, ки дар асари муқовимат ва тирандозии Мунаввар Шанбиев ва ҳамроҳонаш ба сӯи кормандони пулис, чаҳор нафар аз маъмурони пулис захмӣ шуда ва "бинобар ҳамин, кормандони милитсия (пулис) аз яроқ (аслиҳа) оташ мекушоянд."
Дар ин даргирӣ чаҳор корманди пулис захмӣ ва яке аз ҳамроҳони оқои Шанбиев кушта шудааст. Худи ӯ низ бо як нафари дигар аз ҳамроҳонаш бо ҷароҳоти сангин ба бемористон мунтақил шудааст. Яке аз маъмурони захмишудаи пулис дертар дар бемористон ҷони худро аз даст додааст.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар пайи ин ҳодиса шумори зиёде аз ҷавонони маҳаллӣ дар маҳал ҷамъ шуда, ду мошини пулис ва сохтмонҳои шуъбаи пулис, додситонӣ ва додгоҳи вилояти Бадахшонро ба оташ кашидаанд. Дар ҷараёни ин ҳаводис як коромӯзи шуъбаи пулис низ кушта шудааст.
Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, "хонаи дутабақаи" як мақоми пулиси маҳаллӣ низ аз сӯйи ҷавонони муътариз дар Хоруғ ба оташ кашида шудааст, ҳарчанд Би-би-сӣ ин хабарро наметавонад ба таври мустақил таъйид кунад.
Баёнияи фаъъолони ҷомеъаи маданӣ
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳе аз фаъъолони ҷомеъаи маданӣ дар Бадахшон бо интишори баёнияе аз вазъи амниятӣ дар маркази ин вилоят ибрози нигаронӣ карда ва хостори ҷилавгирӣ аз афзоиши таниш шудаанд.
Дар ин баёния омадааст: "Ҳаводиси маргбори рӯзи 21 май дар Хоруғ як иқдоми аз қабл тарроҳишудаи ниҳодҳои интизомӣ барои фишор бар мардуми Бадахшон бо ҳадафи нишон додани нофармонии доимии бархе аз ақшори ҷомеъаи вилоят ба ҳукумати марказӣ, ва эҷоди фазои тарсу бим, таслим ва итоъати кӯркӯрона ба зӯр, ва на ба ақли салим, адл ва инсоф барои ҳамзистии давлат ва ҷомеъаи маданист."
Муаллифони ин баёния дар ҳоли таъкид ба ҳамбастагии комил бо "бародаронамон дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон, ҳамчун ҷузъи воҳид ва ҷудоинопазири ватанамон Тоҷикистон" хостори таъсиси кумисиюне муштарак аз намояндагони давлат ва ҷомеъаи маданӣ барои таҳқиқи ҳаводиси дирӯз шудаанд.
Онҳо ҳамчунин хостаанд, ки ин кумисиюн амалиёти маргбори 24 июли соли 2012 дар Хоруғ ва ҳодисаеро низ, ки ҳудуди як моҳ қабл дар ноҳияи Рӯшон иттифоқ уфтод, ба таври мустақиллона таҳқиқ кунад ва барои ҷилавгирӣ аз вуқӯъи ҳаводисе мушобеҳ дар оянда тадобире бияндешад.
Яке дигар аз тақозоҳои онон баргузории ҷаласоти изтирории маҷолиси маҳаллии вилояти Бадахшон ва шаҳри Хоруғ "бо ширкати густардаи намояндагони ҷомеъаи маданӣ" барои баррасии вазъият дар ин вилоят дар иртибот бо истифода аз силоҳ дар маҳалле пурҷамъият дар ин шаҳр аст.
Муаллифони ин баёния ҳамчунин хостори барканории "ҳамаи кормандони" ҳукумати вилоят ва ниҳодҳои амниятию интизомии вилоят ва шаҳри Хоруғ шудаанд, ки "дар бораи амалиёт аз қабл медонистанд, вале ҳеч гуна тадобири эманиро барои тахлияи мардум аз маркази шаҳри Хоруғ" анҷом надодаанд.
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки давлат бояд бозпарварии ширкатунандагони рӯйдодҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ва кумак ба хонаводаҳои осебдида дар он ҳаводисро таъмин кунад ва ҳамчунин зиндониёни сиёсиро озод созад.