Тирандозӣ ва инфиҷор дар Хоруғ 'кушта ва захмиҳое бар ҷо гузошт'

  • 24 Май, 2014
Гирдиҳамоӣ дар Хоруғ Image copyright BBC World Service
Image caption Вазъияти Хоруғ ҳамчунон ноором аст

Шаби гузашта тирандозӣ ва инфиҷоре дар сохтмони идораи амният дар шаҳри Хоруғ рух дода ва ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, дастикам як нафар дар ин ҳодиса кушта шудааст.

Аз сӯи дигар, Фрайдун Абдурасулов, яке аз захмиёни тирандозии рӯзи 21 май, ки аз сӯйи мақомот ба қочоқи маводди мухаддир мутаҳам шуда буд, дар шароите машкук дар бемористони шаҳри Хоруғ даргузаштааст.

Як сокини шаҳри Хоруғ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки садои инфиҷор ва тирандозӣ дар назди сохтмони шуъбаи амнияти вилояти Бадахшон ҳаволии соъати як ба вақти маҳаллӣ ва соъоте пас аз марги Фрайдун Абдурасулов шунида шудааст.

Вай афзуд, ки дар ин ҳодиса як ҷавони 21-сола кушта шуда, вале касе аз нерӯҳои амниятӣ осеб надидааст. Манобеъи расмӣ хабар додаанд, ки дар тирандозии шаби гузашта ду нафар захмӣ шудаанд.

Зимнан, гузоришҳои расида аз Бадахшон ҳокист, ки гирдиҳамоии шуморе аз сокинон дар майдони марказии шаҳри Хоруғ ҳамчунон идома дорад. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки ин афрод аз субҳ мунтазири таҳвили ҷанозаи Фрайдун Абдурасулов ба пайвандонаш ҳастанд.

Пештар шуморе аз муътаризон ва фаъъолони ҷомеъаи маданӣ бо интишори баёнияе хоста буданд, ки омилони нооромии рӯзи 21 май кашф ва муҷозот шаванд.

Онҳо ҳамчунин истифода аз аслиҳа дар маҳалле пурҷамъият аз сӯйи маъмурони пулисро маҳкум карда ва хостори барканории ҳамаи мақомоти интизомию амниятӣ дар минтақа шуда буданд.

Дар вокуниш ба норомиҳои тайи рӯзҳои ахир дар вилояти худмухтори Кӯҳистони Бадахшон давлати Тоҷикистон кумисиюни вижае ба раҳбарии Шеръалӣ Хайрулоев, ёвари раисҷумҳур дар масоили амниятӣ ва вазири дифоъи пешин, таъсис дода ва ба шаҳри Хоруғ эъзом кардааст.

Манобеъи расмӣ гуфтаанд, ки аъзои ин кумисиюн бо мардуми гирдиҳамомада дар майдони марказии Хоруғ музокира мекунанд ва таҳқиқи ҳаводиси рӯзи 21 май идома дорад.

Дар асари даргирии нерӯҳои пулис бо афроди мазнун дар қочоқи маводди мухаддир, ки рӯзи 21 май дар яке аз маҳаллоти марказии шаҳри Хоруғ рӯй дод, дастикам як нафар кушта ва шаш нафари дигар, аз ҷумла чаҳор корманди пулис, захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ба дунболи ин ҳодиса издиҳоми бузурге аз ҷавонони маҳаллӣ ду худрави пулис ва сохтмонҳои пулис, додситонӣ ва додгоҳро ба оташ кашиданд. Дар ҷараёни ин ҳаводис як коромӯзи шуъбаи пулис низ кушта шудааст.

Баъдан гузориш шуд, ки ду нафар аз афроди захмӣ дар бемористон, аз ҷумла як корманди пулис, ҷони худро аз даст додаанд. Фрайдун Абдурасулов низ аз ҷумлаи афродест, ки дар бемористон ҷони худро аз даст медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар нооромиҳои ахир дар Хоруғ дастикам панҷ нафар кушта шудаанд.

Матолиби муртабит