"Ҳамасола 500 зан ба саратони сина ва гарданаи раҳим гирифтор мешаванд"

  • 27 Август, 2013
Ҳамоиши беҳдошти занон
Image caption Дар ин нишаст саратоншиносон аз сартосари Тоҷикистон ширкат доштанд

Дар Тоҷикистон ҳамасола беш аз 500 зани гирифтори саратони пистон ва гарданаки раҳим (бачадон) расман сабти ном мешаванд.

Аз ин шумора 300 нафар занон гирифтори бемории саратони сина буда ва 200 нафари дигар ба саратони гарданаи раҳим мубтало будаанд.

Дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши омӯзишии зери унвони "Саломати занон: Мубориза бо саратони сина ва гарданаи раҳим" гуфта шуд, ки 60 дарсад аз занон ва духтарони мубтало ба саратони сина ва гарданаи раҳим танҳо дар марҳаллаи севвум ва чаҳоруми ин беморӣ ба пизишкон муроҷеъат мекунанд.

Саида Ҷобирова, муъовинин вазири беҳдошти Тоҷикистон дар суханронии худ дар ин нишаст гуфт, ки беш аз 65 дарсади занон ва духтарони мубтало ба саратон дар манотиқи рустоӣ ба сар мебаранд. Хонум Ҷобирова пружаи истротежики давлат барои солҳои 2010 то 2020-ро барои беҳбудии вазъи хадамоти беҳдоштӣ ба сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла бемориҳои саратон муҳим хонд.

Мижгона, исми мустаъори як зани ҷавоне аст, ки ҳамагӣ 30 сол дошт ва пизишкон баъд аз ташхис дар бадани ӯ нишонаи саратони синаро пайдо карданд.

Пизишкони амрози саратон ӯро амали ҷарроҳӣ карда ва синаи дардмандашро буриданд ва Мижгона баъди ин амали ҷарроҳӣ ҳудуди ҳашт сол бо саратони сина мубориза бурд, вале оқибат аз ин беморӣ ҷони худро аз даст дод.

Пайвандони Мижгона мегӯянд, ки бо вуҷуди он ки вай дар яке аз кишварҳои хориҷӣ мудово шуд ва як муддате низ дармони шимиёиро гирифт, аммо онҳо натавонистанд ҷони ӯро наҷот диҳанд.

Дар семинори рӯзи сешанбеи 27 август, мушкили заноне мисли Мижгона матраҳ шуд ва ҳадаф аз ин нишаст тақвияти мубориза бо саратони сина ва гарданаи раҳим дар Тоҷикистон буд. Мутахассисон дар ҷараёни ҳамоиш таъкид карданд, ки наҷоти занон ва духтарони мабтало ба саратони сина ва гарданаи раҳим ба кашфи бамавриди ин беморӣ дар бадани онҳо бастагӣ дорад.

Image caption Хонуми Худоёрова гуфт, ки дар Бадахшон ниёз ба мутахассисони силулшинос мавҷуд будааст

Аз ин рӯ мутахассисони арсаи беҳдошт ва саратоншиносон таъсиси марокизи вижаи ҷамъоварии иттилоъот дар мавриди вазъи саломати занон ва духтарон дар манотиқи муталифи Тоҷикистонро барои кашфи бамавриди ин беморӣ дар бадани инсон муҳим медонанд.

Аммо Дилшод Зикриёхоҷаев, саратоншиноси саршинос дар Тоҷикистон мегӯяд, ки барои таъсиси чунин марокиз дар Тоҷикистон ниёз ба сармояи ҳангуфте аст.

Оқои Зикриёхоҷаев, ки рӯзи сешанбеи 27 август дар аввалин рӯзи кори семенори омӯзишӣ ширкат дошт, афзуд: "Дар Тоҷикистон ҳудуди 10 зан аз миёни сад ҳазор зан ҳамасаола ба саратони сина гирифтор мешаванд."

Ба ақидаи ин саратоншинос, арсаи беҳдошти Тоҷикистон ба мутахассисони бештаре дар арсаи табобат ва пешгирӣ аз ибтило ба саратони сина ва гарданаи раҳим ниёз доштааст. Зеро ӯ афзуд, ки пешгирии ин беморӣ аз мудовои он барои занон муассиртар будааст.

Оқои Зикриёхоҷаев мегӯяд: "Ҳарчанд вазорати тандурустӣ барои мубориза бо саратон иқдомотеро иттихоз карда, вале мо бояд бештар барои пешгирии ин беморӣ дар миёни занон ва духтарон тадобири заруриро ба харҷ диҳем. Барои табобат ва пешгирии ин беморӣ дар кишвар марокизи вижаи сабти саратон ё ба истилоҳи русӣ "Раковые регистры" зарур аст, ки мо ин марокизро дар ихтиёр надорем."

Вай афзуд, ки чунин марокиз, ки дар сатҳи минтақавӣ, яъне навоҳӣ, вилоёт ва шаҳрӣ таъсис меёбанд, иттилоъоти заруриро дар бораи занон ва духтарони ин манотиқ ва вазъи саломати онҳо ҷамъоварӣ хоҳанд кард. Ин саратоншинос мегӯяд, ки чунин марокиз то ҳол дар бисёре аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон вуҷуд надоранд.

Оқои Зикриёхоҷаев ҳамкориҳои пизишкони саратоншиноси тоҷикро бо Пажӯҳишгоҳи миллии саратони Омрико барои мубориза бо саратони сина ва гарданаи раҳим дар Тоҷикистон муҳимм медонад.

Дар семинори омӯзишии арсаи беҳдошт, ки зери унвони "Саломати занон: Мубориза бо саратони сина ва гарданаи раҳим" ном дошт, мутахассисони амрози занон ва пизишкони мудовои саратон аз сартосари кишвар ширкат доштанд.

Image caption Оқои Зикриёхоҷаев ҳамкориҳои пизишкони саратоншиноси тоҷикро бо кормандони Пажӯҳишгоҳи миллии саратони Омрико муҳимм хонд

Ин нишаст ба ибтикори созмони ғайридавлатии мавсум ба "Авасто" дар пуштибонӣ аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон доир мешавад ва аз ин ҳамоиш сафорати Омрико дар Тоҷикистон ҳимояти молӣ кардааст.

Душвориҳои зиндагии иҷтимоъӣ ва беҳдошти занон

Фирӯза Абдуллоева, раиси ин созмон мегӯяд, ки ҳадаф аз баргузор кардани ин ҳамоиши серӯза ва ҷалби мутахассисони арсаи беҳдошт дар пайдо кардани роҳҳои беҳбуд бахшидан ба кашф, табобат ва бозпарварии занон ва духтарони мубтало ба бемории саратони сина ва гарданаи раҳим аст.

Хонуми Абдуллоева афзуд: "Ҳамчунин ке аз масоили муҳими матруҳа дар ин нишаст, ҷустуҷӯйи роҳҳо барои кумак ба заноне ҳаст, ки дар марҳаллаи охирини зиндагӣ қарор доранд. Дар ин замина мо дар ҳамоиш аз таҷрибаи кишваҳои пешрафтаи ҷаҳон истифода хоҳем кард."

Аммо хонуми Абдуллоева мегӯяд, ки муроҷеъаи бамаврид ба пизишкон барои мудовои бемориҳои саратон кумаки созанда мекунад.

Барои ширкат дар семинори имрӯз иддае аз пизишкон аз вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд, ки Давлатсултон Мамадназарова, пизишки саратоншинос яке аз онҳо буд.

Хонум Мамадназарова мегӯяд, ки занон ва духтарон ба сабаби гирифторӣ дар фаъъолиятҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорату кор дар муассисоти дигар ба вазъи саломати худ эътибор намедиҳанд.

Вай афзуд: "Аз ҷумла бисёре аз занон барои тадовӣ ва ташхис ба назди пизишкони саратоншинос намеоянд ва ба пизишкони дигар, аз ҷумла табибони хонавода муроҷеъат мекунад. Ин омил мунҷар ба дер шудани табобати беморӣ мешавад."

Image caption Хонуми Абдуллоева мегӯяд, ки муроҷеъаи бамаврид ба пизишкон барои мудовои бемориҳои саратон кумаки созанда мекунад

Хонум Мамадназарова мегӯяд, ки яке аз мушкилоти дигари саратоншиносон дар Бадахшон адами лобротуори силулӣ (цитологическая лаборатория) вуҷуд надорад, ки ташхиси озмоишии беморонро ба дарозо мекашад.”

Ҷамила Худоёрова, раиси маркази саратоншиносии вилояти Бадахшон дар тақвияти суханони ҳамтои худ мегӯяд: "Ҳамчунин мо мутахассиси таҳлилгари озмоишҳои беморонро надорем ва набудани саратоншиносон дар навоҳии мухталифи вилоят низ мунҷар ба афзоиши шумори занон ва духтарони мубтало ба саратон мешавад."

Хонуми Худоёрова мегӯяд, ки аксари донишҷӯёни донишгоҳи пизишкӣ аз Бадахшон барои кор ба вилоят бознамегарданд ва фаъъолиятро дар шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ ихтиёр мекунанд.

Ҳамчунин пизишкони вилояти Бадахшон мегӯянд, ки маъоши пизишкони собиқадор дар ин вилоят ҳудуди 100 дулор буда ва ба ин сабаб бисёре аз кормандони ин арса барои пайдо кардани фаъъолиятҳои корӣ ба Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла Русия ва Афғонистон мераванд.

Дар нишаст замони пахши омор дар мавриди бемориҳои саратони занон гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон саратони синна дар миёни занон дар мавқеъи аввалро бо беш аз 23 дарсад ба худ ихтисос медиҳад ва беш аз 15 дарсади занон ба саратони рӯда гирифтор будаанд. Ҳамчунин 8 дарсади занон дар Тоҷикистон аз саратони гарданаи раҳим ранҷ мебаранд.

Дар рӯзи аввали ҳамоиши "Саломати занон: Мубориза бо саратони сина ва гарданаи раҳим" зимни пахши гузориш дар мавриди мизони маргу мир аз бемориҳои мухталиф, аз ҷумла саратон дар кишварҳои ҷаҳон гуфта шуд, ки 90 дарсади мизони маргу мир аз саратон дар кишварҳои камдаромади ҷаҳон будааст.

Матолиби муртабит