Наҷоти кӯдакон: "Тоҷикистон бадтарин кишвари минтақа барои зоймон"
Save the children ё созмони "Наҷоти кӯдакон" дар гузориши ҷадиди “Вазъияи модарон дар ҷаҳон” Тоҷикистонро дар заминаи мизони маргу мири модар ва кӯдак дар зинаи 124 қарор додааст.
Коршиносони созмони "Наҷоти кӯдакон" натиҷагирӣ кардаанд, ки дар Тоҷикистон дар соли 2011 мизони маргу мири кӯдакони навзод баробар бо 63 марг ба ҳар як ҳазор таваллуди зинда будааст.
Ин дар ҳолест, ки омори коршиносони дохилӣ дар ин замина мутафовит будааст. Ожонсии давлатии омори Тоҷикистон дар моҳи гузашта зимни интишори натоиҷи муқаддамотии таҳқиқоти мавсум ба "Баррасии демугрофӣ ва беҳдошти Тоҷикистон" аз коҳиши мизони маргу мири кӯдакони навзод ва кӯдакони зери синни панҷсола хабар дода буд.
Бар асоси ин таҳқиқот, ки дар соли 2012 дар Тоҷикистон анҷом шуда, мизони маргу мири кӯдакони навзод дар ин кишвар баробар бо 19 марг ба ба ҳар як ҳазор таваллуди зинда будааст.
Бо ин ҳол бино ба таҳқиқи Наҷоти кӯдакон, вазъи Тоҷикистон дар заминаи зоймон дар миёни кишварҳои минтақа пас аз Афғонистон бадтарин будааст.
Тоҷикистон дар арзёбии ин созмон дар канори кишварҳои қораи Африқо, аз ҷумла Бутан, Ангола ва Синегал қарор дорад.
Наҷоти кӯдакон дар маҷмӯъ вазъияти зоймон дар 176 кишвари ҷаҳонро арзёбӣ кардааст. Туркманистон дар феҳристи вазъи маргу мири кӯдакони навзод дар зинаи 99 ва Узбакистон дар зинаи 105 қарор дошта ва Қирғизистон як зина аз Узбакистон болотар будааст.
Тибқи ин пажуҳиш кишварҳои беҳтарин барои зоймон дар ҷаҳон Филонд, Суид, Норвеж ва Ислонд хонда мешаванд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки ҳамасола беш аз 350 ҳазор зан дар ҷаҳон дар ҷараёни бордорӣ ё зоймон ҷонҳои худро аз даст медиҳанд. Дар ин гузориш мехонем, ки ҳамасола беш аз як милюн нафар аз кӯдакони зери як моҳа ҷонҳои худро аз даст дода ва беш аз ду милюну 600 ҳазор навзод мурда таваллуд мешаванд.