Барои аввалин бор зане бо раҳими пайвандӣ бордор шуд
Мақомоти бемористоне дар ҷануби Туркия гуфтаанд зане, ки барои аввалин бор муваффақ ба дарёфти раҳими пайвандӣ аз як эҳдокунанда шуда буд, ҳамакнун бордор аст.
Дарё Сират, 22-сола, бидуни раҳим (бачадон) мутаваллид шуда буд ва пизишкон ду сол пеш раҳими як зани мурдаро ба бадани ӯ пайванд заданд.
Пизишкон ҳамакнун эълом кардаанд, ки дар пайи интиқоли ҷанин ба раҳими ин зан, ки аз роҳи Ой-Вӣ-Эф (IVF) ё лиқоҳи маснуъӣ ташкил шуда буд, ӯ наздик ба ду ҳафта бордор аст.
Дар равиши Ой-Вӣ-Эф (IVF) ё лиқоҳи маснуъӣ селули тухмаки болиғ аз зан гирифта мешавад ва бо исперми мард дар хориҷ аз бадан лиқоҳ меёбад, он гоҳ ҷанини ҳосил барои идомаи бордории табиъӣ дар раҳими зан кошта мешавад.
Ба гуфтаи пизишкон дар сурате, ки даврони ҳомилагии Дарё Сират босаломат идома ёбад ва навзоде мутаваллид шавад, ин аввалин бор дар таърихи илми пизишкӣ хоҳад буд, ки навзоде аз як раҳими пайвандӣ мутаваллид мешавад.
Аз ҳар 5000 зан як нафар дар ҷаҳон бидуни раҳим мутаваллид мешавад.