'Илова бар Ҳизбуллоҳ иттилоъоте аз ҳузури эрониён дар ҳамлаи Қусайр ҳаст'
Фармондеҳи "Артиши озоди Сурия", умдатарин эътилофи мухолифони мусаллаҳи ин кишвар, дар мусоҳибае бо Би-би-сӣ Ҳизбуллоҳи Лубнонро ба "таҷовуз" ба Сурия муттаҳам кардааст.
Женерол Салим Идрис гуфт, ки беш аз ҳафт ҳазор ҷангҷӯйи ин гурӯҳи шиъа дар ҳамалот ба шаҳри Қусайр, ки дар кунтрули мухолифон аст, ширкат доштаанд.
Ӯ ҳамчунин гуфт иттилоъоте дарёфт карда, ки ҷангҷӯёни эронӣ дар ин таҳоҷум ширкат доранд.
Вазири хориҷаи Фаронса шумори аъзои Ҳизбуллоҳ дар набарди Қусайрро се то чаҳор ҳазор нафар тахмин задааст.
Рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ҳамалоти давлатӣ ба шаҳри Қусайр ва мушорикати ҷангҷӯёни хориҷӣ дар онро маҳкум кардааст.
Женерол Идрис дар мусоҳибааш бо шабакаи ҷаҳонии Би-би-сӣ қудратҳои ғарбиро чунин ба кумак талабид: "Мо дорем меравем. Лутфан ба кумак биёед."
Ӯ хостори ирсоли фавриии силоҳҳои бештар шуд "то мо аз шаҳрвандонамон дифоъ кунем."
Ӯ гуфт, ки Артиши озоди Сурия камтар аз 1500 ҷангҷӯ дар набарди Қусайр дорад, ки фақат ба силоҳҳои сабук муҷаҳҳазанд.
Ба гуфтаи ӯ беш аз панҷоҳ ҳазор нафар аз аҳолии ин шаҳр дар онҷо ба дом афтодаанд ва агар шаҳр суқут кунад, "қатли ом" рух хоҳад дод.
Женерол Идрис дар посух ба суоле дар бораи ҳузури ҷаҳонгардон дар миёни мухолифон гуфт, ки онҳо "беш аз панҷ то ҳашт дарсади кулли ҷангҷӯён дар Сурия"-ро ташкил намедиҳанд ва ин ки беш аз ҳад дар ахбор ба онҳо таваҷҷуҳ шудааст.
Бо ин ҳол ӯ гуфт дар ҳоле ки бо ҷиҳодгарон иштироки назари ақидатӣ надорад, аммо дар мавқеъияте нест, ки саъй кунад монеъи пайвастани касе ба набард алайҳи режими Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, шавад.
Ӯ гуфт: "Агар бо силоҳ ва муҳиммот аз мо ҳимоят шавад, метавонем ҳар тазмине лозим бошад бидиҳем, ки ин силоҳҳо ба дасти одамҳои хатарнок нахоҳад афтод."
Женерол Идрис ҳамчунин аз мухолифони сурии дар табъид хост даст аз ихтилофоти дарунӣ бардоранд ва фавран бо ширкат дар кунфронси сулҳ, ки қарор аст моҳи оянда дар Женев баргузор шавад, мувофиқат кунанд.
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико панҷшанбеи гузашта дар ҳошияи нишасти "Дӯстони Сурия" дар Урдун гуфта буд, ки Эрон ва пайкорҷӯёни Ҳизбуллоҳ ба Башор Асад дар "тарсондани мардум" кумак мекунанд.
Вазири хориҷаи Омрико гуфт, ки Омрико муътақид аст Ҳизбуллоҳ дар даргириҳои шаҳри Қусайр "ба наҳви муассире" дахолат доштааст.
Оқои Керрӣ ҳамчунин афзуд: "Илова бар ин Эрон ҳам дар саҳнаи амалиёт ҳузур дорад ва фаъъолона аз Ҳизбуллоҳ ҳимоят мекунад."
Ҳамлаи шадид
Расонаҳои давлатии Сурия рӯзи чаҳоршанбе иддаъо карданд, ки нерӯҳои давлатӣ як пойгоҳи ҳассоси ҳавоиро дар Қусайр бозпас гирифтаанд.
Манобеъи огоҳ дар артиши Сурия гуфтанд, ки пойгоҳи ҳавоии Дабъа пас аз чанд соъати набард ишғол шуд.
Телевизиюни Алманори Ҳизбуллоҳ ҳам тонкҳоеро нишон дод, ки дар беруни пойгоҳи ҳавоӣ мустақар буданд ва сарбозон дар ошёнаҳои дохили пойгоҳ ҳузур доштанд.
Набард дар атрофи Қусайр бо таҳоҷуми нерӯҳои давлатӣ дар чанд рӯзи гузашта алайҳи мавозеъи мухолифон авҷ гирифтааст.
Хабарнигорон мегӯянд, ки Қусайр як гузаргоҳи истротежик барои мухолифон аст, чун дар фосилаи даҳкилуметрӣ аз марзи Лубнон қарор дорад, ки аз онҷо метавонанд ҷангҷӯ ва силоҳ биоваранд.
Ин шаҳр ҳамчунин барои оқои Асад муҳим аст, зеро дар фосилаи миёни Димишқ ва қалби ноҳияи алавинишини Сурия дар ҳошияи дарёи Медитарона қарор дорад. Ба илова аз бузургроҳе, ки пойтахтро ба Ҳумс васл мекунад, дур нест.
.