Русия системи зиддимушакии С-300-ро дар ихтиёри Сурия қарор медиҳад

  • 28 Май, 2013
Image caption Мушакҳои С-300 яке аз пешрафтатарин мушакҳои зиддиҳавоӣ дар ҷаҳон аст

Русия эълом кард, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз мудохилаи хориҷӣ дар Сурия системи дифоъи зиддимушакии С-300-ро ба давлати Сурия таҳвил хоҳад дод.

Русия гуфтааст, ки ирсоли ин системи мушакии пешрафта "омили суботдиҳандае" дар буҳрони Сурия аст ва монеъ аз мудохилаи хориҷӣ дар буҳрони Сурия мешавад.

Сергей Рябков, муъовини вазири умури хориҷаи Русия, гуфтааст, ки қарордоди фурӯши ин силоҳҳо чанд сол пеш миёни кишвараш ва давлати Сурия имзо шуда буд.

Намояндаи Русия дар созмони НОТУ низ гуфта таҳвили ин систем ба Сурия дар чорчӯби қавонини байналмилалӣ сурат мегирад. Ӯ гуфтааст, ки системи дифоъи зиддимушакии С-300 силоҳе дифоъӣ аст.

Мушакҳои С-300 яке аз пешрафтатарин мушакҳои зиддиҳавоӣ дар ҷаҳон аст.

Исроил пештар нигаронии худро аз ин масъала иброз карда ва гуфта буд, ки умедвор аст давлати Русия ҳассосиятҳояшро дар назар бигирад.

Исроил нигарони он аст, ки ин силоҳҳо дар ихтиёри Эрон ё Ҳизбуллоҳи Лубнон қарор гирад.

Таҳвили системи дифоъи зиддимушакии пешрафта ба Сурия дар ҳоле сурат мегирад, ки Иттиҳодияи Урупо рағми мухолифати бархе кишварҳои узв таҳрими таслиҳотӣ алайҳи шӯришиёни Сурияро лағв кард.

Фаронса ва Бритониё аз муддатҳо пеш хоҳони лағви ин таҳримҳо буданд, аммо чандин кишвари дигар, аз ҷумла Утриш (Австрия) бо ин иқдом башиддат мухолиф буданд.

Ин кишварҳо гуфтаанд, ки ирсоли силоҳ ба шӯришиён боъиси бадтар шудани авзоъ хоҳад шуд.

Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷи Иттиҳодияи Урупо, ин маъсаларо, ки Иттиҳодияи Урупо таҳти фишори шадиди Бритониё ва Фаронса ин таҳримҳоро лағв карда, такзиб кардааст.

Равлати Русия дар вокуниш ба ин иқдоми Иттиҳодияи Урупо гуфтааст, ки лағви ин таҳримҳо ба фурсатҳо барои баргузории кунфронси байналмилалӣ барои сулҳ дар Сурия латма мезанад.

Таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо дар ҳоли ҳозир лағв шуда, аммо ба назар намерасад, ки пеш аз моҳи августи имсол силоҳе дар ихтиёри шӯришиёни мухолифи Башор Асад қарор дода шавад.

Мухолифони Башор Асад аз ин иқдоми Иттиҳодияи Урупо ибрози хушнудӣ кардаанд.

Матолиби муртабит