Омрико ирсоли С-300-и рус ба Димишқро маҳкум кард

  • 29 Май, 2013
Image caption Системи зиддимушакии С-300, яке аз пешрафтатарин системҳои зиддиҳавоӣ дар ҷаҳон аст

Вазорати хориҷаи Омрико интиқоли системи дифоъи зиддимушакии С-300- Русияро ба давлати Сурия маҳкум кард.

Сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико гуфтааст: "Мо ҳамвора гуфтаем бо идомаи ирсоли силоҳ ба ҳукумати Сурия тавассути Русия мухолифем ва онро маҳкум мекунем ва ин шомили ҳама анвоъи силоҳҳо мешавад."

Ӯ таъкид кардааст, ки Вошингтун мухолифати худашро сареҳан бо Русия дар миён гузоштааст.

Русия пештар эълом карда буд тасмими ба таъвиқандохташудаи системи зиддидифоъии С-300-ро ба ҳукумати Сурия амалӣ хоҳад кард.

Сергей Рябков, муъовини вазири умури хориҷаи Русия, пештар гуфта буд қарордоди фурӯши ин силоҳҳо чанд сол пеш миёни кишвараш ва давлати Сурия имзо шуда буд ва бояд амалӣ шавад.

Оқои Рябков дар айни ҳол таъкид карда буд ирсоли ин системи мушакии пешрафта "омили суботдиҳандае" дар буҳрони Сурия аст ва монеъ аз мудохилаи хориҷӣ дар буҳрони Сурия мешавад.

Намояндаи Русия дар созмони НОТУ низ гуфта таҳвили ин систем ба Сурия дар чорчӯби қавонини байналмилалӣ сурат мегирад. Ӯ гуфтааст, ки системи дифоъи зиддимушакии С-300 силоҳе дифоъӣ аст.

Мушакҳои С-300 яке аз пешрафтатарин мушакҳои зиддиҳавоӣ дар ҷаҳон аст, ки илова бар ҳавопаймо метавонад мушакҳои болистикро ҳам бизанад.

Ин мушак каму беш бо системи мушакии "Патриот"-и Омрико қобили муқуоиса аст, ки НОТУ дар Туркия насб карда ва аз ин кишвар дар баробари Сурия муҳофизат мекунад.

Мухолифати Исроил ва нигаронӣ дар бораи ояндаи буҳрони Сурия

Исроил ҳам пештар нигаронии худро аз ин масъала иброз карда ва гуфта буд, ки умедвор аст давлати Русия ҳассосиятҳояшро дар назар бигирад.

Image caption Исроил мегӯяд Сурия метавонад бо мушакҳои Эс-300 ҳавопаймоҳоро бар фарози фурудгоҳи Бин Гуриюн ҳадаф бигирад

Мақомоти исроилӣ ибрози нигаронӣ кардаанд, ки ин силоҳҳо дар ихтиёри Эрон ё Ҳизбуллоҳи Лубнон қарор гирад.

Вазири иттилоъот ва умури истротежики Исроил дар ин бора гуфтааст, ки мушакҳои мавриди ишора метавонад хатаре барои ҳавопаймо дар осмони Исроил бошад.

Ӯ гуфтааст: "С-300 фақат як силоҳи дифоъӣ нест, балки дар мавриди мо силоҳе таҳоҷумӣ аст. Чун бо бурди 200 то 300 килуметр метавонад ба ҳавопаймоҳо бар фарози фурудгоҳи БинГуриюн дар минтақаи Теловив ҳамла кунад."

Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки таъйиди содироти ин силоҳҳо ба Сурия метавонад муъодилотро дар буҳрони ин кишвар тағйир диҳад.

Онтуний Курдсмен аз маркази мутолеъоти истротежик ва байналмилалӣ мегӯяд ин кор амалан метавонад фароянди кунфронси сулҳро беасар кунад ва Исроилро ба муноқишаи Сурия бикашонад.

Хабарнигорони Би-би-сӣ мегӯянд гузоришҳое дар даст аст, ки Маскав худдорӣ аз таҳвили ин силоҳҳоро ба таъаҳҳуди Исроил барои таваққуфи ҳамалоти ҳавоии бештар алайҳи Сурия машрут карда буд.

Муша Яълун, вазири дифоъи Исроил, гуфтааст системи Эс-300 ҳанӯз барои ирсол ба Сурия аз хоки Русия хориҷ нашудааст.

Ӯ гуфт: "Умедворам, ки хориҷ ҳам нашавад ва агар худое накарда ба Сурия бирасад, мо медонем бо он чи кунем."

Матолиби муртабит