Се низомии лубнонӣ дар наздики марз бо Сурия кушта шуданд
Дар ҳоле ки мухолифони ҳукумати Сурия аз вуқӯъи куштори дигаре дар ин кишвар хабар додаанд, ба гузориши манобеъи хабарӣ се шибҳинизомии лубнонӣ дар наздикии марз бо Сурия кушта шудаанд.
Рӯзи сешанбеи 28 май гузориш шуд, ки афроди мусаллаҳи ношинос ба сӯйи як посгоҳи исту бозрасии артиши Лубнон воқеъ дар наздикии шаҳраки марзии Арсол дар шарқи дараи Бақоъ тирандозӣ карданд, ки дар асари он ду сарбози лубнонӣ кушта ва як нафари дигар захмӣ шуд.
Бар асоси ин гузориш фарди захмӣ ҳам пас аз интиқоли бемористон даргузашт.
Ин посгоҳ дар наздикии марзи Лубнон бо Сурия воқеъ аст ва муҳоҷимон, ки бо як дастгоҳ утумубил ба он наздик шуда буданд, пас аз тирандозӣ ба сӯйи низомиёни лубнонӣ, ба он сӯйи марз гурехтанд.
Минтақаи марзии атрофи Арсол аз манотиқе аст, ки мухолифони ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, барои рафту омади афрод ва қочоқи аслиҳа ба дохили Сурия аз он истифода мекунанд.
Дар шаҳраки Арсол ва манотиқи атрофи он шумори қобили таваҷҷуҳе аз беҷошудагони сурӣ иқомат доранд ва дар моҳи март гузоришҳое аз ҳамлаи ҳавоии артиши Сурия ба ҳадафҳое дар ин минтақа интишор ёфт.
Шаҳри Арсол пеш аз ин ҳам шоҳиди даргирии байни низомиёни лубнонӣ ва афроди мусаллаҳе будааст, ки гуфта мешавад бо гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия муртабит ҳастанд.
Дар моҳи феврали соли ҷорӣ чаҳор сарбози лубнонӣ ва ду шибҳинизомии мусаллаҳ дар табодули оташи байни ду тараф дар наздикии Арсол кушта шуданд.
Нооромиҳои сиёсии Сурия аз беш аз ду сол пеш бо баргузори тазоҳуроти эътирозӣ оғоз шуд ва батадриҷ ба як ҷанги дохилии тамомайёр табдил шудааст.
Дар моҳҳои ахирбо вуруди исломгароёни суннии тундрав ба саҳнаи амалиёти низомӣ алайҳи ҳукумати Сурия, ки дар дасти ақаллияти пайравони ойини алавӣ аст, дар бархе манотиқ шакли як даргирии фирқаиро ба худ гирифтааст.
Ҳамчунин бо ҷиҳатгирии кишварҳои минтақа ба нафъи яке аз ду гурӯҳ бими он меравад, ки дар сурати идомаи ин даргирӣ доманаи ҷанг ба кишварҳои ҳамсоя бахусус Лубнон ҳам кашида шавад.
Хатари густариши ҷанг ва куштори ҷадид
Рӯзи якшанбе ду фарванд мушак ба ҳадафҳое дар бахши умдатан шиъанишини ҷануби Бейрут, пойтахти Лубнон, исобат кард, ки дар натиҷаи он чанд нафар захмӣ шуданд.
Пеш аз он Сайид Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари ҷунбиши Ҳизбуллоҳ, ки як гурӯҳи шиъаи таҳти ҳимояти ҳукумати Эрон аст, дар суханоне тайид карда буд, ки ин гурӯҳ ба таври мустақим дар ҷанги дохилии Сурия дахолат дорад, дар ҳоле ки гузоришҳое аз мушорикати онон дар ҷанги байни нерӯҳои давлатии Сурия ва мухолифон дар шаҳри Қусайр, дар наздикии марзи ду кишвар интишор ёфтааст.
То он замон Ҳизбуллоҳ ва давлати Эрон изҳороти мақомоти ғарбӣ ва мухолифони ҳукумати Сурия дар мавриди ҳимояти мустақими молӣ ва низомӣ аз артиши Сурия дар муқобила бо мухолифонро такзиб мекарданд.
Расонаҳои Сурия пештар аз муваффақияти артиш дар "поксозии" маҳалли вуқӯъи "куштори" ҷадид хабар дода буданд.
Рӯзи сешанбе манобеъи вобаста ба мухолифони ҳукумати Сурия вуқӯъи як мавриди дигари куштори ҷамъии ғайринизомиёнро гузориш карданд, ки ба назар мерасад дорои моҳияте фирқаӣ аст.
Чанд ҳафта пеш давлати Сурия аз "поксозии" шаҳракҳои Боноёс ва Албайзо воқеъ дар савоҳили дарёи Медитарона хабар дод ва гуфт, ки нерӯҳои давлатӣ садҳо тан аз мухолифони мусаллаҳи ҳукуматро куштаанд.