Тасвири паёмбари ислом рӯи ҷилди шумораи ҷадиди Шорлӣ Эбду
Image copyright
AP
Ба гузориши расонаҳои фаронсавӣ, рӯйи ҷилди тозатарин шумораи нашрияи танзи Шорлӣ Эбду нақше аз паёмбари ислом чоп хоҳад шуд, ки плокорде бо ин мазмун дар даст дорад: "Ман Шорлӣ ҳастам" ва болои сари ӯ навишта шуда "Ҳама бахшуда мешаванд".
Ричорд Молко, вакили ин маҷалла, ба родиюи Фаронса гуфт, ки муҳим аст нишон дода шавад, ки кормандони ин нашрия "имтиёзе ба ифротиҳо намедиҳанд".
Чаҳоршанбеи гузашта мардони мусаллаҳ ба дафтари ин нашрия ҳамла карданд ва 12 нафар, аз ҷумла баъзе корикотуристҳо ва аъзои ҳайъати таҳририяи онро ба қатл расонд.
Дар пайи он ҳамла муҳоҷимон фарёд мекашиданд, ки "интиқоми ҳазрати Муҳаммадро мегиранд". Ду муҳоҷим баъдан дар даргирӣ бо пулис кушта шуданд.
Ин маҷалла дар соли 2011 ҳам пас аз интишори корикотурҳои паёмбари ислом бо бумби оташзо ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд.
Дар ҷараёни се рӯзи ҳамалоти теруристӣ дар ҳафтаи гузашта маҷмуъан 17 нафар қурбонӣ шуданд. Се муҳоҷим ҳам кушта шуданд.
"Ҳаққи куфргӯйӣ"
Дар пайи он ҳамла "Ман Шорлӣ ҳастам" шиъори роиҷи касоне шуд, ки мехостанд бо ин нашрия эъломи ҳамбастагӣ кунанд.
Се милюн нусха аз шумораи ҷадиди Шорлӣ Эбду ба чоп хоҳад расид, дар ҳоле ки дар ҳафта 60 ҳазор нусха аз он чоп мешавад.
Оқои Молко ба родиюи Фаронса гуфт: "Мо таслим нахоҳем шуд. Шиъори "Ман Шорлӣ ҳастам" таъйидкунандаи ҳаққи куфргӯйӣ аст.
Бозмондагони ҳамла ба дфтари Шорлӣ Эбду акнун дар дафтари як нашрияи дигар, Либеросиюн, машғули кор ҳастанд.
Панҷ нафар аз корикотуристҳои мумтози нашрия дар он ҳамла кушта шуданд.
Эрик Пуртолд, мудири молии Шорлӣ Эбду, ба хабаргузории Фаронса гуфт: "Нусхаи ҷадид фақат тавассути кормандони Шорлӣ Эбду халқ мешавад."
Ӯ гуфт, ки пешниҳоди корикотур аз сӯйи соири ҳунармандон рад шудааст.
Тасовири тоза
Ҳамзамон, тасовири мадорбастае, ки тоза мунташир шуда, зоҳиран Ҳаёт Бумдинро, ки мақомҳои фаронсавӣ ба дунболи ӯ ҳастанд, дар рӯзи дуюми январ дар фурудгоҳе дар Истонбул нишон медиҳад.
Тасаввур мешавад Ҳаёт Бумдин, 26-сола, дӯстдухтари Амдӣ Кулиболӣ бошад, ки ҳафтаи пеш чаҳор нафарро дар як фурӯшгоҳи яҳудӣ дар Порис кушт ва худ ба зарби гулӯлаи пулис кушта шуд. Ба гуфтаи муҳаққиқон Кулиболӣ ба бародарони Куошӣ, ки масъули ҳамла ба Шорлӣ Эбду шинохта мешаванд, иртибот дошт.
Кулиболӣ ҳамчунин мазнуни аслӣ дар қатли як маъмури пулиси зан дар Порис шинохта мешавад.
Чаҳор қурбонии яҳудии фурӯшгоҳи Порис рӯзи сешанбе дар Байтулмуқаддас дафн хоҳанд шуд.
Пештар мақомҳои Туркия таъйид карданд Ҳаёт Бумдин тавониста дар авоили моҳи ҷорӣ аз тариқи марзи Туркия вориди Сурия шавад.
Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия, рӯзи душанбе гуфт, ки Ҳаёт Бумдин дар дувуми январи соли ҷорӣ аз Модриди Испониё вориди хоки Туркия шуда ва дар ҳаштуми январ ҳам аз тариқи марзи Туркия ба Сурия рафтааст.
Пас аз интишори ин хабар давлати Сурия Туркияро муттаҳам кард, ки ба "теруристҳо" иҷоза медиҳад то озодона аз марз убур кунанд.