‘Мазнунони ҳамлаи Порис дар феҳристи парвозмамнуъи Омрико буданд’
Image copyright
BBC World Service
Як мақоми аршади анмиятии Омрико ба хабаргузории Асошиейтед Пресс гуфтааст, ду бародаре, ки мақомҳои фаронсавӣ ба унвони мазнунҳои аслии ҳамла ба нашрияи Шорлӣ Ебду аз онҳо ном бурдаанд, дар феҳристи мамнуъпарвози ин кишвар будаанд.
Як мақоми дигари омрикоӣ ба ҳамин хабаргузорӣ гуфтааст, яке аз ин ду бародар, Саъид Куошии 34-сола, пеш аз ин ба Яман сафар кардааст.
Пулиси Фаронса дар ҳоли баррасии гузоришҳои марбут ба сафари се сол пеши Саъид Куошӣ ба Яман аст, то мушаххас шавад дидори ӯ бо шохаи Алқоида дар Яман ҳақиқат дорад ё на.
Бархе шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ҳамлакунандагон ба дафтари нашрияи иддаъо карда буданд, ки бо гурӯҳи Алқоида дар Яман иртибот доранд.
Мақомҳои омрикоӣ дар ин замина ки чӣ чизҳои дигаре дар бораи Саъид Куошӣ ва бародараш Шариф медонанд, муҳри сукут бар лаб задаанд.
Фармондори як устони ҷанубии Яман низ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, чаҳор шаҳрванди Фаронса дар чаҳор моҳи ахир аз Яман ихроҷ шудаанд.
Аҳмад Абдуллоҳ Алмаҷид гуфтааст, номи ин чаҳор нафарро намедонад ва ҳеҷ иртиботи таъйидшудае миёни онҳо ва ҳамла ба Шорлӣ Ебду вуҷуд надорад.
Ҳузури номи ифротгароён дар феҳристи парвозмамнуъ мавзуъе ғайриодӣ нест. Шариф Куошӣ ба хотири ҳамкорӣ бо шибҳанизомиёне, ки дар Ироқ бо Омрико меҷангиданд 18 моҳ дар зиндон будааст.
Амалиёти ҷустуҷӯ
Ҳамзамон дар шимолу шарқи Порис амалиёти густарда ба дунболи мазнунони ҳамла ба маҷаллаи Шорлӣ Ебду идома дорад.
Мақомоти Фаронса вазъияти таҳдиди амниятиро ба болотарин ҳадд дар Порис ва минтақаи Пикордӣ расондаанд.
Пулис ва ягонҳои вижаи зиддитеруристӣ ба ҷустуҷӯ идома медиҳанд ва садом парвози ҳеликуптерҳо аз фароз шунида мешавад.
Беш аз 88 ҳазор нерӯи амниятӣ дар саросари Фаронса мустақар шудаанд ва тасвири бародарон Куошӣ ба зикри иборати “мусаллаҳ ва хатарнок” миёни мардум тавзеъ шудааст.
Дар ҳамлаи рӯзи чоршанбе 12 нафар, аз ҷумла чаҳор тан аз коркунони нашрия ва ду маъмури пулис ҷони худро аз даст доданд. Ҳануз ҳеҷ гурӯҳе расман масъулияти ҳамлаи парерӯзро напазируфта, аммо коршиносон иртиботи муҳоҷимонро бо Доъиш муҳтамилтар медонанд.