Давлати муваққати Укройн: Аз кунтрули шарқ оҷизем

  • 1 Май, 2014
Image copyright Reuters
Image caption Яке аз ҳаводорони Русия пас аз ишғоли сохтмонии давлатӣ дар шаҳри Дунетск ҳамроҳ бо сагаш "фотеҳона" рӯбарӯи дурбин ҳозир шудааст.

Александр Турчинов, раиси ҷумҳурии муваққати Укройн, мегӯяд Киев аз маҳори нооромиҳо дар шарқи ин кишвар оҷиз мондааст.

Шӯришиёни ҳаводори Русия дар идомаи ишғоли амокини муҳим дар шаҳрҳои шарқии Укройн, рӯзи чаҳоршанбе ба чанд сохтмони давлатӣ дар Луҳонск юриш бурданд.

Оқои Турчинов гуфтааст акнун ҳадафи давлати муваққати Укройн ҷилавгирӣ аз сирояти ин нооромиҳо ба нуқоти дигар аст.

Ҳаводорони Русия дар манотиқи шарқии Укройн, ки аксаран рустабор ҳастанд, дар рӯзҳои ахир илова бар идомаи ишғоли сохтмонҳои давлатӣ гурӯҳе аз нозирони урупоиро ҳам гаравгон гирифтаанд.

Рӯзи чаҳоршанбеи 30 апрел гузориш шуд фаъъолони ҳаводори Русия ба чандин сохтмони давлатӣ дар шаҳри Луҳонск дар шарқи Укройн юриш бурдаанд.

Онҳо, ки гуфта мешавад дорои мусалсал будаанд, мақарри давлати минтақаӣ ва дафтари додситониро пеш аз ҳамла ба истгоҳи пулис ишғол карда буданд.

Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, пас аз интишори ин ахбор аз пулиси маҳаллӣ ба хотири "мунфаъал мондан" ва "хиёнат" интиқод кард

Давлати муваққати Укройн, Маскавро ба ҳимоят ва таҷҳизи муътаризони мусаллаҳ дар шарқи ин кишвар муттаҳам мекунад ва мегӯяд бархе аз нерӯҳои сервисҳои амниятӣ-иттилоъотии Русия барои созмондиҳӣ ва омӯзиши ин шибҳнизомиён вориди хоки Укройн шудаанд.

Иттиҳоме, ки Кремлин онро рад карда ва мегӯяд қасди таҳоҷум ё дахолат дар Укройнро надорад, аммо башиддат нигарони мавриди "саркӯб" қарор гирифтани русзабонҳои Укройн аст.

Image copyright Reuters
Image caption Луҳонск тозатарин маҳалли нооромӣ дар шарқи Укройн аст

Пештар Русия аз таҳримҳои эъмолшуда тавассути Омрико ва Иттиҳодияи Урупо дар иртибот бо иқдомоти Маскав, ки ба иддаъои Ғарб боъиси бесубот кардани Укройн мешавад, интиқод карда буд.

Сергей Рябков, муъовини вазорати хориҷаи Русия, гуфт Омрико бо ҳадафи гирифтани бахши фановарии пешрафтаи Русия "амалан пардаи оҳанинро пойин кашидааст".

Ӯ афзуд, ки Иттиҳодияи Урупо собит карда, ки "зери ангушти шасти Вошингтун аст."

Дмитрий Рогозин, муъовини нахуствазири Русия, ҳам ихтор дод, ки агар таҳримҳо бахши мушаксозии ин кишварро таҳти таъсир қарор диҳад, мумкин аст фазонавардони омрикоӣ дар истгоҳи байналмилалии фазоӣ "дар маърази хатар қарор гиранд."

Ҳамакнун интиқоли хадама ба истгоҳи фазоии байналмилалӣ ё аз онҷо ба замин бо мушакҳои русӣ анҷом мешавад.

Шарқи Укройн, ки ҷамъияти бузурге аз русзабонҳо дорад, пойгоҳи Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури собиқи Укройн, буд, ки дар моҳи феврал дар эътирозоти умумӣ барканор шуд.

Давлати муваққати Киев дархости фаъъолони наздик ба Русия барои эътои худмухтории бештарро рад кардааст, чун нигарон аст мисли Криме эъломи ҷудоӣ кунад ва ба Русия мулҳақ шаванд.

Воми 17-милёрддулории Укройн тасвиб шуд

Ҳамзамон бо авҷ гирифтани танишҳо дар шарқи Укройн, ки ба афзоиши муҷодилаи миёни Омрико ва муттаҳидони урупоиаш бо Русия анҷомидааст, Сандуқи Ҷаҳонии Пул рӯзи чаҳоршанбеи 30 апрел бо эътои воми 17-милёрддулорӣ ба Укройн мувофиқат кард.

Ин вом, ки ба қасди кумак ба иқтисоди дар ҳоли варшикастагии Укройн тасвиб шудааст, зарфи муддати ду сол ба ин кишвар пардохт хоҳад шуд. Қисти аввали ин вом ба маблағи се милёрду 200 милюн дулор базудӣ дар ихтиёри давлати муваққати Укройн қарор мегирад.

Дар баробари ин вом давлати Укройн муваззаф мешавад, ки ислоҳоте бунёдӣ дар сохтори наҳифи иқтисоди ин кишвар падид оварад; аз ҷумла афзоиши молиётҳо, афзоиши баҳои ҳомилҳои энержӣ ва собит нигаҳ доштани миқдори дастмузди поя.

Бо тасвиби воми Сандуқи Ҷаҳонии Пул, Укройн акнун қодир хоҳад буд ҳудуди 15 милёрд дулор кумакҳои байналмилалии дигарро ҳам дарёфт кунад. Кумакҳое, ки Укройн ваъдаи дарёфти онҳоро аз Бонки Ҷаҳонӣ, Конодо, Жопун, Иттиҳодияи Урупо ва чанд кишвари дигар дарёфт кардааст.

Матолиби муртабит