Юриши ҳаводорони Русия ба сохтмонҳои давлатии шаҳри Луҳонск дар Укройн

  • 30 Апрел, 2014
Image copyright Reuters
Image caption Луҳонск тозатарин маҳалли нооромӣ дар шарқи Укройн аст

Фаъъолони ҳаводори Русия ба чандин сохтмони давлатӣ дар шаҳри Луҳонск дар шарқи Укройн юриш бурдаанд.

Онҳо, ки гуфта мешавад мусаллаҳ ба мусалсал ҳастанд, мақарри давлати минтақаӣ ва дафтари додситониро пеш аз ҳамла ба истгоҳи пулис ишғол карданд.

Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, аз пулиси маҳаллӣ ба хотири "беамалӣ" ва "хиёнат" интиқод кард.

Пештар Русия аз таҳримҳои эъмолшуда тавассути Омрико ва Иттиҳодияи Урупо дар иртибот бо иқдомоте, ки ба иддаъои Ғарб боъиси бесубот кардани Укройн мешавад интиқод карда буд.

Сергей Рябков, муъовини вазорати хориҷаи Русия, гуфт, ки Омрико бо ҳадаф гирифтани бахши фановарии пешрафтаи Русия "амалан пардаи оҳанинро пойин кашидааст".

Ӯ афзуд, ки Иттиҳодияи Урупо собит карда, ки "зери ангушти шасти Вошингтун аст"

Дмитрий Рогозин, муъовини нахуствазири Русия ҳам ихтор дод, ки агар таҳримҳо бахши мушаксозии ин кишварро таҳти таъсир қарор диҳад, мумкин аст фазонавардони омрикоӣ дар истгоҳи байналмилалии фазоӣ "дар маърази хатар қарор гиранд."

Ҳамакнун интиқоли хадама ба истгоҳ ё аз онҷо ба замин бо мушакҳои русӣ анҷом мешавад.

Нооромӣ дар шарқи Укройн

Image caption Нооромиҳо дар шарқи Укройн чандин ҳафта аст идома дорад

Оқои Рябков ҳамчунин таъкид кард, ки Русия қасди таҳоҷум ба шарқи Укройнро надорад.

То пеш аз ин фақат дафотири маҳаллии созмони амнияти Укройн дар Луҳонск, шаҳре бо 664 ҳазор нафар ҷамъият дар 30-килуметрии марзи Русия ҳадафи фаъъолони ҳаводори Маскав қарор гирифта буд.

Аммо сешанбе баъд аз зуҳр садҳо нафар атрофи мақарри давлати минтақаӣ таҷаммуъ карданд ва хостори баргузории ҳамапурсӣ барои вогузории худмухтории бештар ба шарқи Укройн шуданд.

Гурӯҳе аз мардон бо чӯбу мила ба дохили сохтмон рехтанд. Вурудии сохтмон таҳти ҳифозати пулис набуд.

Онҳо сипас парчами Укройнро аз боми сохтмон пойин кашиданд ва парчами Русияро боло бурданд ва дарҳоро ба рӯйи ҷамъият боз карданд.

Дар муҳавватаи дохилии сохтмон онҳо бо хадамаи амниятӣ рӯбарӯ шуданд, аммо хушунате рӯй надод.

Баъд аз он гурӯҳҳое аз фаъъолони ҳаводори Русия сохтмони додситониро ишғол карданд ва ба ситоди пулиси вазорати кишвар юриш бурданд.

Хабаргузории Руйтерз гуфт, ки ҳудуди 20 марди мусаллаҳ бо мусалсал ба тарафи истгоҳи пулис оташ гушуданд ва талош карданд маъмурони пулис дар дохили сохтмони худро водор ба таслим кунанд.

Як хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳр мегӯяд, ки фаъъолони ҳаводори Русия ҳамчунин ба истгоҳи телевизиюн рафтанд, аммо иҷоза ёфтанд ба таври зинда аз телевизиюн суҳбат кунанд, бинобар ин тасмим гирифтанд онҷоро ишғол накунанд.

Дар пайи ин ҳаводис раиси ҷумҳури муваққати Укройн хостори ихроҷи руасои пулис дар Луҳонск ва ҳамчунин Дунетск шуд.

Шарқи Укройн, ки ҷамъияти бузурге аз русзабонҳо дорад, пойгоҳи Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури собиқи Укройн, буд, ки дар моҳи феврал дар эътирозоти умумӣ барканор шуд.

Давлати муваққати Киев дархости фаъъолони наздик ба Русия барои эътои худмухтории бештарро рад кардааст чун нигарон аст мисли Криме эъломи ҷудоӣ кунад ва ба Русия мулҳақ шаванд.

Ин фаъъолон ҳамчунин ҳудуди 40 нафар аз ҷумла ҳафт нозири низомии муртабит бо Созмони Амнияту Ҳамкории Урупоро таҳти боздошт доранд.

Иттиҳодияи Урупо рӯзи сешанбе номи 15 нафари дигарро ба феҳристи касоне афзуд, ки дороиҳояшон масдуд мешавад ва аз сафар ба Иттиҳодияи Урупо манъ мешаванд.

Матолиби муртабит