Гурӯҳи 7 иқдоми низомии Русия дар Укройнро маҳкум кард

  • 3 Март, 2014
Image copyright AFP
Image caption Нерӯҳои Русия бештар нимҷазираи Кримеро дар кунтрули худ доранд

Ҳафт кишвари бузурги санъатии ҷаҳон (Гурӯҳи ҳафт) бо судури баёнияе иқдоми низомии Русия алайҳи минтақаи истротежики Криме дар Укройнро маҳкум ва ҳимояти худ аз тамомияти арзии Укройнро эълом кардаанд.

Конодо, Фаронса, Итолиё, Олмон, Бритониё, Омрико ва Жопун, дар канори Иттиҳодияи Урупо дар ин баёния Русияро ба нақзи ошкори ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Укройн муттаҳам карда ва дар айни ҳол гуфтаанд: "Мо аз тамоми тарафайн мехоҳем, ки бо болотарин ҳадди хештандорӣ ва масъулият рафтор кунанд, то таниш коҳиш пайдо кунад."

Гурӯҳи ҳафт аз Русия хостааст, ки нигарониҳояш дар арсаҳои амниятӣ ва ҳуқуқи башарро бо давлати интиқолии Укройн дар миён бигузорад.

Ин кишварҳо ҳамчунин эълом кардаанд, ки барномаи худ барои ширкат дар иҷлоси моҳи июни Гурӯҳи ҳашт дар шаҳри Сучии Русияро ба ҳолатти таълиқ дармеоваранд.

Ин дар ҳолест, ки вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо рӯзи душанбе дар Бруксел тайи як нишасти изтирорӣ буҳрони Укройнро баррасӣ хоҳанд кард.

Бо афзоиши таниши байни Русия ва Ғарб ба сари нимҷазираи Кримеи Укройн, давлати Борок Убомо эълом кардааст, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, базудӣ ба Укройн сафар хоҳад кард.

Кохи Сафед мегӯяд, ки оқои Керрӣ рӯзи сешанбеи (4 март) ин ҳафта бо мақомҳои давлати Укройн дидор хоҳад кард.

Вазири умури хориҷаи Омрико ҳушдор додааст, ки "иқдоми таҷовузкоронаи" Русия паёмадҳои бисёр ҷиддӣ" барои ин кишвар хоҳад дошт ва метавонад, ки таҳримҳои иқтисодии Омрикоро дар пай дошта бошад.

Оқои Керрӣ тайи як мусоҳибаи телевизиюнӣ ҳамчунин гуфт ба далели амалиёти низомии Русия дар Укройн, Русия бо хатари аз даст додани узвияти худ дар гурӯҳи ҳашт кишварҳои санъатии ҷаҳон (Ҷӣ-8) мувоҷеҳ аст. Ӯ гуфт, ки эҳтимоли масдуд шудани дороиҳои Русия низ вуҷуд дорад.

Вазорати умури хориҷаи Омрико бо судури эъломияе эълом кардааст, ки оқои Керрӣ дар сафараш бо Киев "бар ҳимоят аз ҳокимияти миллӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Укройн ва низ ҳуқуқи мардуми Укройн барои таъйини сарнавишти худ бидани мудохила ва таҳрики хориҷӣ таъкид хоҳад кард."

Иқдоми ғайримунтазираи фармондеҳи нерӯҳои дарёӣ

Image copyright AFP
Image caption Омрико бар ҳифзи ҳокимияти миллӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Укройн таъкид дорад

Аз сӯйи дигар, фармондеҳи ҷадиди нерӯи дарёии Укройн дар иқдоме ғайримунтазира бо пайвастан ба ҳаводорони Русия, ба Ҷумҳурии Худмухтори Криме эъломи вафодорӣ кардааст.

Дарёбон Березовский рӯзи шанбе ба симати фармондеҳи нерӯи дарёӣ мансуб шуда буд.

Дар вокуниш ба ин иқдом додситонии кулли Укройн эълом кардааст,ки дарёбон Березовскийро ба ҷурми хиёнат ба кишвар таҳти таъқибу пайгард қарор медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои артиши Русия, ки вориди нимҷазираи Криме шудаанд дар ҳоли тақвияти мавозеъи худ ҳастанд. Дар баъзе аз нуқот сарбозони рус дар ҳоли кандани сангар дида шудаанд.

Арсений Ятсенюк, нахуствазири муваққати Укройн, рӯзи якшанбе иқдоми низомии Русияро "эълони ҷанг" хонд.

Ӯ гуфт: "Агар оқои Путин мехоҳад раиси ҷумҳуре бошад, ки ду кишвари дӯсту ҳамсояро ба ҷанг бикашонад, бо ҳадафи худ чанд сонтиметр бештар фосила надорад.. Мо дар остонаи як фоҷиъа қарор дорем."

Артиши Укройн ҳамакнун тамоми нерӯҳои захира (ҳудуди як милюн нафар)-и худро ба хидмат фаро хондааст.

Бештари нимҷазираи Криме ба кунтрули нерӯҳои Русия даромадааст. Хабарнигори Би-би-сӣ дар Криме мегӯяд дар баъзе аз рустоҳо, мардум аз сарбозони рус истиқбол кардаанд.

Нерӯҳои низомии Укройн дар нимҷазираи Криме зоҳиран аз бими ташидиди буҳрон феълан аз худ вокунише нишон надодаанд.

Вокунишҳо

Image copyright Reuters
Image caption Дарёбон Березовский ба нимҷазираи Криме рафта эъломи вафодорӣ кардааст

Ҳамзамон дабири кулли НОТУ дар баёнияе пеш аз нишасти изтирории ин созмон фаъъолиятҳои низомии Русияро дар Криме таҳдиде барои амнияти минтақа хонда ва аз Маскав хостааст ҳарчи сареътар барои танишзудоӣ дар минтақа иқдом кунад.

Дабири кулли НОТУ пеш аз нишасти намояндагони 28 кишвари узв дар Бруксел ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин нишаст табаъоти амниятии иқдоми Русия барои Урупо баррасӣ хоҳад шуд.

Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, низ ба раиси ҷумҳурии Русия гуфтааст, ки бо иқдоми низомӣ алайҳи қаламрави Укройн қавонини байналмилалиро зери по гузоштааст.

Лурон Фобиюс, вазири умури хориҷаи Фаронса, ҳам зимни дифоъ аз ҳокимият ва тамомияти арзии Укройн хостори ин шуда, ки агар Русия ба иқдомоти худ идома диҳад, иҷлоси сарони ҳашт кишвари санъатӣ, ки қарор аст дар Сучӣ баргузор шавад, ба ҳолати таълиқ дарояд.

Криме як минтақаи худмухтор дар чаҳорчӯби сиёсии Укройн аст. Беш аз ниме аз сокинони Кримеро рустаборон ташкил медиҳанд, ки мухолифи давлати ҷадиди Укройн ҳастанд, аммо мусалмонони тотори Криме аз ин давлат ҳимоят мекунанд.

Моликияти нимҷазираи Криме бо ҳудуди ду милюн нафар ҷамъият дар замони Шӯравии собиқ ба Укройн вогузор шуда ва пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли Укройн, ин минтақа мавқеъияти як ҷумҳурии худмухтори мутаъаллиқ ба Укройнро ёфт.

Укройн пас аз истиқлол мувофиқат кард нерӯи дарёии Русия ба истифода аз пойгоҳи дарёии Шӯравии собиқ дар Криме идома диҳад ва дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ мақарри новгони Русия дар дарёи Сиёҳ аст.

Матолиби муртабит