Буҳрони Укройн: Лаҳза ба лаҳза

  • 2 Март, 2014
Image copyright Reuters

Дар пайи боло гирифтани танишҳо дар шибҳҷазираи Криме дар Укройн ва афзоиши ҳузури низомии Русия дар ин минтақа артиши Укройн тамомии нерӯҳои захираи артишро ба хидмат фаро хондааст.

Ондрес фу Росмусен, дабири кулли НОТУ дар паёме пеш аз нишасти изтирории ин созмон фаъолиятҳои низомии Русияро дар Криме таҳдиде барои амнияти минтақа хонд ва аз Маскав хост ҳар чӣ сареътар барои танишзудоӣ дар минтақа иқдом кунад.

Оқои Росмусен, дабири кулли НОТУ пеш аз нишасти намояндагони 28 кишвари узв дар Бруксел ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин нишасти табаъоти амниятии иқдоми Русия барои Урупо баррасӣ хоҳад шуд.

Ҷумҳурии Чек имрӯз сафири худро дар эътироз ба иқдомоти низомии Русия аз Маскав фаро хондааст. Дирӯз Милус Земан, раиси ҷумҳурии Чек ин иқдоми Русияро мушобеҳи ишғоли низомии Чек дар соли 1968 хонд.

Арсений Ятсенюк, нахуствазири Укройн имрӯз гуфт, ки иқдоми Русия "фақат як таҳдид нест, балки дар амали эъломи ҷанг аст."

Ӯ гуфт: "Агар оқои Путин мехоҳад раиси ҷумҳуре бошад, ки ду кишвари дӯст ва ҳамсояро ба ҷанг кашондааст, бо ҳадафи худ чанд сонтиметр бештар фосила надорад. Мо дар остонаи як фоҷеъа қарор дорем."

Олег Болдирев, хабарнигори Би-би-сӣ дар Феудусиё дар шибҳҷазираи Криме мегӯяд, ки гузориш додан ва филмбардории лаҳза ба лаҳза дар ин шаҳр хатарноктар мешавад ва акккосон ва хабарнигорон дар маърази таҳдид қарор доранд.

Риҷорд Голпин, хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав мегӯяд,ки пулиси зидишӯриш монеъ аз ду тазоҳуроти зидиҷанг дар ин шаҳр шуда ва фақат чандсад нафар муваффақ ба таҷаммуъ шудаанд. Интизор меравад давлати Русия то соъоте дигар сиёсати худро дар қиболи Укройн эълом кунад.

Пулиси Русия шуморе аз муътаризони зидиҷангро, ки дар муқобили вазорати дифоъи ин кишвар дар Маскав даст ба тазоҳурот заданд, боздошт кардааст.

Олег Болдирев, хабарнигори Би-би-сӣ дар Феудусиё: Авзоъ дар Феудусиё ором аст, аммо мардум аз афроди нерӯи дарёии Укройн мехоҳанд, ки аз дастури Киев сарпечӣ кунанд. Мардум таҷаммуъ карда ва шиъор медиҳанд ва аз низомиёни Русия ташаккур мекунанд.

Фронк Волтер Иштонмоер, вазири умури хориҷаи Олмон вазъияти Укройнро "беандоза хатарнок" тавсиф карда ва аз тарафҳои даргир хоста, ки аз ҳар иқдоме, ки мумкин аст таҳрикомез талаққӣ шавад, худдорӣ кунанд.

Андрей Илларионов, мушовири собиқи Владимир Путин мегӯяд, ки Укройн бо хатари як ҷанги тамом аёр ва "бародаркушӣ" бо давлати Русия мувоҷеҳ аст. Ин кишвар бояд марзҳояшро бо Русия бубандад.

"Ҳадафи иқдомоти ахир ғарқ кардани Укройн дар ҷанги дохилӣ аст ва табдил кардани он ба сарзамини ҳарҷу марҷ, фурӯпошӣ ва фоҷеъа, то бародар дар муқобили бародар қарор бигирад."

Литвонӣ ҳам сафири худро дар Маскав дар эътироз ба "иқдоми ғайриқонунии Русия алайҳи ҳокимият ва тамомияти арзии Укройн" фарохонда аст.

Лурон Фобиюс, вазири умури хориҷаи Фаронса зимни дифоъ аз ҳокимият ва тамомияти арзии Укройн хостори ин шуда, ки агар Русия ба иқдомоти худ идома диҳад, иҷлоси сарони ҳашт кишвари санъатӣ, ки қарор аст дар Сучӣ баргузор шавад, ба ҳолати таълиқ дарояд.

Нерӯҳои укройнӣ мегӯянд Русия ду киштии зердарёӣ ба савоҳили Криме фиристодааст.

Image copyright Reuters
Image caption Дастгирии яке аз ширкаткунандагон дар тазоҳуроти зидиҷанг дар муқобили вазорати дифоъи Русия дар Маскав

Поп Фронсис аз сарони кишварҳо хоста то бо гуфтугӯ роҳи ҳалле барои буҳрони Укройн пайдо кунанд.

Расонаҳои давлатии Русия ҷанги таблиғотии васеъеро оғоз кардаанд, ки ба назари бархе коршиносон ҳадафи он барангехтани хашми ҷамъияти русзабони Укройн аст. Телевизиюни Русия эътирофи як ҷавони русро пахш карда, ки гуфта афроде аз кишварҳои мухталиф монанди Омрико ва Олмон бо юнифурмҳои якашон вориди ин кишвар шудаанд. Ин ҷавон гуфт ба ӯ пул дода шуда то ба унвонии тактирандоз мухолифони давлати тозаро ҳадаф қарор диҳад.

Андрей Нечаев, вазири собиқи иқтисоди Русия дар Твитер навишт: "Ҷанги таблиғотӣ дар шабакаҳои давлатии мо аз ҳад ва андоза хориҷ шудааст."

Садҳо марди мусаллаҳ, ки ҳувияти онҳо рӯшан нест пойгоҳи пиёданизоми артиши Укройнро дар Перевалная дар шибҳҷазираи Криме муҳосира карда ва ба низомиёни укройнӣ иҷозаи хуруҷ аз онро намедиҳанд.

Image caption Ала Нурмунтог, хабарнигори Би-би-сӣ аз пойгоҳи Ннзомии Укройн дар перевалная ин аксро фиристодааст. Низомиёни укройнӣ дар дохили пойгоҳ ҳастанд ва гуфта мешавад пойгоҳ дар муҳосираи афроди мусаллаҳе аст, ки эҳтимолан рус ҳастанд

Андрей Дешитса, вазири хориҷаи муваққати Укройн ба Би-би-сӣ гуфт ӯ дар се рӯзи гузашта саъй карда бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфтугӯ кунад, аммо тамоми телефунҳо беҷавоб монда аст. Ӯ гуфт вақти он аст, ки Ғарб монеъ аз пешравии Русия шавад.

Image caption Новҳои ҷангии Русия аз дур дар соҳили Севастопол, дар шибҳҷазираи Криме дида шудаанд, ҳамон тур ки дар ин акс мебинед

Ринат Ахметов, сарватмандтарин марди Укройн ва аз муттаҳидони Виктор Янукович, раиси ҷумҳури барканоршуда дар баёнияе гуфта ояндаи Укройн дар хатар аст. Ӯ хостори роҳи ҳалле сулҳомез шуда ва гуфта барои Иттиҳоди Укройн тамоми талошашро хоҳад кард.

Бритониё ва Фаронса эълом кардаанд, ки ҳузури худ дар нишасти муқаддамотии ҳашт кишвари санъатии ҷаҳонро лағв кардаанд.

Бано аст нишасти ҳашт кишвари санъатӣ дар июни соли ҷории мелодӣ дар Сучӣ, Русия баргузор шавад.

Омрико ва Конодо ҳам эъломи кардаанд дар гуфтугӯи муқаддамотии иҷлоси сарони ҳашт кишвари санъатӣ, ки тобистони оянда дар Сучӣ ва ба раёсати Русия баргузор мешавад, ширкат нахоҳанд кард.

Вазорати хориҷаи Чин нигаронии шадиди худро аз авзоъи Укройн эълом кард ва хостори ҳалли буҳрон бо гуфтугӯ ва бар асоси қавонини байналмилалӣ шуд.

Image copyright Reuters

Ричорд Голпин, хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав аз тазоҳуроти ҳазорон нафар дар ҳимоят аз давлат хабар медиҳад.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико "иқдомоти таҷовузгаронаи" Русияро дар Укройн маҳкум кард ва онро мофавқи тасаввур хонд. Оқои Керрӣ гуфт Русия барои ҳамла ба Укройн аз "баҳонаҳои дуруғини қарни нуздаҳумӣ" истифода мекунад.

Вазири хориҷаи Омрико ҳамчунин гуфт ба далели амалиёти низомии Русия дар Укройн ин кишвар бо хатари аз даст додани узвияти худ дар гурӯҳи G-8 рӯбарӯ аст.

Оқои Керрӣ гуфт эҳтимоли масдуд шудани дороиҳои тиҷории Русия низ вуҷуд дорад.

Юрий Сергеев, сафири Укройн дар Созмони Милал гуфт ин кишвар омодаи дифоъ аз худ мешавад ва агар иқдомоти низомии Русия густариш пайдо кунад, Укройн аз дигар кишварҳо дархости кумак хоҳад кард.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин гуфт феълан посухе ба изҳороти Ҷон Керрӣ намедиҳад. Вазири хориҷаи Омрико Русияро таҳдид ба таҳрим ва масдуд кардани дороиҳо кардааст.

Уилиём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё пас аз эъломи ин ки ин кишвар дар гуфтугӯи муқаддамотии иҷлоси сарони ҳашт кишвари санъатӣ ба раёсати Русия ширкат нахоҳад кард, озими Киев, пойтахти Укройн шуда то бо мақомоти давлати ҷадиди ин кишвар гуфтугӯ кунад.

Созмони амният ва ҳамкории Урупо барои як нишасти изтирорӣ дар Виен фарохон додааст. Ин нишаст имрӯз баргузор мешавад. Ин созмон, ки 57 узв дорад, бузургтарин созмони байналмилалӣ аст, ки ҷиҳатгирии амниятӣ дорад. Бо вуҷуди ин ки ин созмон урупоӣ аст, теъдоде аз кишварҳои Медитароне , Омрико ва Осиё ҳам узви он ҳастанд.

Вазорати умури хориҷаи Гурҷистон бо судури иттилоъияе дар мавриди таҳаввулоти шибҳҷазираи Криме амиқан ибрози нигаронӣ кард. Гурҷистон тасмимоти давлати Русияро "бесаботкунанда" хондааст.

Чаҳорумин нови Русия дар як соъати гузашта дар бандари Севастопол паҳлу гирифт. Кевин Бишоп, хабарнигори Би-би-сӣ дар Севастопол тасвири вуруди нови чаҳорумро ирсол кардааст.

Вазорати дифоъи Укройн мегӯяд бригоди 36 горди соҳилии мустақар дар рустои Перевалнаяи Криме аз дувоздаҳ соъат пеш дар муҳосираи мардони мусаллаҳи ниқобдор аст. Муҳосиракунандагон бо худравҳое, ки бархе аз онҳои плоки русӣ доштаанд, ба мақари ин бригод мунтақил шудаанд. Ин вазоратхона мегӯяд афроди ин бригод ба савганди худ вафодор монда ва ҳозир ба замин гузоштани силоҳҳои худ нашудаанд.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико дар Твитери худ навишта "Ғарб дар муқобили Шарқ ё Омрико ва Урупо дар муқобили Русия масаъла нест, масъала муборизаи мардуми Укройн бо истибдод аст."

Ба гуфтаи хабарнигорони Би-би-сӣ дар Севастопол то ба ҳол шаш нови русӣ вориди ин бандар шудаанд.

Хабарнигорони Би-би-сӣ шоҳид будаанд, ки нерӯҳои рус дар манотиқи марзии Криме машғули ҳафри сангар будаанд.