Комилан махфӣ: Зиндагии ҳомилони вируси Эйч-ой-вӣ дар ҷомеъаи суннатӣ'

  • 2 Декабр, 2013
Савсан
Image caption Савсан, шавҳар ва писари чаҳорсолаи ӯ ҳомили вируси камбуди масунияти бадан ҳастанд

Савсан, номи мустаъори сокини 30-солаи Кӯлоб дар вилояти Хатлон аст, ки аз панҷ сол бад-ин сӯ бо вируси камбуди масунияти бадан (Эйч-ой-вӣ ё ВИЧ) ба сар мебарад. Шавҳар ва писари чаҳорсолаи ӯ низ ҳомили ин вирус ҳастанд.

Ин хонавода, яке аз даҳҳо хонаводаи дигар дар ин минтақа аст, ки бо вируси Эйч-ой-вӣ даст ба гиребон аст. Гуфта мешавад, ки бештари занони ҳомили вируси Эйч-ой-вӣ дар Тоҷикистон тавассути шавҳаронашон ба ин вирус олуда шудаанд.

Савсанро дар Маркази мубориза бо бемории Эйч-ой-вӣ ҳамроҳи писараш дидам. Ӯ барои дарёфти машварати пизишкӣ ба ин марказ омада. Мегӯяд, шавҳараш дар муҳоҷират ва ӯ аз шавҳараш ба ин вирус олуда шудаанд.

Хонаводаи Савсан, як хонаводаи суннатӣ дар миёни ҷомеъаи суннатитар дар кӯҳистони Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, ба хотири ангушнамо нашудани хонаводааш, бавижа писараш "имкон надорад", ки сирри хонаводааш дар миёни хосу ом ошкор шавад.

Савсан мегӯяд: “Дар деҳае, ки мо зиндагӣ мекунем мардум аз Эйч-ой-вӣ маълумот надоранд. Фикр мекунанд, ки ин беморӣ аз роҳи ҳавоӣ ва дар амокини умумӣ метавонад ба дигарон сироят кунад. Ба ин хотир мо ба касе намегӯем в-агар на радди маърака хоҳем шуд.”

Дар ҷомеъаи Тоҷикистон, ки умдатан суннатӣ буда ва дар мавриди вируси Эйч-ой-вӣ ва афроди ҳомили ин вирус ақоиди суннатӣ доранд, ҳамаи мубталоён ба ин вирус маҷбуран вазъи худро махфӣ нигоҳ доранд.

Алишер, номи мустаъори ҷавоне дигар дар ноҳияи Вахш аст, ки ӯ ва ҳамсараш низ ҳомили вируси Эйч-ой-вӣ ҳастанд. Алишер мегӯяд: “Шаш сол дар Русия кор кардам ва онҷо ба ин вирус мубтало гаштам, намедонистам, ки бемор ҳастам ва ҳамсарам низ ба ин вирус олуда шуд. Агар медонистам, ба ҳамсарам наздик намешудам. Дигар ба муҳоҷирати меҳнати рафта наметавонам чун онҷо барои тоҷиконе, ки мубталои ин вирус ҳастанд, ҷойи кор пайдо кардан душвор аст ва доруҳое, ки ба онҳо ниёз дорам дар онҷо хеле гарон ҳастанд.”

Ӯ мегӯяд, ин доруро барои шаҳрвандони Русия ройгон медиҳанд, вале барои афроди ғайрирус ин дору фурӯхта мешаванд. Орзӯи Алишер пайдо кардани фарзандест, ки солим бошад ва "зиндагияшро ранги дигар бахшад".

Кӯдакони солими мубталоёни ЭЙДЗ

Image caption Савсан: “Ман ва шавҳарам ба касе намегӯем, ки вирус дорем в-агар на, радди маърака хоҳем шуд."

Ӯ мегӯяд: “Духтурон гуфтанд, бо риъояти бархе қавоид мо ҳам метавонем фарзанди солим дошта метавонем. Ман ва ҳамсарам чун дар ин бора иттилоъ ёфтем, хеле хурсанд шудем ва ҳануз ин умедро, ки аз рӯзи аввали издивоҷ доштем дар дил мепарварем, ки шуданист. Фақат бояд бо амали ҷароҳӣ ба дунё ояд ва шири модари ҳомили вирус барояш мамнуъ аст.”

Алишер афзуд, ки на ҳамаи ҳомилони вируси Эйч-ой-вӣ хабар доранд, ки имкони доштани фарзандони солимро доранд. Тибқи иттилоъи расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 80 кӯдак таҳти назорати пизишкон аз волидони ҳомили вирсуи Эйч-ой-вӣ ба дунё солим омадаанд.

Масъулини маркази мубориза бар зидди бемории Эйч-ой-вӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки беш аз 80-дар сади ҳомилони вируси Эйч-Ой-вӣ дар миёни ҷавонон ба ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба ин вирус олуда шудаанд.

Зӯҳро Нурламинова, масъули маркази мубориза бо ЭЙДЗ дар Тоҷикистон мегӯяд, афроде, ки ба ин беморӣ гирифтор мешаванд ба марказ бо тахир муроҷеъа мекардаанд.

Хонуми Нурламинова мегӯяд: “Афроди мубтало ба ин беморӣ бояд ба марказ муроҷиат кунад ва сари вақт доруҳои лозимаро дарёфт ва истеъмол кунад. Тавзеъи ин доруҳо, машварати духтурон ва дигар намуди хизматрасониҳо дар 36 марказе, ки дар Тоҷикистон барои ҳомилони вируси Эйч-ой-вӣ фаъъол аст, ройгон мебошад. Онҳо метавонанд, нигарони ифшои ҳуввияташон набошанд, зеро муассисаҳои мо ҳамаи иттилоъро маҳрамона нигоҳ медоранд.”

Бар асоси иттилоъи маркази мубориза бар зидди бемории ЭЙДЗ дар Тоҷикистон беш аз панҷ ҳазору 300 нафар ҳомилони вируси камбуди масунияти бадан сабт шуда, ки 3915 нафарашон мардҳо мебошанд.

Дар вилояти Хатлон беш аз 1200 нафар ҳомили ин вирус буда, дар вилояти Бадахшон 353, дар вилояти Суғд 1026 дар навоҳии атрофи шаҳри Душанбе 950 нафар ва дар шаҳри Душанбе 1834 нафар сабт шудаанд.

Ҳамасола рӯзи якуми декабр дар Рӯзи ҷаҳонии ЭЙДЗ дар Тоҷикистон барномаҳои таблиғотӣ ва огоҳисозӣ дар бораи ин вирус баргузор мешавад. Ин барномаҳо аз як ҳафта боз дар хиёбонҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ доир ва дар ҷараёни онҳо сокинон барои ташхис ба марокизи вижаи мубориза бо вируси Эйч-ой-вӣ даъват шудаанд.

Матолиби муртабит