Уилиём Бурнз бо муъовини Ихвонулмуслимин дар зиндон дидор кард

  • 5 Август, 2013
мухолифи Муҳаммад Мурсӣ

илиём Бурнз, муъовини вазири хориҷаи Омрико бо Хайрот Шотир, аз раҳбарони Ихвонулмуслимин, ки дар боздошт басар мебарад, дидор кардааст.

Ин дидор дар авоили субҳи имрӯз, душанбеи 5 август ва дар маҳалли боздошти оқои Шотир сурат гирифтааст.

Дар ҷараёни ин дидор ки дар чорчӯби талошҳоии байналмилалӣ барои хотима додан ба буҳрони сиёсӣ дар Миср сурат гирифт, вузарои хориҷаи Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва намояндаи Иттиҳодияи Урупо ҳам ҳузур доштанд.

Оқои Шотир дар ҳоли ҳозир ба иттиҳоми таҳрики муътаризон ба қатли мухолифони Ихвонулмуслимин дар интизори муҳокима аст.

Гуфта шуда додгоҳи оқои Шотир аз рӯзи 25 моҳи ҷории мелодӣ оғоз мешавад.

Ин дидор дар ҳоле сурат гирифта ки Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳури давлати муваққат, гуфта ки дар талош аст ба эътирозоти Ихвонулмуслимин ба таври мусолиматомез поён диҳанд.

Аъзои Ихвонулмуслимин ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср ҳастанд, ки аз авоили моҳи гузаштаи милодӣ дар пайи суқути давлати оқои Мурсӣ ба эътирозоти густардае дар кишвар даст задаанд.

Ҳаводорони оқои Мурсӣ муътиқиданд, ки ӯ аз тариқи интихоботи озод ва мунсифона бар сари кори омада аз ин рӯ бояд то поёни даврааш дар симати раёсати ҷумҳурӣ боқӣ бимонад.

Дар таҳаввуле дигар дар бораи Миср ду тан аз сенотурҳои барҷаста аз ҳизби Ҷумҳурихоҳи Омрико барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомҳои Миср озими ин кишвар шудаанд.

Матолиби муртабит