Муътаризони мисрӣ алорағми таҳдиди артиш таҷаммуъ карданд
Ҳазорон нафар аз тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Миср, алорағми ҳушдорҳои артиши давлати муваққати ин кишвар мабнӣ бар бархӯрд бо онҳо ба таҷаммуъоти худ идома доданд.
Пештар давлат ба пулис дастур дода буд бо ҳар гуна таҷаммуъи тарафдорони оқои Мурсӣ бархӯрд шавад.
Аммо тарафдорони Ихвонулмуслимин мегӯянд чорае ҷуз идомаи таҷаммуъот надоранд.
Омрико дар ин миён аз давлати Миср хоста ба ҳаққи озодии таҷаммуъоти мардум эҳтиром бигузорад.
Сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико аз давлат хост, ки даст ба хушунат назанад.
Муҳаммад Мурсӣ сеюми июн ба дасти артиш аз раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд.
Пештар низ муътаризон ҳушдорҳои нерӯҳои амниятиро нодида гирифта ва ба эътирозҳо идома доданд, мавзӯъе, ки ба даргирӣ ва марги даҳҳо нафар анҷомид.
Вазири кишвари Миср гуфт иқдомоти тадриҷӣ барои пароканда кардани муътаризон анҷом хоҳад гирифт.
Вай қаблан дар баёнияе ин таҷаммуъотро "хатаре барои амнияти кишвар" дониста буд.
Ӯ гуфт ин эътирозҳо "боъиси эҷоди тарсу ваҳшат дар мардум ва масдуд шудани роҳҳо" мешавад ва дигар "наметавон ин вазъиятро таҳаммул кард"
Дар ин баёния вазири кишвари Миср аз пулис хоста буд "бо пайравӣ аз Қонуни асосӣ" бо ин таҷаммуъот бархӯрд кунад.
Дар вокуниш муъовини ҳизби Озодӣ ва Адолати Ихвонулмуслимин гуфт таҳдидҳои ахир боъиси таваққуфи фаъъолияти муътаризон нахоҳад шуд.
Вай гуфт мардуми Миср бояд муқобили таҳдидҳои давлат биистанд.
Давлати Миср нагуфта, ки чи гуна ва чи замоне алайҳи таҷаммуъоти тарафдорони оқои Мурсӣ даст ба амал хоҳад зад.