Хатлон: Ҳушдор дар бораи сирояти бемории сил аз ҳайвоноти аҳлӣ ба инсон
Бахши вазорати беҳдошти вилояти Хатлон ба масъулини бойторӣ дастур дода, ки ҳайвоноти аҳлии сокинони вилоятро барои пайдо кардани нишонаи бемории сил ташхис кунанд.
Тавсия шудааст, ки бавижа гову гӯсфандҳое, ки ширу гӯшти онҳо барои масрафи мардум дар назар гирифта шуда, ташхиси ҷиддӣ шаванд. То ҳоло домнпизишкон даҳ дарсади говҳо мутаъаллиқ ба сокинони вилоятро ташхис кардаанд.
Дар ин бора Насурулло Розиқов, сардори идораи бойторӣ дар Хатлон хабар дод ва гуфт, ки то ҳол беш аз 22 ҳазор гов дар манозили хусусӣ ташхис шуда ва домпизишкон аз ин миёни онҳо 11 гови мубталои бе бемории силро пайдо карданд.
Мутахассисон мегӯянд, ки ҳадафи чунин тасмим барои ташхиси ҳайвоноти аслӣ пешгирӣ аз сирояти бемории сил аз ҳайвоноти аҳлӣ ба одамон аст. Ба гуфтаи оқои Розиқов яке аз омилҳои ибтило ба бемории сил дар миёни мардум масрафи ширу гӯштӣ гову гӯсфанди бемор будааст.
Домпизишкон ба мардум барои ҷилавгирӣ аз ибтило ба ин беморӣ тавсия медиҳанд, аз хӯрдани шир ва гӯшти хом худдорӣ кунанд, ҳарчанд ҳушдор медиҳанд, ки ин беморӣ метавонад дар сурати даст расондан ба гову гӯсфанди мариз низ ба инсон сироят кунад.
Амокини вижае вуҷуд доранд, ки ҳайвоноти аҳлии бемор дар онҷо забҳ мешаванд ва гӯшти онҳо тавассути маҳлулҳои шимиёӣ безарар ва ба соҳибонашон бозгардонида мешаванд.
Аксари мардуми рустонишин дар вилояти Хатлон барои таъмини аъзои хонавода бо гӯшту шир ба дорои ҳайвоноти хонагӣ, аз ҷумла буз, гов ва гӯсфанд ҳастанд. Аммо муттахасисон мегӯянд, соҳибони ҳайвоноти аҳлӣ на ҳамеша онҳоро алайҳи бемориҳои мухталиф моякӯбӣ мекунанд.
Дар даврони Шӯравӣ ҳамасола дар канори ҳайвоноти ширкатҳои давлатӣ, ҳайвоноти аҳлии хусусӣ низ барои ҷилавгирӣ аз бурузи бемориҳои мухталиф миёни мардум моякубӣ мешуданд. Имрӯз ин амр бояд бо ташаббуси соҳибони ҳайвоноти аҳлӣ сурат бигирад.
Бекиҷон, як сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон аст, ки дар хонааш ҳафт гов нигаҳ медорад, мегӯяд, аз мубтало ба бемории сил шудани говҳо ва сироят ёфтани ин беморӣ ба инсон аз ҳайвон бори аввал шунидааст.
Ӯ мегӯяд: “Мо деҳқон ҳастем, гов зиёд дорем. Вале намедонистам, ки гову гусфанд метавонанд бемории сил бигиранд ва аз хӯрдани гӯшти онҳо ин беморӣ ба инсон ҳам сироят мекунад."
Феълан дар вилояти Хатлон расман беш аз се ҳазор бемори сил сабт шуда ва бархе аз онҳо дар дармонгоҳҳои мудавои сил бистарӣ ҳастанд. Аммо коршиносони арсаи беҳдошт бо ишора ба худдории иддае аз сокинон дар Тоҷикистон аз ташхис мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд омори ғайрирасмии беморони сил дар минтақа ба маротиб бештар аз омори расмӣ бошад.