Афсари баландпояи зан дар ҷануби Афғонистон кушта шуд
Мақомоти афғон мегӯянд як афсари зани пулис дар вилояти ҷанубии Ҳилманд ба зарби гулӯлаи афроди муҳоҷим кушта шудаанд.
Умар Зивок, сухангӯйи волии Ҳилманд, гуфт, ки Исломбибӣ замоне мавриди тирандозӣ қарор гирифт, ки хонаи худро дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази Ҳилманд, ба қасди маҳалли кор тарк мекард.
Хонуми Бибӣ 37-сола, мутаваллиди вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон буд, ки аз муддати даҳ сол то кунун ба суфуфи нерӯҳои пулиси афғон пайваста буд.
Ӯ фармондеҳи як воҳиди сиву дунафарии зани пулис дар Ҳилманд буд ва аз ӯ ба унвони як намунаи муваффақ дар миёни афсарони зан ном бурда мешавад.
Мақомот мегӯянд хонуми Бибӣ ҳамроҳ бо домоди худ савори як мутурсиклет буд, ки ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт ва захмӣ шуд. Ӯ баъдтар аз асари ҷароҳоти ношӣ аз ин ҳамла дар бемористон ҷон дод.
Ҳузури Исломбибӣ дар суфуфи нерӯҳои пулис дар яке аз нооромтарин ва суннитарин вилояти Афғонистон қобили мулоҳиза буд.
Ӯ қаблан ба расонаҳо гуфта буд, ки алоқа дорад ба кишвараш хидмат кунад ва ба ҳамин далел ҷонашро ба хатар мувоҷеҳ кардааст. Дар ҳоле ки падар, хоҳар ва бародараш низ бо кори ӯ дар нерӯҳои амниятии афғон мувофиқ нестанд.
Ин ҳодиса дар ҳоле сурат мегирад, ки инфиҷоре дар вилояти Ҳилманд, мунҷар ба кушта шудани чаҳор духтар шуд. Ба гуфтаи мақомот, ин духтарон ҳафт то дувоздаҳ сол доштанд ва дар як маросими арӯсӣ дар шаҳри Лашкаргоҳ ширкат карда буданд.
Пештар аз он низ инфиҷори дигаре дар вилояти Пактико, дар ҷанбуи шарқи Афғонистон, мунҷар ба кушта шудани ду кӯдаки донишомӯз шуда буд.
Инфиҷори минҳо яке аз авомили аслии кушта шудани ғайринизомиён дар Афғонистон дониста мешавад. Созмони Милали Муттаҳид аз бумбҳои канориҷодаӣ ба унвони қотили аслии ғайринизомиён дар Афғонистон ёд кардааст.