Оғози интихоботи таърихии Покистон дар ғубори хушунатҳо ва бими таҳдидҳо
Интихоботи саросарӣ ва иёлатии Покистон оғоз шудааст.
Мардум дар ҳоле барои ширкат дар ин интихобот омода шудаанд, ки хушунатҳо дар кишвар боло гирифта ва Толибон бо бо таҳдиди раъйдиҳандагон ва гурӯҳҳои сиёсӣ, хостори таҳрими интихобот шудааст.
Ин аввалин бор пас аз истиқлоли Покистон аз Бритониё ва дар 66 соли гузашта аст, ки аз тариқи интихобот қудрат аз як давлати ғайринизомӣ ба давлати дигар мунтақил мешавад.
Муҳаммад Вазирӣ, хабарнигори бахши форсии Би-би-сӣ ба яке аз ҳавзаҳои раъйдиҳӣ дар маркази Исломобод рафта мегӯяд истиқболи мардум дар ин ҳавза ва чанд ҳавзаи дигаре, ки ӯ мушоҳида карда хуб аст.
Сенотур Машоҳид Ҳусайн ба хабарнигори мо гуфтааст, ки ин интихобот, интихоботи таърихӣ аст ва алорағми таҳдидҳои ситезаҷӯён ҳузури мардум ва талоши мақомот барои баргузории он нишонгари мухолифат бо ситезаҷӯён ва фаъъолиятҳои онҳост.
Дар пайи таҳдиди Толибон ба бумбгузорӣ дар тӯли раъйгирӣ даҳҳо ҳазор сарбоз барои барқарории назм дар ҳавзаҳои райъгирӣ мустақар шудаанд.
Рӯзи ҷумъа, як рӯз пеш аз интихобот гурӯҳи Толибон ба шаҳрвандони покистонӣ ҳушдор дод, агар мехоҳанд аз ҳамла ба дафотири аҳзоби сиёсӣ дар амон бимонанд, ба ҳавзаҳои раъй нараванд.
Давлати Покистон дар талош барои ҷилавгирӣ аз вуруди шибҳанизомиёни хориҷӣ чанд соъат пеш аз боз шудани ҳавзаҳои раъйгирӣ марзи муштараки худро бо Эрон ва Афғонистонро бастааст.
Мақомоти давлатӣ гуфтанд, ин марзҳо барои се рӯзи оянда баста хоҳанд буд.
Ҳавзаҳои раъйгирӣ соъати 8 субҳ ба вақти маҳаллӣ боз шудаанд ва то панҷи баъд аз зуҳр раъйдиҳандагонро мепазиранд.
Дар ҷараёни хушунатҳои рӯзҳои ахир дар Покистон дасти кам 100 нафар кушта шуданд.
Гумон меравад, ҳамлаҳои мутаъаддид дар ҷараёни таблиғоти интихоботӣ алайҳи се ҳизби либероли Покистон, кори Толибон буда бошад.
Толибон эълом карда буд “Ҳизби мардуми Покистон”, ҳизби “Ҷунбиши миллии муттаҳид” ва “Ҳизби миллии умумӣ” ҳадафи ҳамлааш хоҳад буд.
Дар муқолбил, ҳизби “Муслим лиг” ба раҳбарии Навоз Шариф ва ҳизби “Ҷунбиш барои адолат”, ки Умрон Хон дар раъси он аст, тавонистанд бидуни таҳдиди мустақими шибҳанизомиён ба таблиғоти интихоботии худ бипардозанд.
Беш аз 600 ҳазор нерӯи артишӣ ва амниятӣ барои муқобала бо ҳамалоти эҳтимолӣ ба ҳавзаҳои раъйгирӣ дар саросари Покистон мустақар шудаанд.