Пешниҳоди Тоҷикистон барои тавсеъаи ҳамкориҳои энержӣ
Сафири Тоҷикистон дар Покистон бо вазири нафт ва захоири табиъии ин кишвар масоили марбут ба тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши энержиро матраҳ кардааст.
Бино ба иттилоъи нашрияи “Pakistan Observer”, Суҳайл Ваҷоҳат Сиддиқӣ, вазири нафт ва захоири табиъии Покистон зимни дидор бо Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон ба захоири ғании нафту гоз ва манобеъи бузурги энержӣ дар Тоҷикистон ишора карда ва кишвараш алоқаманд аст барои бароварда сохтани ниёзҳояш бо манобеъи энержӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.
Оқои Сиддиқӣ бо таъкид ба гузоришҳои ширкатҳои мӯътабари ҷаҳонӣ дар мавриди захоири беш аз 8,5 милёрд бушка нафт ва 27 милёрд метри мукааби гози табиъӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон дар оянда дар бахши истихроҷи нафту гоз дар минтақа пештоз хоҳад шуд.
Зимнан, дар моҳи июли соли гузашта ширкати "Tethys Petrolium Limited", ки дар Осиёи Марказӣ пажӯҳиш ва истихроҷи нафту гоз машғул аст, дар бораи пайдо шудани манобеъи хеле бузурги нафту гоз хабар дода ва мизони эҳтимолии манобеъи энержӣ дар Тоҷикистонро “супер-гигант” унвон карда буд.
Бояд таъкид кард, ки ин хабари кашфи манобеъи энержиро на танҳо ширкати нисбатан кӯчаки "Tethys Petrolium Limited", балки ширкати "Gustavson Associates", ки аз ширкатҳои бузург ва мӯътабари Иёлоти Муттаҳидаи Омрико маҳсуб мешавад, таъйид карда буд.
Вазири Покистон гуфтааст, ки кишвараш солиёна ба 3 ҳазор меговот нерӯи барқ ниёз дошта ва Тоҷикистон метавонад дар оянда ин миқдор нерӯи барқро ба Покистон содир кунад. Ба ин манзур бояд хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистон бунёд шавад.
Зимнан, тибқи тарҳи интиқоли нерӯи барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Покистон бо ҳазинаи беш аз 6 милёрд дулори омрикоӣ мавсум ба “CASA – 1000” нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон интиқол хоҳад шуд.
Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Тавсеъа ва Ожонси рушди байналмилалии Омрико (USAID) омодагии худро барои пуштибонии молӣ аз ин тарҳ иброз доштаанд.
Бино ба иттилоъи Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, ин кишвар метавонад дар фасли тобистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба миқдори 7 милёрд килувот-соъат нерӯи барқ содир кунад. Аммо ба далели камбуди хутути интиқоли нерӯи барқ ҳамасола ин миқдор нерӯи барқ талаф мешавад.