Ҳамла ба сойти сафорати Тоҷикистон дар Фаронса: "Ман Шорлӣ нестам"

  • 14 Январ, 2015

Ба сойти сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ҳамлаи ҳакерӣ сурат гирифтааст. Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Порис ин иттилоъро таъйид карданд.

Тибқи гузоришҳои расида аз Порис, сойти сафорати Тоҷикистон дар Фаронса www.tajembfrance.fr таҳти ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифтааст.

Ин сойти расмии намояндагии диплумотики давлати секулори Тоҷикистон, кишваре бо ҷамъияти беш аз 90 дарсадии мусалмонон дар Фаронса дар ҳоли боз шудан сафҳаи сиёҳеро нишон медиҳад, ки рӯйи он навиштаҷоте ба забони фаронсавӣ "О Фаронса. Ман мусалмон ҳастам, Шорлӣ нестам" ҷой дода шудааст.

Кормандони сафорати Фаронса дар сӯҳбати телефунӣ бо Би-би-сӣ ин хабарро таъйид карда ва гуфтанд, ки сойти расмии сафоратхонаи Тоҷикистон аз рӯзи якшанбе ончиро ки хакерҳои интернетӣ дар он ҷой дода буданд нишон медидод, аммо дар ҳоли ҳозир дастрасӣ ба ин сойт масдуд шуда ва кормандони фаннӣ дар ҳоли таъмири сойт ҳастанд.

Пештар Ҳомидҷон Назаров, сафири Тоҷикистон дар Фаронса ба хабарнигорони "Озодӣ" гуфт, ки ин амр бо ҳаводиси терруристии 7-9-уми январ дар Порис, аз ҷумла ба ҳамла ба нашрияи "Шорлӣ Ебду" дар Порис иртибот дорад.

Оқои Назаров ҳамчунин гуфтааст, ки кормандони сафорати Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони диплумотики даҳҳо кишварҳои дигар бо даъвати вазорати хориҷаи Фаронса дар тазоҳуроти милиюннафарии Порис, ки ба ёди кушташудагон баргузор шуда буд, ширкат доштанд.

Вай афзудааст: "Мо ҳамчунин таслияти худро ба мардуми Фаронса дар китоби ёдбуди Вазорати хориҷаи Фаронса иброз доштем".

Фароҳамгари сойти сафорати Тоҷикистон дар Фаронса, тоҷикистонӣ буда ва аз дохили Тоҷикистон фаъъолияти сойтро тазмин мекунад.

Ба гуфтаи кормандони сафорати Тоҷикистон дар Фаронса онҳо ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дархост кардаанд, ки ба ин мушкил расидагӣ шавад ва дар ҳоли ҳозир сойти расмии намояндагии Тоҷикистон дар Фаронса таҳти бозсозӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад, ба ҷуз аз сойти сафорати Тоҷикистон дар Фаронса сойти чандин намояндагии дигар дар Фаронса ва сафҳаи интернетии Созмони миллали муттаҳид низҳак шудааст.

Ҳак шудани сойти расмии намояндагии Тоҷикистон дар Фаронса ва пайдо шудани навиштаҷоти "Ман Шорлӣ нестам" дар ин сойт дар ҳолест, ки дар пайи ҳамла ба маҷаллаи ҳаҷвӣ дар Порис ва кушта шудани 12 нафар дар ин ҳамла, аз ҷумла 8 корикотуристи ин нашрия дар шаҳрҳои урупоӣ роҳпаймоиҳое ба ёди кушташудагон баргузор шуда ва ширкаткунандагон дар эътироз ба ҳамлагарон навиштаҷоти "Ман Шорлӣ ҳастам" дар даст доштанд.

Гуфта мешавад, ҳамла ба нашрияи Шорлӣ Ебду дар вокуниш ба чопи корикотурҳои паёмбари ислом дар ин маҷалла дар соли 2006 сурат гирифта бошад.