Тақозои фориғуттаҳсилони донишгоҳҳои хориҷӣ барои озодии Содиқов
Image copyright
BBC World Service
Шуморе аз фориғуттаҳсилони тоҷики донишгоҳҳои хориҷӣ бо имзои туморе дар шабакаи ҷаҳонии интернет аз раиси Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки ба озодии фаврии Александр Содиқов, пажӯҳишгари боздоштшуда, мусоъидат кунад.
Дар номаи саргушодаи ин афрод унвонии Саидмуъмин Ятимов, раиси ин кумите, ки рӯзи 18 июн дар торнамои Avaaz.org мунташир шуд, аз боздошти оқои Содиқов тавассути маъмурони амниятии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, ибрози нигаронӣ шудааст.
Дар инома омадааст: "Ин ки фаъъолиятҳои илмию пажӯҳишии Александр Содиқов дар бораи таҷрубаи мусбати кишварҳои Осиёи Миёна дар ҳалли мунозеъот аз сӯйи ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ба унвони ҷосусӣ ба нафъи кишваре бегона таъриф шуда, мояи ҳаросу ваҳшат аст."
Дар муддати кӯтоҳе пас аз интишори ин нома, шумори касоне, ки зери он имзо гузоштанд, аз 100 нафар бештар шудааст. Муаллифон навиштаанд, ки фаъъолияти илмии ҳирфаӣ ва ошкори оқои Содиқов дар заминаи бозтоби рӯйдодҳои мухталифи Тоҷикистон дар интернет, осори илмӣ ва суханрониҳояш собит мекунад, ки ӯ дар ҳеч гуна фаъъолиятҳои ҷосусӣ даст надорад.
Гузашта аз ин, Пруфесур Ҳизершо аз Донишгоҳи Эксетери Бритониё гуфтааст ҳама гуна аснодеро, ки собит мекунад, оқои Содиқов ба кори илмӣ машғул буда, дар ихтиёр дорад.
Фориғуттаҳсилони тоҷики донишгоҳҳои хориҷӣ зимни ҳимоят аз "талошҳои давлати Тоҷикистон барои эҷоди як ҷомеъаи демукротик" таъкид кардаанд, ки ин раванд шомили табодули андеша, иттилоъ ва дониш ҳам мешавад: "Аммо чунин табодул бидуни ширкати намояндагони маҳофили илмию омӯзишӣ, ки Александр Содиқов, табаъаи Тоҷикистон ҳам дар радифи онҳост, ғайримумкин аст."
Дар ин нома омадааст, ки шумори бештаре аз атбоъи Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил кардаанд, ба ватани худ баргашта ва саҳми худро дар тавсеъаи арсаҳое чун омӯзишу парвариш, иқтисод, беҳдошт ва башхҳои дигар мегузоранд.
Аммо онҳо меафзоянд: "Боздошти оқои Содиқов, мо - донишҷӯён, пажӯҳишгарону олимони ҷавонро водор месозад, ки худро дар фаъъолиятҳои илмию ҳирфаии худ бепушту паноҳ ва осебпазир эҳсос кунем. Мо ҳамеша талош мекунем аз дониш ва маҳорати худ ба суди пешрафти кишварамон истифода кунем."
Дар ин тумори интернетӣ аз Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, тақозо шуда, ки ба озодии фаврии Александр Содиқов мусоъидат кунад.
Аз ӯ ҳамчунин дархост шуда, ки иттилоъоти дақиқ дар бораи сарнавишти оқои Содиқов дар ихтиёри ҷомеъаи маданӣ гузошта шаванд. Имзокунандагони ин номаи саргушода муътақиданд, ки боздошти оқои Содиқов, як иқдоми “шитобзада”-и кормандони амниятӣ будааст.
Дар ин нома аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон ҳамчунин хоста шудааст, ки барои анҷоми таҳқиқоти мухталифи олимону пажӯҳишгарони ҷавон, фориғуттаҳсилини донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ва таҳлилгарон дар ин кишвар шароити муносиб фароҳам кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Донишгоҳи Турунтуи Конодо ҳам бо интишори иттилоъияе хабар додааст, ки Александр Содиқов, пажӯҳишгари боздоштшуда, аз моҳи сентябри соли 2011 ба ин сӯ донишҷӯи ин донишгоҳ аст.
Дар ин иттилоъия омадааст: "Оқои Содиқов аз соли 2011 ба ин сӯ ба анҷоми давраи дуктурояш дар бахши улуми сиёсии Донишгоҳи Турунту машғул аст. Дар тамоми ин давра, ки 5-6 солро дар бар мегирад, оқои Содиқов донишҷӯи ин донишгоҳ боқӣ хоҳад монд."
Пештар созмони Хонаи Озодӣ бо пахши баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ба аъзои хонаводаи Александр Содиқов ва ҳамкоронаш дар бораи маҳал ва шароити нигаҳдории ӯ дар боздошт иттилоъ бидиҳанд.
Александр Содиқов, рӯзи 16 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон боздошт шуда ва то ҳол дар бораи макони нигаҳдории ӯ ва шароити боздошташ иттилоъе пахш нашудааст.