Ироаи кумакҳои молӣ ба куҳнасарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар Тоҷикистон

  • 8 Май, 2014
Kуҳансарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум Image copyright BBC World Service
Image caption Дар Тоҷикистон беш аз 1200 нафар аз куҳнасарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ба сар мебаранд

Дар остонаи таҷлил аз 69-умин солгардии пирӯзӣ бар Олмон нозӣ бархе аз ниҳодҳои давлатӣ ба куҳнасарбозони ин ҷанг кумакҳои молӣ ироа кардаанд.

Аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон дар ҳамоише барои шуморе аз куҳнасарбозони ин ҷанг як ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом, ки муъодили 200 дулори омирикоист, кумак кардааст.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ, ин кумакҳои молиро аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба куҳнасарбозорн супоридааст.

Ҳамчунин, вазорати тандурустӣ роҳхатҳо барои табобати ройгон дар осоишгоҳҳоро дар ихтиёри чаҳор нафар аз маълулон аз ҷумлаи куҳнасарбозон гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдории Душанбе, низ дар ҷаласаи ин ниҳод мақомоти зирабти шаҳрдорӣ ва раҳбарони чаҳор ноҳияи пойтахти Тоҷикистонро дастур дода, ки дар остонаи таҷлил аз рӯзи пирӯзӣ бар фошисм ба аёдати 116 нафар аз куҳнасарбозони ҷанг раванд.

Ҳамчунин, оқои Убайдуллоев барои ҳар кадоме аз ин афрод 900 сомонӣ, ки муъодили 180 дулори омрикист, кумакпулӣ ихтисос додааст.

Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар аввали сентябри соли 1939 бо ишғоли ҳазорон сарбози Олмони нозӣ аз Лаҳистон оғоз шуд ва дар моҳи майи соли 1945 бо пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ ва муттаҳидонаш ба поён расид. Дар панҷ сол ҷанг саросари Урупоро фаро гирифт ва то поёни он ҳудуди 50 милюн нафар кушта шуданд.

Аз соли 1941 то соли 1945 аз Тоҷикистон ҳудуди 290 ҳазор нафар дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ширкат доштанд, ки бештари онҳо дар даргириҳо бо нерӯҳои Олмони нозӣ ҷонҳои худро аз даст дода ва ё нопадид шуданд.

Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз 1200 нафар аз куҳнасарбозони Ҷанги Дувуми ҷаҳонӣ ба сар мебаранд. Мизони маъоши бознишастагии мутавассити куҳнасарбозон дар ин кишвар аз 500 то 800 сомонӣ, муъодили аз 100 то 150 дулори омрикоӣ, аст.

Ҳарчанд маъоши куҳнасарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар муқоиса бо солмандон ва маълулон ду баробар бештар аст, аммо гуфта мешавад, ки ин маъош барои таъмини рӯзгори онҳо кофӣ нест.

Матолиби муртабит