Боздошти ду табаъаи Афғонистон ба занни қочоқи маводди мухаддир
Image copyright
BBC World Service
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду табаъаи Афғонистон ба занни қочоқи маводди мухаддир хабар додааст.
Тибқи хабари сойти "mvd.tj", кормандони бахши мубориза бо маводди мухаддири ин вазорат ба ҳангоми боздошт аз ду табаъаи Афғонистон беш аз 36 килугром маводди мухаддири навъи ҳашишро мусодира кардаанд.
Пулиси тоҷик ҳуввияти ин ду шаҳрванди Афғонистонро низ мушаххас карда ва дар ин сойт омадааст, ки Саидикром Валади Саидисломи 40-сола ва Хайрмаҳмад Муҳаммад Мусои 32-сола сокинони вилояти Қундузи Афғонистон будаанд.
Ҳарчанд дар хабари расмии вазорат макони боздошти ин ду сокини Афғонистон зикр нашудааст, аммо ба гуфтаи як масъули пулис, ин ду афғонистонӣ дар яке аз манозили маскунӣ дар хиёбони Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе боздошт шудаанд.
Пулис онҳоро дар амалиёти вижаи мубориза алайҳи қочоқи ин маводд дар рӯзи 26 апрели соли ҷорӣ боздошт кардааст. Кормандони бахши мубориза бо маводди мухаддири вазорати дохила мегӯянд, ки барои пайдо кардани ҳамдастони ин ду қочоқчӣ таҳқиқотро идома медиҳанд.
Тибқи иттилоъи кормандони Додситонии кулли Тоҷикистон, дар зиндонҳои ин кишвар шуморе аз шаҳрвандони хориҷӣ барои иртикоби ҷароим дар Тоҷикистон зиндонӣ ҳастанд, ки теъдоди бештаре аз онҳоро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд. Беш аз 90 дарсади ин афрод барои қочоқ ва интиқоли маводди мухаддир аз сӯйи додгоҳҳои мухталифи Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол масъулони ниҳодҳои интизомӣ мегӯянд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ як туну 260 килограмм маводи мухадирро аз қочоқчиёни он боздошт кардаанд.
Женерол Рустам Назаров, раиси Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки ин омор дар муқоиса ба даврони мушобеҳ дар соли гузашта 38 дарсад коҳишро нишон медиҳад.
Оқои Назаров мегӯяд: "Бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар манотиқи мухталифи Афғонистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар фаъъолиятҳои кормандони амниятӣ ва интизомӣ тақвият ёфт, ҷароими вобаста ба қочоқи ин маводд низ коҳиш ёфтааст."
Раиси ожонс ҳамчунин гуфт, ки сол то сол ҳамкориҳои ниҳоди онҳо бо ниҳодҳои интизомии Афғонистон барои мубориза бо маводди мухаддир афзоиш меёбад.
Аз сӯйи дигар, масъулони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз фаъъолияти ба гуфтаи онҳо созанда дар заминаи мубориза алайҳи маводди мухаддир дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон гузориш медиҳанд.
Пас суоли матраҳ ин аст, ки чи тавр ду сокини Афғонистон, ки ду рӯзи қабл дар шаҳри Душанбе бо беш аз 36 килуграм маводди мухаддир боздошт шудаанд, тавонистаанд аз марз бо ин миқдор маводд убур кунанд ва онро ба осонӣ то пойтахти Тоҷикистон расонанд?