Поёни интихоботи Афғонистон ва вокуниши номзадҳо

  • 5 Апрел, 2014

Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон эълом кард, ки раванди раъйгирӣ дар севумин интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии ин кишвар поён ёфтааст.

Ин раванд, ки соъати ҳафти субҳ оғоз шуда буд, мебоист соъати чаҳори баъд аз зуҳр тамом шавад, вале раиси Кумисиюни мустақилли интихобот эълом кард, ки раванди раъйгирӣ ба далели таъхир дар оғози он барои як соъат тамдид шуд.

Ин кумисиюн гуфта, ки замони раъйгирӣ дигар қобили тамдид нест. Вале касоне, ки ҳанӯз дар саф ҳастанд, метавонанд раъй диҳанд. Гузоришҳо аз Афғонистон ҳокӣ аз мушорикати густардаи мардум дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии ин кишвар аст.

Барои хондани матолиби бештар ба хатти форсӣ ба ин сафаҳоти сойти форсии Би-би-сӣ муроҷеъа кунед:

Лаҳза ба лаҳза бо интихоботи Афғонистон

Сафҳаи вижаи интихоботи Афғонистон-1393

Сафҳаи Афғонистон дар сойти форсии Би-би-сӣ

Пахши зиндаи телевизиюни форсии Би-би-сӣ

Сафҳаи вижаи барномаи "Навбати шумо"

Дар бисёре аз манотиқ мардуми зиёде бо вуҷуди ҳавои боронӣ ва таҳдидҳои пайвастаи шӯришиён ба пойи сандуқҳои раъй рафтаанд. Дар бисёре аз манотиқ аз камбуди баргаҳои раъй гузориш шудааст.

Image copyright

Зиёулҳаққи Амрхел, дабири Кумисиюни мустақилли интихобот, дар поёни замони интихобот ба хабарнигорон гуфт, ки мардум бо назм ва ханда ба сӯйи марокизи раъйгирӣ рафтанд. Ӯ поёни интихоботро ба мардум табрик гуфт. Оқои Амрхел афзуд, ки мушорикати мардум бештар аз интизор буд.

Пас аз поёни замони раъйгирӣ раванди шумориши оро ба сурати дастӣ дар марокизи раъйгирӣ оғоз шудааст. Бархе аз телевизиюнҳои маҳаллӣ ин равандро ба сурати зинда пӯшиш медиҳанд.

Натоиҷи аввалияи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон рӯзи 4 урдибиҳишт (24 апрел) ва натоиҷи ниҳоӣ рӯзи 24 урдибиҳишт (14 май) эълом хоҳад шуд.

Аз мавориди ҳамлаи шӯришиёни Толибон ба марокизи раъйгирӣ ва мамонеъати онон аз рафтани мардум ба ин марокиз ҳам дар бахше аз нуқоти Афғонистон гузориш шуда, вале ҷузъиёти бештаре дар бораи талафот ё хисороти ворида аз ин ҳамалот дар даст нест.

Вокуниши номзадҳо

Фозили Санчоракӣ, аз сухангӯёни ситоди Абдуллоҳи Абдуллоҳ: "Дар вилоёте, ки оқои Абдуллоҳ раъйи бештар доштанд, камбуди баргаи раъйгирӣ (вуҷуд дошта)-аст ва ду севум аз касоне, ки қасди раъй додан доштанд, натавонистанд раъй бидиҳанд. Аз ҷумла, дар вилоёти Бомиён, Бадахшон, Дойкандӣ, Бодғис, Тахор, Ҳирот, Балх ва Кобул. Имкони роҳ уфтодани хушунат ҳаст ва мо саъй дар ором кардани ҳаводорон дорем."

Файзуллоҳи Закӣ, аз сухангӯёни ситоди Ашрафғанӣ Аҳмадзай: "Интихобот бо азаммат ва шукӯҳ анҷом шуд ва бо вуҷуди таҳдидҳои амниятӣ мардум ҳузури чашмгире доштанд ва барои ҳамин баргаҳои раъй дар баъзе аз марокиз тамом шуда, ки ин эрод (аз кори) Кумисиюни мустақилли интихобот аст."

Image copyright najibulah Mosafir

Ҷовид Файсал, аз сухангӯёни ситоди Залмай Расул: "Имрӯз як рӯзи торихӣ дар Афғонистон буд. Аз раванди интихобот розӣ ҳастем, ҳарчанд дар вилоёти Балх, Ҳилманд, Форёб ва Самангон гурӯҳҳои шибҳинизомӣ монеъи ҳузури нозирони мо дар марокизи раъйгирӣ шуданд. Мо аз кумисиюни шикоёт ва нозирон мехоҳем раванди шумориши ороро бадиққат назорат кунанд, то тақаллубҳои суратгирифта рӯшан шавад."

Ид Муҳаммад, аз ситоди Қутбиддини Ҳилол, ба Би-би-сӣ гуфт: "Бо вуҷуди таҳдидҳо, амният хуб буд, аммо баъзе аз номзадҳо ва давлат даст ба тақаллуб заданд. Мо понздаҳ фиқра шикоят ба Кумисиюни мустақилли интихобот ироа кардем."

Забеҳуллоҳи Фарҳанг, сухангӯйи ситоди Ҳидоят Амин Арсало: "Бо вуҷуди таҳдидҳои амниятӣ ҳузури мардум густарда буд ва мо инро муборакбод мегӯем. Аммо даҳҳо маврид гузориши тақаллуб ба мо расида, ки ба кумисиюн ирҷоъ додем. Умедворем кумисиюн шикоёти мавориди тақаллубро бо диққат ва ҷиддият баррасӣ кунад."

Фаҳими Кӯҳдоманӣ, сухангӯйи ситоди Абдурраб Расули Сайёф, мегӯяд: "Бо вуҷуди ҳавои боронӣ бисёре аз мардум барои раъй додан омаданд. Аммо баргаи раъй кам буд ё баргаҳои каме чоп карда буданд ё он ки баргаҳо барои тақаллуб истифода шуданд. Ҳамчунин гузоришҳое ба мо ва мароҷеъи назоратӣ расида, ки мақомҳои давлатӣ тақаллуб карданд."

Довуди Султонзуй, номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ: "Интихобот хуб буд ва ба мардуми Афғонистон табрик мегӯям. Мардум бо ҳузурашон дар марокизи раъйгирӣ нишон доданд, ки ба кишварашон ва зиндагияшон алоқаманд ҳастанд. Умедворам кумисиюни шикоёт ба шикоёт расидагӣ кунад. Ҳанӯз зуд аст, ки дар бораи тақаллубҳо суҳбат кунам."

Image copyright FB

Севумин давраиинтихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва шӯроҳои вилоятӣ имрӯз, шанбеи 5 апрел, баргузор мешавад. Ҳашт номзад дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва ду ҳазору ҳафтсад номзад дар интихоботи шӯроҳои вилоятӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Ин аввалин давраи интихоботи Афғонистон аст, ки бо мудирият ва назорати афғонҳо баргузор мешавад ва пешбинӣ шуда, ки дар ин интихобот сездаҳ милюн нафар ширкат кунанд.

Дар сартосари Афғонистон тадобири сангини амниятӣ вазъ шудааст. Ҳудуди чаҳорсад ҳазор нерӯи амниятии афғон ва хориҷӣ барои таъмини амнияти ин интихобот муваззаф шудаанд.

Image copyright 8am

Матолиби муртабит