Кашф ва мусодираи 120 килугром маводди мухаддир дар Тоҷикистон
Масъулони Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон аз кашф ва мусодираи 120 килугром маводди мухаддир дар ду рӯзи ахир хабар додаанд.
Бар асоси иттилоъи сойти расмии ин ниҳод, ки рӯзи душанбеи 17 март пахш шудааст, ин мавод дар ҷараёни амалиёти мубориза бо қочоқбарони маводди мухаддир кашф ва мусодира шудааст.
Кормандони ожонсӣ мегӯянд, ки қочобароне, ки дар ин амалиёт боздошт шудаанд, муддати тӯлонӣ ба интиқоли маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба хориҷ машғул будаанд.
Аз ҷумла, яке аз ин қочоқгарон сокини 49-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда ва кормандон аз ӯ 96 килуграм маводди мухаддири навъи бангдонаро кашф кардаанд. Кормандони интизомӣ мегӯянд, ки ин сокини вилояти Суғд, қаблан ба иттиҳоми роҳзанӣ ва таъсиси гурӯҳҳои ҷинояткор низ муҷрим шуда ва 13 солро дар зиндон сипарӣ кардааст.
Ҳамчунин, дар ин амалиёт ҳамдасти 32-солаи ӯ аз ин ноҳия низ боздошт шуда ва кормандони интизомӣ машғули таҳқиқоти парвандаи ҷиноӣ барои пайдо кардани шарикони дигари онҳо будаанд.
Дар амалиёти дигари ин ниҳод кормандони он беш аз 18 килуграм маводди мухаддир дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мусодира кардаанд.