Шумори куштаҳои Укройн ба бист нафар расид

  • 19 Феврал, 2014
Image copyright Reuters
Image caption Майдони Истиқлол аз моҳи ноябр саҳнаи эътирозот буда

Шумори куштагони эътирозоти Укройн дар рӯзи сешанбе дастикам бист нафар эълом шудааст.

Пулис ба майдони Истиқлоли шаҳри Киев, муҳимтарин маҳалле, ки муътаризон аз моҳи ноябр дар ишғоли худ доштанд, ҳамлавар шудааст.

Гузориш шуда, ки дар ин маҳал инфиҷор рух дода ва оташ афрӯхта шудааст.

Дар миёни ҳаждаҳ нафаре, ки кушта шуданашон дар рӯзи сешанбе таъйид шудааст, ҳафт нафар ҳам аз нерӯҳои пулис ҳастанд.

Ҳарчанд баъд аз ин моҷароҳо раҳбарони мухолифон бо Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии Укройн дидор карданд, аммо тарафайн натавонистанд ба роҳи ҳалле барои поён додан ба ин даргириҳо даст ёбанд.

Image copyright Reuters

Яке аз раҳбарони мухолифон дидораш бо раиси ҷумҳуриро ин тавр таъриф кард, ки ӯ танҳо роҳи ҳалли пешниҳодҳояш ин буда, ки майдони Истиқлолро тарк кунанд.

Яке аз дастёрони раиси ҷумҳурӣ хабар дода, ки оқои Янукович дар ҳоли омода кардани як суханронӣ барои мардуми кишвараш аст.

"Хунҳои бегуноҳ"

Нерӯҳои амниятӣ ба муътаризон то соъати шаши баъд аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ фурсат дода буданд, то майдони Истиқлолро тарк кунанд.

Метруи пойтахт комилан таътил шуда, ки аз вуруди утумубилҳо ба майдони Истиқлол ҷилавгирӣ шудааст.

Лаҳазоте пеш аз соъати шаши баъд аз зуҳри рӯзи сешанбе пулис пушти баландгӯ эълом кард, ки "амалиёти зиддитеруристиро" оғоз мекунанд.

Пулис як худраве зиреҳӣ ба сӯи майдон равон кард, ки сангарбандиҳои муътаризонро хароб кунад ва дар ҳамон ҳол ба сӯйи онҳо норинҷаки нурӣ шиллик кард ва бо мошини обпош саъй кард онҳоро пароканда кунад.

Аз он тараф муътаризон ҳам бо партоби куктели мулутуф ва васоили оташбозӣ ба муқобилаи пулис пардохтанд.

Бисёре аз чодарҳои муътаризон дар ин ҳодиса сӯхт.

Сухангӯйи Кохи Сафед аз раиси ҷумҳурии Укройн хост, то гуфтугӯ бо раҳбарони мухолифонро аз сар бигирад.

Сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико ҳам дар баёнияе зимни таъкиди дубора бар лузуми гуфтугӯ байни тарафайн навишт: "Ихтилофоти амиқ дар Укройн бо рехтани хуни бегуноҳи бештар дармон намешавад."

Image copyright Getty
Image caption Муътаризон бо бумбҳои оташзо ва васоили оташбозӣ ба пулис ҳамла карданд.

Матолиби муртабит