Дастури Навоз Шариф барои ташкили кумитаи музокира бо Толибон

  • 29 Январ, 2014
Навоз Шариф Image copyright AFP
Image caption Ба гуфтаи хабарнигорон фишор бар давлати оқои Шариф барои иттихози тасмим алайҳи фаъолияти ситезаҷӯён афзоиш ёфтааст

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон гуфтааст, ки дастури ташкили кумитае барои анҷоми музокирот бо Толибонро додааст.

Бар асоси гузоришҳо 4 нафар узви ин кумита ҳастанд. Ирфон Сиддиқӣ аз муъовинони оқои Шариф, Муҳаммад Омир аз аъзои собиқи созмони истихборотии кишвар, Раҳимуллоҳ Юсуфзай, рӯзноманигор ва Рустамшоҳ Муҳманд, сафири собиқи Покистон дар Афғонистон аз аъзои ин кумита ҳастанд, ки таҳти назари вазорати кишвари Покистон фаъолият мекунад.

Оқои Шариф, ки дар порлумони ин кишвар суханронӣ мекард, таъкид кард, ки давлати ӯ мехоҳад то пеш аз анҷоми як амалиёти низомӣ алайҳи ситезаҷӯён бори дигар шонси музокиротро биозмояд.

Фишор бар давлати оқои Шариф барои иттихози тасмим алайҳи фаъолияти ситезаҷӯён афзоиш ёфтааст.

Дар тозатарин маврид аз ин даст Биловал Буту Зардорӣ, фарзанди Беназир Буту, нахуствазири пешини Покистон ва раиси ҳизби Мардуми ин кишвар, дар мусоҳибае ихтисосӣ бо Би-би- сӣ аз давлати Покистон хост алайҳи гурӯҳи исломгарои Толибон ба иқдоми низомӣ мутавассил шавад.

Оқои Буту, ки пас аз террури модараш ба ҳамроҳи Осиф Алии Зардорӣ (падараш) раёсати ҳизби Мардумро дар даст дорад, гуфтааст, ки сиёсатмадорони покистонӣ бояд дар баробари таҳдиде, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи монанди Толибон мутаваҷҷеҳи Покистон мекунанд "аз хоб бедор шаванд."

Биловал Буту гуфт, ки давлати Покистони гузинаи мутаваққиф кардани хушунат аз тариқи музокира бо Толибонро дунбол карда, аммо ин гузина роҳ ба ҷое набурда ва инак иқдоми низомӣ зарурат ёфтааст. Раиси ҳизби Мардуми Покистон гуфтааст: "Гуфтугӯ ҳамешаи як гузина аст, аммо бояд аз мавзеъи қудрат гуфтугӯ кард."

Ба дунболи пирӯзии ҳизби Муслим Лиг дар интихоботи порлумонии Покистон дар соли гузаштаи мелодӣ давлати оқои Шариф гуфта буд, ки дар назар дорад бо ситезаҷӯёни Толибон музокира кунад.

Дар авоили моҳи сентябри соли гузаштаи милодӣ аҳзоби аслии Покистон дар Исломобод, пойтахт бар авлавият доштани музокира бо ситезаҷӯён ба иҷмоъ расиданд.

Ба дунболи ин таҳаввул Шоҳидуллоҳ Шоҳид, сухангӯи Толибон эълом кард, ки хуруҷи нерӯҳои низомӣ аз манотиқи қабилаӣ ва озодии зиндониёни Толибон пешшарти Толибон барои шуруъи музокирот аст. Сухангӯи Толибон ин шурутро барои эҷоди ҷавви эътимод байни ду тараф унвон кард, агарчи тавзеҳ надод, ки иқдоми онҳо дар сурати бароварда шудани эҳтимолии ин шурут чӣ хоҳад буд.

Агарчи бисёре бо ҳаргуна пешшарте аз суи Толибон мухолиф ҳастанд, аз ҷумла артиши Покистон, ки гуфтааст алорағми ҳимояти куллӣ аз музокирот бо Толибон онҳо "таслими терруриистҳо" нахоҳанд шуд.

Аз он замон то кунун таҳаввули хосе дар пешбурди музокирот сурат нагирифтааст. Толибон дар чандин мавриди аҳдофи давлатӣ ва низомиро ҳадаф қарор дода ва теъдоде аз сарбозони артишро кушта ва дар мавориде даст ба террури ҳадафманди афрод задааст; аз ҷумла террури Чудрӣ Асламхон, раиси идораи амалиёти зидди терурисми Карочӣ, ки ба мубориза бо ситезаҷӯёни Толибон шӯҳрат дошт.

Аз суи дигар Толибон давлатро муттаҳам кардааст, ки дар анҷоми музокирот содиқ нест ва ба мавориди кушта шудани раҳбарони онҳо аз ҷумла Ҳакимуллоҳ Меҳсуд ишора кардааст.

Ҳамзамон бархе аз мунтақидин давлатро ба бетасмимӣ дар қиболи хушунат дар кишвар муттаҳам мекунанд.

Аҳмад Рашид, нависанда ва рӯзноманигори покистонӣ дар навишторе мегӯяд, ки Навоз Шариф зоҳиран кунтрули авзоъро аз даст дода ва бисёре аз мардуми Покистон аз он бим доранд, ки нахуствазири кишварашон бакуллӣ аз талош барои рафъи буҳрони ҷорӣ даст бардошта бошад. Байни артиш ва давлати ғайринизомӣ ҳам мушкилоти рӯзафзуне вуҷуд дорад.

Ба назар мерасад таҳти ин шароит ва бо афзоиши фишор дастикам оқои Шариф дар кӯтоҳмуддат талош дорад то бо ташкили чунин кумитаҳо ва талошҳои тоза барои оғози музокирот бо ситезаҷӯён аз бори ин фишори интиқодӣ бикоҳад.

Ҳамчунин бархе аз таҳлилгарон ин изҳороти оқои Шарифро дар ин мақтаъи замонӣ бо сафари ҳайате покистонӣ ба Омрико ва аз саргирии музокироти истротежики байни ду кишвар беиртибот намедонанд.

Матолиби муртабит