Фелалиев раиси фроксиюни ҳизби ҳоким дар порлумон шуд
Акрамшо Фелалиев ба ҳайси раҳбари гурӯҳ ё фроксиюни ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон (ҲХДТ) дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар баргузида шуд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъотии Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 17 январ дар ҷаласа намояндагони порлумон аз ҲХДТ бо аксари кулли оро оқои Фелалиевро ҷойгузини Махфират Хидирова кардаанд.
Дар пайи интисобаш ба риёсати Кумитеи умури зан ва хонавода хонуми Хидирова курсии Маҷлиси намояндагонро аз даст дод.
Акрамшо Фелалиев аз тариқи феҳристи ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон шомили Маҷлиси намояндагон шуда ва дар Кумитеи байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоъоти порлумон узвият дошт.
Оқои Фелалиев дар интихоботи соли 2005 низ бар асоси феҳристи ҲХДТ курсии порлумонро ба даст оварда ва дар симати муъовини раиси фроксиюни ин ҳизб дар порлумон фаъъолият карда буд.