Истифода аз кори кӯдакон: ду кушта дар Шӯрообод дар асари сардӣ

  • 21 Ноябр, 2013
кӯҳистон, барф
Image caption Дар рустоҳои кӯҳистон истифода аз кори кӯдакон барои ҷаъмоварии ҳезум ва анҷоми корҳои дигари сангин амри маъмулӣ будааст.

Дар асари боридани барфи зиёд ва сардии тоқатфарсо ду сокини ноболиғи рустои Кӯрдонаи ноҳияи Шӯробод ҷон додаанд. Дар ин бора пулиси минтақаи Кӯлоб хабар додааст.

Салим Маҳмудов, хонандаи клоси 11 ва Дилшод Давлатов, хонандаи клоси 5-и мактаби ҳамагонӣ буданд, ки шаби 21-ноябр дар роҳ ба сӯи хонаҳои худ дар асари резиши барфи зиёд ва сармои шадид аз по уфтода ва фавтидаанд.

Ҳамроҳи онҳо Салом Башолов, сокини дигари рустои Кӯрдонаи ноҳияи Шӯрообод, ки 14 сол дорад тавонистааст аз сардӣ ҷон ба саломат бибарад ва худро то ба манзил бирасонад.

Насим Ҳайтов, масъули пулиси минтақаи Кӯлоб дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин бачаҳо барои ҷаъмоварии ҳезум ба минтақае рафтаанд, ки аз русто ҳудуди 10 килуметр дуртар будааст.

Ӯ афзуд, ки ба гуфтаи Салом Башолов, писаре, ки аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд, резиши барф ҳангоме шуруъ шудааст, ки бачаҳо машғули ҷамъоварии ҳезум буданд. Ин кудакон дар зери барфи шадид дар роҳи бозгашт ба русто буданд, аммо сардии зиёд ду нафари онҳоро аз по афтондааст.

Салом Башолов талош кардааст, ки ҳадди ақал яке аз дӯстонашро то ба манзил бирасонад, аммо аз шиддати сармо ҳатто худро бо мушкилӣ ба русто расондааст.

Оқои Ҳайтов мегӯяд, дар кормандони пулис аз маҳалле, ки кӯдакон дар онҷо аз по уфтода ва ҷон додаанд дидан карда ва сабаби марги онҳоро сардии ҳаво унвон карданд. Маълум нест, ки оё волидайни ин кудакон ба истифода аз нерӯи кӯдакон муттаҳам хоҳанд шуд, ё хайр.

Фақр ва адами нерӯи барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон аксари хонаводаҳоро водор ба ҷамъоварии ҳезум барои истифодаи он дар рӯзгор мекунад. Дар рустоҳои кӯҳистон истифода аз кори кӯдакон барои ҷаъмоварии ҳезум ва анҷоми корҳои дигари сангин амри маъмулӣ будааст.

Ҳарчанд созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон пайваста аз истифодаи нерӯи кӯдакон дар Тоҷикистон ва таъсири номатлуби ин амр ба рушди кудакон ибрози нигаронӣ мекунанд.

Бархе коршиносон аз камтаваҷҷӯҳии масъулони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба мавзӯъи мубориза бо кори кӯдак интиқод мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо бояд ба ҳаводиси номатлуб дар асари кори кӯдакон, ба монанди ин якӣ вокунишҳои шадидтаре нишон бидиҳанд.

Аммо соҳибназарон мегӯянд, ки ҷилавгирӣ аз кори кӯдакон дар кишваре фақир ба монанди Тоҷикистон, бидуни беҳбуди чашмгири вазъи иқтисоди мардум номумкин ба назар мерасад.

Матолиби муртабит