Ҳомиди Карзай: НОТУ дар Афғонистон боъиси ранҷу заҳмати зиёд шуд

  • 8 Октябр, 2013
Image caption Ҳомиди Карзай гуфт, ки ҳукуматаш фаъъолона ба раҳбарони Толибон дар ҳоли гуфтугӯ аст

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, аз НОТУ ба "далели нокомӣ дар овардани субот дар Афғонистон" интиқод кардааст.

Оқои Карзай дар барномаи Нюзнойти Би-би-сӣ гуфт: "Дар арсаи амният амалкарди НОТУ боъиси ранҷи Афғонистон шуд, ҷонҳои бисёре гирифта шуд ва ҳеҷ пешрафте ба даст наомад ва Афғонистон амният надорад."

Оқои Карзай гуфт тамаркузи НОТУ бар ҷанг дар рустоҳои Афғонистон ба ҷои ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои амни Толибон дар Покистон нодуруст будааст.

Раиси ҷумҳур Карзай, ки фақат шаш моҳи дигар ба давраи раёсаташ монда, афзуд: "Ман хушнуд нестам, ки бигӯям амнияти нисбӣ дорем. Ин чизе ест, ки ба дунболи он бошем. Он чи мо мехостем амнияти комил ва ҷанги мушаххас ва возеҳ бар зидди терурисм буд."

Оқои Карзай, ки бо Ялдо Ҳаким аз бахши инглисии Би-би-сӣ суҳбат мекард, гуфт, ки авлавияти ӯ акнун овардани сулҳу амният ба Афғонистон, ба шeмули тавофуқе барои ташрики қудрат бо Толибон аст.

Ӯ гуфт, ки барои ин манзур ҳукуматаш фаъъолона бо раҳбарони Толибон дар ҳоли гуфтугӯ аст.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт: "Онҳо (толибон) афғон ҳастанд. Агар дар салоҳияти раиси ҷумҳур ё давлати Афғонистон бошад, ки онҳоро дар симате давлатӣ бигуморад, ин кор хоҳад шуд. Аммо дар ҷое, ки мардуми Афғонистон афродро аз тариқи интихобот ба мувақифе дар сохтори ҳукумат мегуморанд, Толибон бояд биёянд ва дар интихобот ширкат кунанд.

Ҳуқуқи занон

Раиси ҷумҳур Карзай ин нигарониҳоро рад кард, ки бо бозгашти Толибон пешрафтҳои ба дастомада дар арсаи ҳуқуқи занон дар Афғонистон аз даст хоҳад рафт.

Ӯ гуфт: "Бозгашти Толибон боъиси тазъифи пешрафтҳо нахоҳад шуд. Ин кишвар ниёзманди сулҳ аст. Ман ҳозирам ҳар коре, ки сулҳро ба Афғонистон меоварад, анҷом диҳам ва аз тариқи суҳ аҳдофи занонро беҳтар иртиқо диҳам."

Оқои Карзай таъкид кард: "Ман ҳеҷ шакке надорам, ки (баъд аз сулҳ) шумори занону духтарони ҷавони афғонӣ, ки дарс мехонанд ва фурсати таҳсилоти олӣ ва иштиғоли беҳтарро ба даст меоваранд, афзоиш хоҳад ёфт. Ҳеҷ тардиде дар он нест; Ҳатто агар Толибон баргарданд ин раванд поён нахоҳад ёфт ва кунд нахоҳад шуд."

Хуруҷи нерӯҳо

Оқои Карзай дар солҳои ахир равобити душворе бо ҳомиёни ғарбии худ дошта ва бахше аз он ба далели интиқоди алании ӯ аз НОТУ будааст. Раиси ҷумҳур Карзай НОТУ-ро муттаҳам мекунад, ки ба ҳокимияти миллии Афғонистон эҳтиром надоштааст.

Дар соли 2009, Борко Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, Ҳомиди Карзайро "ҳамкори ғайриқобили иттако ва ғайримуассир" тавсиф кард.

Бо ин ҳол, оқои Карзай дар мусоҳибаи худ бо Нюзнойти Би-би-сӣ ин мавзӯъро рад кард ва гуфт ба ӯ ба ин далел ин нисбатҳоро медиҳанд, ки "дар ҷое, ки мехоҳанд бо онҳо ҳамроҳӣ кунем, мо ҳамроҳӣ намекунем. Онҳо мехоҳанд вақте ғайринизомиён кушта мешаванд, хомӯш бошем, аммо мо сукут намекунем. Мо наметавонем сукут кунем."

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар мусоҳибаи худ изъон кард, ки дар солҳои пас аз вуруди нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Омрико ба Афғонистон ӯ равобити хубе бо Ҷурҷ Буш, раиси ҷумҳури вақт дошт.

Оқои Карзай гуфт: "Дар он солҳои оғозин тафовути назар бисёр зиёде байни мо (бо Буш) вуҷуд надошт. Вахомати равобити мо аз соли 2005 оғоз шуд, замоне ки мо шоҳиди аввалин кушторҳои ғайринизомиён будем, замоне ки мо дидем, ки ҷанг бар зидди терурисм дар ҷое, ки бояд сурат бигирад, сурат намегирад."

Оқои Карзай гуфт, ки ҷанг бояд "бар зидди паноҳгоҳҳо ва марокизи омӯзишии хориҷ аз Афғонистон сурат гирад, на ин ки сарбозони омрикоӣ ва НОТУ дар қарияҳои Афғонистон амалиёт ба роҳ биандозанд ва ба мардуми Афғонистон осеб ворид кунанд."

Фасоди идорӣ

Интиқодоти зиёде нисбат ба нокомии ҳукумати Афғонистон дар заминаи мубориза бо фасод вуҷуд доштааст. Ин мавзӯъ ва низ адами пешрафт дар заминаи ҳуқуқи занон мунҷар ба он шуд, ки Нурвеж ахиран эълом кунад, ки кумакҳои худ ба Афғонистонро коҳиш медиҳад.

Оқои Карзай дар мусоҳибаи ху гуфт: "Ҳукумати мо заъиф аст ва дар муқоиса бо дигар ҳукуматҳо номуассир. Мо тоза шурӯъ ба кор кардаем. Аммо фасоди бузург, фасодҳои садҳо милюндулорӣ кори афғонҳо набуд. Ҳоло ҳама ин мавзӯъро медонанд. Ин фасоди хориҷиҳо буд."

Раиси ҷумҳури Афғонистон тасреҳ кард: "Қарордодҳои аслӣ ва қарордодҳои фаръӣ, қарордодҳои кӯркӯрона, ки ба мардум дода шуд ва пуле, ки ба ҳар тараф пахш шуд, ки вафодорӣ харида шавад, пуле, ки ба ҳар тараф пахш шуд, ки таслимии мақомоти ҳукумати Афғонистонро дар сиёсатҳо ва тарҳҳое харида шавад, ки мардуми Афғонистон бо он мувофиқ нестанд. Инҳо бахши аслии фасод буд."

Матолиби муртабит