Даҳ нафар дар ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Майдон Вардаки Афғонистон кушта шуданд

  • 8 Сентябр, 2013
худрави сӯхта
Image caption Чаҳор корманди амнияти миллӣ ҳам дар миёни кушташудаҳоанд

Дар як ҳамлаи гурӯҳии интиҳоркунандагони мусаллаҳ дар муқобили раёсати амнияти миллии вилояти Майдон Вардак дар ҷануби ғарби Кобул даҳ нафар кушта ва 30 ғайринизомӣ захмӣ шудаанд.

Дафтари волии Майдон Вардак бо пахши як номаи хабарӣ гуфта, ки чаҳор корманди амнияти миллӣ ҳам дар миёни кушташудаҳоанд.

Дар ин хабарнома омада, ки теъдоди муҳоҷимон шаш нафар буд, ки як нафар ҳангоми инфиҷор ва панҷ нафари дигар дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шуданд.

Ҳамлаи интиҳорӣ дар баробари сохтмони раёсати амнияти миллии Майдон Вардак соъати 1:15 баъд аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ рӯй додааст.

Мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Майдон Вардак гуфтаанд, ки муҳоҷимон ибтидо худрави мамлу аз маводи мунфаҷираи худро дар муқобили вурудии раёсати амнияти миллӣ инфиҷор доданд ва саъй карданд вориди муҳавватаи ин раёсат шаванд.

Image caption Волии Майдон Вардак ахиран аз фаъолияти гурӯҳҳои шӯришии хориҷӣ дар бахшҳое аз ин вилоят ба Шурои амнияти миллӣ шикоят кард

То дақоиқе пас аз инфиҷор садои тирандозӣ дар маҳал шунида шудааст. Масъулони вилояти Майдон Вардак ба хабарнигорон гуфтаанд, ки пас аз як даргирии кӯтоҳ муҳоҷимон аз суи нерӯҳои амниятӣ кушта шуданд.

Муҳаммад Ҷонон, раиси Шурои вилоятии Майдон Вардак ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар миёни захмишудаҳо ҳафдаҳ ғайринизомиро ба бемористони марказӣ мунтақил кардаанд. Як узви пулиси муҳофизати омма ҳам дар ҷамъи захмиҳои ин рӯйдод аст.

Вилояти Майдон Вардак дар Ҷануби ғарби Кобул пойтахти Афғонистон аз нуқоти ноамни марказӣ ба шумор меравад.

Пештар масъулони ин вилоят аз афзоиши ноамниҳо дар ҳумаи шаҳр ва вулусволиҳои атрофи ин вилоят ба Шурои амнияти миллӣ шикоят карда буданд. Волии Майдон Вардак гуфта буд, ки шӯришиёни Покистон зери номи Толибон барои мухтал кардани амнияти Вардак даст ба кор шуданд.

Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи Толибон ба ӯҳда гирифтаанд.

Матолиби муртабит