Занон пушти милаҳои зиндон: боздиде аз маҳбаси Норак

  • 7 Сентябр, 2013
Занони зиндонӣ
Image caption Аксари занони зиндонӣ дар остонаи рӯзи истиқлол таваққуъ доранд, ки афв шаванд

Аксари занони зиндонӣ дар остонаи таҷлил аз рӯзи истиқлоли Тоҷикистон аз раиси ҷумҳурӣ таваққуъ доранд, ки онҳоро афв кунад.

Бештари занони зиндонӣ мегӯянд, ки аз кардаи хеш пушаймон ва хоҳони озодии худ ҳастанд - дархосте, ки ба назар мерасад ба ин зудиҳо иҷро нахоҳад шуд.

Ороста, як духтари ҷавони зиндонӣ, мегӯяд: "Ман шахсан аз номи худам ва аз номи тамоми модарони зиндонӣ аз раисҷумҳур мехоҳам, ки бори дигар кулли занони ин муассисаро бибахшад ва озод кунад. Ин ҷо заноне ҳастанд, ки аз сабаби надонистани қонун ва ҳуқуқи худ, бад будани шароити зиндагӣ ва иддае ҳам азбас шавҳарони муҳоҷирашон тарк карда буданд, барои гузарони зиндагӣ даст ба иртикоби ҷиноят задаанд."

Ороста чаҳор сол пеш бар асоси моддаи 247-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон, ба ҷурм тақаллуб маҳкум ба зиндон шудааст. Ӯ мегӯяд, ки маблағи ҳангуфтеро аз нафаре гирифта ва тавони бозпардохти онро надоштааст ва дар натиҷа, ба зиндон уфтодааст.

Ороста 19 сол дошт, ки маҳкум ба зиндон шуд ва тайи чаҳор соли зиндон ба навиштани шеър пардохтааст. Ӯ порае аз ашъорашро барои ман қироат кард:

"Ай Худоё дилфигорам,

тоқати бардоштани андуҳи зиндонро надорам,

Ин аламро бо худам бар гӯр мехоҳам барам,

Эй Душанбе, номусат ку?

Тоҷикистон, Тоҷикистон, модарат ку?"

Замоне, ки Ороста шеърашро қироат мекард, бештари занони зиндонӣ гиря мекарданд.

Такрори ҷурм

Дар миёни занони дар танҳо зиндони занон дар Норак, дар ҷануби Тоҷикистон, ба сар мебаранд, онҳое ҳам ҳастанд, ки беш аз як бор пушти милаҳои зиндон қарор гирифтаанд.

Image caption Зарина дар зиндон ошпазиро ёд гирифта ва мехоҳад пас аз озодӣ ин шуғлро пеша кунад

Дар тобистони соли 2011 беш аз 250 нафар аз занони зиндонӣ бар асоси Қонуни афв аз дарвозаҳои зиндон берун шуда буданд. Аммо ба назар мерасад, ки бархе аз онҳо ба иллати такрори ҷурм дубора равонаи зиндон шудаанд.

Парвин Ализода, сухангӯйи Идораи умури зиндонҳои Вазорати додгустарии Тоҷикистон, ки дар дидор аз зиндони занон маро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, ки ҳудуди 50 нафар аз занони зиндонӣ афроде ҳастанд, ки баъд иҷрои Қонуни афви ду сол пеш, дубора ба зиндон баргаштаанд.

Як зан, ки бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки ба ҷурми фурӯши маводди мухаддир маҳкум ба ҳабс шудааст. Вай дар соли 2011 афв шуда буд ва дубора ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир аз сӯйи пулис боздошт шуд.

Ин зан 40 сол дорад ва аз шавҳараш талоқ гирифтааст. Ӯ се фарзанд дорад, ки рӯзгори онҳоро батанҳоӣ таъмин мекунад ва ба гуфтаи худаш, аз нодорӣ даст ба иртикоби ҷиноят задааст.

Аз ӯ пурсидам оё медонад, ки масрафи маводди мухаддир барои саломати ҷавонон чи паёмадҳое дорад? Ва оё ба ҳангоми фурӯши ин мавод ба фикри ин набуд, ки мумкин аст фарзандони ӯ низ ба маводди мухаддир муътод шаванд?

Вай афзуд: "Ман як писар дорам ва метарсам, ки касе ба ӯ маводди мухаддир бидиҳад ва ӯро муътод кунад. Замоне ки худам ба ин кор даст зада будам, дар ин бора фикр намекардам."

Image caption Ин зан китобдори зиндон аст

Лола Раҳмонова, як зани зиндонии дигар, мегӯяд барои бори нуҳум аст, ки ӯ ба ҷурми тақаллуб равонаи зиндон мешавад. Хонуми Раҳмонова афзуд, ки бори нахуст вай дар даврони Шӯравӣ даст ба иртикоби ин ҷурм зада буд, аммо ҳоло аз ин кор пушаймон аст.

Масъулони зиндон мегӯянд, ки бо таваҷҷуҳ ба мавориди зиёди тақаллуб қарор аст, ки тақаллубкорон то замони пардохти хисороти ворида ба осебдидагон афв нашаванд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруф, мегӯяд, ки дарвоқеъ мушкилоти иҷтимоъӣ ва нодорӣ аксари занон ва духтаронро водор ба такрори иртикоби ҷароим мекунад.

Вай афзуд: "Яке дигар аз далоили ислоҳ нашудани онҳо пас аз озодӣ аз зиндон шеваи бархӯрди мардуми атроф бо онҳост. Давлат бояд қабл аз афви зиндониён барномаҳои вижаеро барои таъмини машоғил барои ин афрод ба иҷро дароварад."

Ба гуфтаи хонуми Бобоназарова, мақомот набояд ҳамеша мунтазири созмонҳои байналмилалӣ бошанд, балки бояд тарҳҳоеро дар ин замина худашон ба мавриди иҷро гузоранд.

Заноне, ки барои қатл маҳкум шудаанд

Танҳо зиндони занон дар Тоҷикистон дар рустои кӯҳистонии Чал-Чал, дар ҳаволии шаҳри Норак, дар 60-килуметрии шарқи шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Image caption Хонуми Никитина ба ҷурми қатл равонаи зиндон шудааст

Парвин Ализода, сухангӯйи Иидораи умури зиндонҳо, бо мулоҳизоти амниятӣ аз ифшои шумораи дақиқи зиндониён дар ин муассиса худдорӣ кард. Аммо вай гуфт, ки бештари занон бар асоси моддаҳои 247, 144, 200 ва 104-и Қонуни кайфарӣ, ба ҷурми даст доштан дар тақаллуб, дуздӣ, қочоқи маводди мухаддир ва қатл зиндонӣ шудаанд."

Суҳбат бо занони зиндонӣ барои ман бархе маҳдудиятҳоро ба ҳамроҳ дошт. Масъулин аз ман хоста буданд, ки бе иҷозаи онон ва худи зиндониён суханони онҳоро забт накунам. Аксари занони зиндонӣ мутааҳҳил ҳастанд ва дар хона фарзандони синну соли мухталифе доранд.

Рангина ба ҷурми суфориши қатли ҳамсараш маҳкум ба зиндон шудааст. Вай мегӯяд, ки барои дифоъ аз духтари ҷавонаш шавҳарашро ба марг расондааст. Ӯ ба ду нафар маблағи гароне пардохта, то шавҳарашро аз миён бибаранд.

Рангина афзуд: "Ман аввал мехостам аз кирдори ношоями шавҳарам, ки духтарамро озору азият мекард, ба идораи пулис шикоят барам. Аммо фикр кардам, ки агар мардум аз ин ҳодиса огоҳ шаванд, духтарам беобрӯ мешавад. Аз ин рӯ, ба ин фикр омадам, ки шавҳарамро бикушам."

Image caption Либоси ҳамаи занони зиндонӣ якранг аст, вале масъулон чанд тарҳи онро мушаххас кардаанд

Тибқи омори мавҷуда, ҳудуди 50 зан ва духтар дар ин зиндон ба ҷурми қатл зиндонӣ шудаанд. Агарчи бархе аз занон дар суҳбат бо ман беибо ба ин ҷурм эътироф мекарданд, аммо бархе дигар мегуфтанд, ки бо ҳукми ноъодилонаи додгоҳ ба зиндон уфтодаанд."

Масъулини зиндон мегӯянд, ки ҳамаи маҳбусон бо ҳукми додгоҳ равонаи зиндон мешаванд ва масъулияти аҳкоми додгоҳ ба дӯши онҳо нест.

Гулчеҳра зани ҷавонест, ки ба ҷурми қатл барои 16 сол ба зиндон маҳкум шудааст. Вай мегӯяд, ки аз карда пушаймон аст ва аз пайвандони фарди мақтул пӯзиш мехоҳад.

Гулчеҳра дар зиндон ба шуғли хайётӣ (дӯзандагӣ) машғул аст ва ба занони дигар ин шуғлро меомӯзонад: "Либосҳое, ки занони зиндонӣ дар бар доранд, ману шогирдонам дӯхтем. Чанд тарҳи ин либосҳо аз сӯйи муассиса пешниҳод шуд ва мо бо интихоби занон онҳоро омода месозем."

Ҳунармандӣ дар зиндон

Дар идомаи боздид аз зиндон ба толори намоиши синемо ва кунсерт саре задам. Дар ин ҷо Любов Никитина, зани рустабореро дидам, ки ба иттиҳоми қатли шарики зиндагияш барои даҳ сол маҳкум ба зиндон шудааст. Вай мегӯяд, ки додгоҳ дар баррасии парвандаи ӯ иштибоҳ кардааст.

Image caption Занони зиндонӣ ҷойи зисти худро тамиз мекунанд

Хонуми Никитина ба қатли марде муттаҳам шуда буд, ки бо ӯ дар як манзил чун зану шавҳар, вале бидуни никоҳи расмӣ ба сар мебурд: "Пизишки қонунӣ гуфт, ки ин мард аз масрафи зиёди маводди мухаддир мурдааст, вале марги ӯро ба ман рабт доданд."

Любов Никитина рақсандаи болле (балет) аст ва орзу дорад, ки баъд аз озодӣ ба ин шуғли худ идома диҳад. Ин ҳунарманди зиндонӣ ҳам умедвори афв аст. Ҳоло вай бо иддае аз занони ҳунардӯст барои соири зиндониён барномаҳои ҳунарӣ иҷро мекунад.

Ҳангоми худоҳофизӣ бо зани дигаре рӯбарӯ шудам, ки масъулияти китобхонаи зиндонро ба уҳда дорад. Ӯ низ дар бархе аз маҳофили занони зиндонӣ таронахонӣ мекунад.

Масъулони зиндони занон дар ҳаволии шаҳри Норак мегӯянд, ки барои иддае аз занону духтарон машоғиле фароҳам кардаанд. Аз ҷумла, бархе аз занон дар ошпазхонаи зиндон кор мекунанд.

"Зиндагӣ дар маҳбас ифтихор нест"

Дар канори ҳар яке аз дарҳои вурудӣ ба биноҳои маҳбасхона як зани зиндонӣ кашик (навбатдор) аст ва бо наздик шудани мо ба сохтмон ба масъулин гузориш медиҳад, ки дар ин бино ҳеҷ иттифоқи номатлубе рух надодааст.

Image caption Занон дар парастишгоҳ китобҳои муқаддасро мехонанд

Дар ошхонаи зиндон ғизоҳоро худи занони зиндонӣ омода мекунанд. Зарина исми мустаъори занест, ки ду сол боз дар зиндон ба сар мебарад. Вай сарошпази ин ошхона аст. Зарина аз ҷумлаи онҳоест, ки ба ҷурми тақаллуб маҳкум ба зиндон шудааст.

Вай мегӯяд: "Ман бори аввал ба зиндон афтодам ва худро барои ин ки бо бадтинате аҳди дӯстӣ доштам, маломат мекунам. Ман тайи муддате, ки ин ҷо ҳастам, ба худ қавл додам, ки баъд аз озодӣ дигар ҳеҷ гоҳ даст ба иртикоби ҷурме назанам."

Зарина мегӯяд, ки дар зиндон беш аз ҳама муштоқи дидори фарзандонаш аст. Ӯ чаҳор фарзанд дорад, ки ҳама таҳсилкардаи донишгоҳанд. Худи ӯ низ таҳсилкарда аст ва мегӯяд, ки душвориҳои зиндагӣ иртикоби ҳеч ҷурмеро тавҷеҳ намекунад.

Зарина муътақид аст, ки шароити зиндон хуб аст. Ба гуфтаи ӯ, шояд шароити инҷо нисбат ба бисёре аз хонаводаҳои фақир беҳтар бошад, аммо "зиндагӣ дар зиндон ифтихор нест." Ин зан мегӯяд, ки дар зиндон шуғли ошпазиро омӯхта ва баъд аз озодӣ мехоҳад ошпазиро пеша кунад.

Бо таваҷҷуҳ ба ахлоқ ва рафтори занони зиндонӣ масъулини зиндон гоҳе ба мақомоти зидахл пешниҳоди озодии барвақти онҳоро мекунанд. Бархе аз занони хушахлоқ дар мазраъаи зиндон ба кишоварзӣ машғул мешаванд.

Раҳбари ин муассиса мегӯяд, ки аз ширу гӯшт ва маҳсулоти кишоварзие, ки онҳо ҷамъоварӣ мекунанд, дар таҳияи ғизо барои худи занон дар зиндон истифода мешавад.

Занони намозгузор

Бар хилофи зиндонҳои дигар, ки маҳбусон дар онҳо ҳамвора аз фаъъолияти зиндонбонҳо шикоят мекунанд, маҳбусони зиндони занон дар Норак аз вазъияти маҳбас розӣ ба назар мерасиданд.

Image caption Занони зиндонӣ соле шаш мулоқоти муфассал ва ҳашт мулоқоти мухтасар бо бастагони худ анҷом медиҳанд

Ҳамаи занони зиндонӣ ҳаққи мулоқот бо шавҳар ва пайвандонашонро доранд. Ба гуфтаи масъулон, ҳар зани зиндонӣ ҳақ дорад соле то шаш мулоқоти муфассал ба муддати як то се рӯз ва ҳашт мулоқоти мухтасар бо бастагони худ анҷом диҳад.

Бар асоси муқаррарот, занги вижаи зиндон рӯзе чаҳор бор садо медиҳад ва бо шунидани он ҳамаи занҳо дар майдони байни ошхона ва хобгоҳи зиндон саф мекашанд. Сипас, нозирон исми зиндониёнро мегиранд ва занон бо садои "ман ин ҷоам" аз ҳузури худ хабар медиҳанд.

Хобгоҳи занон ҳудуди 100 рахти хоб дорад ва боназофат ба назар мерасад. Дар рӯбарӯйи хобгох як парастишгоҳе барои масеҳиён воқеъ аст, ки як зани рустабор нигаҳбони он аст.

Ин зан, ки худро Амина муъаррифӣ кард, гуфт: "Ман дар қатли марде, ки шарики зиндагиям буд, муҷрим шинохта шудам. Намехохам дурӯғ бигӯям, ки ин корро ноогоҳона анҷом додам. Ман он мардро, ки маро лату кӯб мекард, ба қатл расондам ва албатта, пушаймонам. Ман қаблан машруб менӯшидам ва ҳоло намоз мегузорам. Тасмим гирифтам, ки зиндагиямро куллан иваз кунам."

Амина як писар дорад, ки баъд аз зиндонӣ шуданаш ба Русия, ба назди падараш фиристода шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамарӯза ҳудуди 40 зани зиндонӣ дар ин парастишгоҳ намоз мегузоранд.

Дар масҷиде кӯчак низ занони мусалмон панҷ маротиба намоз мехонанд. Бисёре аз онҳо мегӯянд, ки бори аввал дар ин муассиса ба хондани намоз пардохтаанд.

Матолиби муртабит