Нерӯҳои бритониёӣ барои ҷанг бо Толибон ба Сангини Ҳилманд бозгаштанд
Низомиёни Бритониё се сол пас аз тарки минтақаи "Сангини" вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон барои ҷанг бо ситезаҷӯёни Толибон ба ин минтақа бозгаштаанд.
Вазорати дифоъи Бритониё таъйид карда, ки ба дархости артиши Афғонистон ҳудуди 80 сарбози бритониёӣ дар амалиёти ҳаштрӯза алайҳи Толибон ширкат кардаанд.
Ин вазорат эълом карда, ки нақши сарбозони бритониёӣ дар набарди "Сангин" фароҳам кардани чатри кумакӣ дар амалиёте ба раҳбарии нерӯҳои артиши Афғонистон аст.
Вазорати дифоъи Бритониё гуфта, ки дар ин амалиёт шуморе аз нафароти гурӯҳи Толибон кушта ва бархеи дигар дастгир шудаанд, аммо ба нерӯҳои бритониёӣ осебе нарасаидааст.
Рӯзномаи Санди Тоймз гузориш додааст, ки Филлип Ҳомунд, вазири дифоъи Бритониё шахсан ба нерӯҳои кишвараш иҷоза дода, ки ба минтақаи Сангин бозгарданд.
Гуфта шуда ки байни солҳои 2006 ва 2010 мелодӣ 106 сарбози бритониёӣ дар ин минтақа дар ҷараёни ҷанг кушта шуданд.
Санди Тоймз навишта ба далели ин ки таҳдид алайҳи нерӯҳои бритониёӣ дар минтақаи Сангин боло буд, ба дархости вазорати дифоъи Бритониё пахши хабари ширкати низомиёни ин кишвар то поёни ҷанг ба таъхир андохта шуд.
Низомиёни Бритониё бахше аз нерӯҳои амалиётии артиши Афғонистон дар минтақаи Сангин буданд. Ин амалиёт ба ҳадафи берун рондани шӯришиёни Толибон аз ин минтақа ба роҳ андохта шуд.
Ҳилманд маркази фаъолиятҳои гурӯҳи Толибон дониста мешавад ва низомиёни бритониёӣ дар маҳаллоти хориҷ аз маҳдудаи амалиётии худ камтар ва ба андозаи маҳдуде иқдом ба иҷрои амалиёт мекунанд. Манотиқи марказии ин вилоят маҳдудаи амалиётии ин нерӯҳо аст.
Як сухангӯи артиши Бритониё гуфтааст: "Амалиёти хориҷ аз минтақаи амалиётии бахше аз маъмурияти дарозмуддати Бритониё дар Афғонистон комилан муртабит бо нақши феълии омӯзишӣ ва ҳимоятӣ аз нерӯҳои амниятии Афғонистон иҷро шудааст."
Ӯ афзуд: "Байни 2006 ва 2010нерӯҳои бритониёӣ нақши умдае дар таъмини амнияти мардуми Сангин доштаанд, фаъолиятҳои шӯришиёнро дар минтақае, ки маркази фаъолиятҳои Толибон шумурда мешавад, мухтал ва аз густариши хушунат ба манотиқи дигар ҷилавгирӣ кардаанд . Ин нерӯҳо ҳокимияти давлати Афғонистонро дар он ҷо ҳифзи карда ва имкони фаъолиятҳои иқтисодиро фароҳам кардаанд."
Ҳилманд оромтарин вилояти ҷанубии Афғонистон аст. Ҳазорон сарбози бритониёӣ ва омрикоӣ дар канори нерӯҳои амниятии Афғонистон мустақар шудаанд.
Бозгашти артиши Бритониё дар ҷанг бо Толибон дар Сангин пурсишҳои бештареро дар бораи тавоноии артиши Афғонистон дар ростои таъмини амният матраҳ мекунад.