Қатли фаҷеъи як духтари 19 сола дар вилояти Хатлон

  • 22 Июл, 2013

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қатли фаҷеъи як духтари 19 сола дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлони ин кишвар хабар дод.

Тибқи иттилоъи сойти расмии ин вазорат, ки рӯзи душанбеи 22 июл пахш шудааст, Парвина Сабзаеваи 19 сола аз сӯйи бародараш хафа (буғӣ) шудааст.

Ин сойт менависад, ки дар робита ба ин ҳодиса кормандони пулиси минтақа парвандаи ҷиноӣ боз ва бозрасон таҳқиқоти онро анҷом медиҳанд.

Пулис мегӯяд, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳокист, ки ангезаи ин қатл "хусумати бародар алайҳи хоҳар" буда ва ҷасади духтари ҷавон дар рӯдхонаи мавсум ба Ёқсуи ҷамоъати Кӯлоб кашф шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Додистонии кулии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод, ки рӯзи душанбеи 22 июл доир шуд аз афзоиши ҷароими қатл дар ним солаи аввали соли 2013 дар ин кишвар хабар додааст.

Тибқи ин иттилоъ дар маҷмӯъ дар ин давра мавориди содир кардани ҷароими мухталиф дар Тоҷикистон дар муқоиса ба даврони мушобеҳ дар соли гузашта беш аз даҳ дарсад афзоиш ёфтаааст.

Дар иттилоъияи ин ниҳод омадааст, ки қатл ва сӯйиқасд ба қатл, таҷовуз ба номус, тамаъҷӯйӣ ва ҳамлу омода кардани аслиҳа аз ҷумлаи ҷароиме будааст, ки дар шаш моҳи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон бештар содир шудаанд.