Гузориши дарзшуда ровии шикасти давлати Покистон дар дастгирии Бин Лоден

  • 9 Июл, 2013

Як гузориши давлатӣ дар Покистон "саҳлангорӣ ва бекифоятӣ дар давлатро" далоиле дониста, ки боъис шуд Усома бин Лодин наздик ба даҳ сол дар кишвар бидуни ин ки шиносоӣ шавад, зиндагӣ кунад.

Нусхае аз ин гузориш, ки хабаргузории Алҷазира мунташир кардааст, дастури куштани Бин Лодин тавассути Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрикоро як "амали ҷинояткорона" донистааст.

Ин гузориш ҷузъиётеро низ дар бораи наҳваи зиндагии Усома бин Лодин дар иқоматгоҳаш дар Абитободи Покистон фош кардааст.

Усома бин Лодин дар моҳи майи соли 2011 тавассути нерӯҳои омрикоӣ дар иқоматгоҳаш дар Абитободи Покистон кушта шуд.

Давлати Покистон қаблан шубҳаҳои Омрикоро дар бораи ҳузури Бин Лодин дар Абитобод рад карда буд ва кашфу куштани ӯ дар хоки Покистон, равобити ду кишварро бо таниш рӯбарӯ кард.

"Амалиёти Омрико, шармовар барои Покистон"

Муддате кӯтоҳ пас аз амалиёти нерӯҳои омрикоӣ, порлумони Покистон дастур дод як таҳқиқи мустақил ба номи "Кумиссиюни Абитобод" ташкил шавад.

Ҳадаф аз ин таҳқиқ ин буд, ки мушаххас шавад ин ки Бин Лодин тавониста дар ин муддат дар Покистон зиндагӣ кунад аз бекифоятии давлати Покистон буда ва натиҷаи ҳамкории Покистон бо гурӯҳи Алқоъида.

Ҳамчунин қарор шуд, ки далоилеро, ки боъис шуд Созмони иттлоъоти Покистон аз фаъъолияти Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико дар кишвар бехабар бошад, муъайян кард.

Покистон аз ин ки Омрико тавониста буд бидуни иттилоъи қаблӣ барномаи қабли Бин Лодинро иҷро кунад, хашмгин шуд ва онро "шармовар барои мардуми Покистон" дониста буд.

Дар ин гузориш аз мақомҳои давлатӣ ва амниятии Покистон башиддат интиқод шуда ва гуфта шуда "тақрибан дар тамомии сутӯҳи давлат бетафовутӣ ва бекифоятии қобили таваҷҷуҳе" вуҷуд дорад.

Image caption Гуфта шуда дастикам бисту панҷ нафар дар иқоматгоҳи Усома бин Лодин дар Абитобод зиндагӣ мекарданд

Дар гузориш омада, ки алорағми ин ки шавоҳиде пайдо нашуда, ки нишонгари ҳамкории Покистон бо Алқоъида бошад, дар айни ҳол наметавон "эҳтимоли чашмпӯшиҳоеро дарун ва хориҷ аз давлат нодида гирифт."

Ин гузориш аз ҳамлаи туфангдорони омрикоӣ ба иқоматгоҳи Бин Лодин интиқод карда ва онро як "эъломи ҷанг" донистааст.

Ҳамчунин аз амалкарди давлати Покистон дар ин маврид ба унвони як "обрӯрезии бузург" ёд кардааст.

Мақомҳои покистонӣ гуфтаанд, ки ҷетҳои ин кишвар барои ҳамла ба чархболҳои омрикоӣ гусел шуданд, аммо дигар дер шуда буд.

Беш аз 200 шоҳиди айнӣ, аз ҷумла мақомҳои аршади низомӣ ва ғайринизомӣ барои таҳияи ин гузориш мусоҳиба шуданд.

Се ҳамсари Бин Лодитн низ пеш аз ин ки ба Арабистон бозгардонда шаванд, барои гузориш мусоҳиба шуданд

Ричорд Голпин, хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд шаш сол аст, ки давлати Покистон ин гузоришро дар ихтиёр дорад, аммо муроқиб буд дарз нашавад.

Кулоҳи кобуй

Дар нусхае аз ин гузориш, ки ба дасти шабакаи Алҷазира расида, зиндагии рӯзмараи Усома бин Лодинро пас аз фирор аз Афғонистон дар соли 2011 ба тасвир кашида шудааст.

Гуфта шуда вай дар баҳор ё тобистони соли 2002 ба Покистон расида ва дар манотиқе чун Вазиристон, Боҷвар, Сувот ва Ҳарипур зиндагӣ кардааст.

Вай дар ниҳоят дар соли 2005 дар Абитобод мустақар мешавад.

Бино ба гузориш, Бин Лодин ва атрофиёнаш "бисёр кам аз хона хориҷ шуда ва содазист буданд. Онҳо ҳаргиз дар интизори умум зоҳир намешуданд."

Ба нақл аз беваҳои Бин Лодин омада, ки ӯ даруни иқоматгоҳ барои ин ки шиносоӣ нашавад, кулоҳи кобуй "Cowboy" ба сар мегузоштааст.

Дар идомаи гузориш омада тайи шаш сол ин иқоматгоҳи мармуз таваҷҷуҳи нерӯҳои иттилоъотии Покистонро ба худ ҷалб накард.

Дар ниҳоят нависандагони гузориш муътақиданд: "Ин ки чи тавр ҳамсоягон, нерӯҳои пулис, амниятӣ ва иттилоъотӣ нисбат ба бузургӣ, шакли аҷиб, симҳои хордор ва набуди рафту омад аз ин иқоматгоҳ машкук нашуданд, боварнакарданӣ аст.

Ҷавод Иқбол, раиси ҳайъати таҳқиқӣ дар бораи дарзи гузориш ба барномаи телевизиюнии Покистон гуфт, ки гузориш "бар фарзияти поягузоришуда" ва ҳеҷ як аз беш аз 100 мавридеро, ки ҳайъат дарёфтҳояш тавсия карда будро шомил намешавад.

Матолиби муртабит