Таҷаммуъи ҳамзамони мухолифон ва мувофиқони Мурсӣ дар Қоҳира
Садҳо ҳазор нафар аз мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии Миср, дар солгарди ба қудрат расидани ӯ дар майдони Таҳрир дар Қоҳира ва чанд шаҳри дигар даст ба эътироз задаанд.
Ҳамзамон гузоришҳо аз барпоии таҷаммуъоте аз сӯйи мувофиқони оқои Мурсӣ ҳикоят дорад.
Гузоришҳое низ аз кушта шудани дастикам як нафар ва захмӣ шудани 24 нафар дар шаҳр Бани Суиф мунташир шудааст.
Дар ин миён Муҳаммад Мурсӣ аз мардум хоста, ки "муттаҳид бошанд ва ба сухани хирад ва ақл гӯш диҳанд."
Мухолифон, ки хостори истеъфои оқои Мурсӣ ҳастанд, мегӯянд, ки ӯ дар маҳори мушкилоти имқтисодӣ ва амниятӣ аз замони дар ихтиёр гирифтани қудрат муваффақ набудааст. Ба гуфтаи мухолифон раиси ҷумҳури Миср манофеъи Ихвонулмуслиминро ба манофеъи кишвар тарҷеҳ додааст.
Мухолифон ҳамчунин гуфтаанд, ки беш аз 25 милюн нафар бо имзои тӯморӣ хостори баргузории интихоботе зудҳангом шудаанд.
Гузоришҳо ҳамчунин аз баргузории таҷаммуъоти эътирозомез дар соири шаҳрҳои Миср ҳикоят дорад.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳрҳои Искандария, дувумин шаҳри бузурги Миср ва Пурт Саъид аз баргузории таҷаммуъоти муътаризон дар ин шаҳрҳо хабар додаанд.
Дар ҳамин ҳол бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ, ҳомиёни оқои Мурсӣ бо ҳамли плокордҳое зимни маҳкум кардани мухолифон, дар пуштибонӣ аз сиёсатҳои давлат даст ба роҳпаймоӣ задаанд.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Миср мегӯяд, ки мухолифон ҳафтаҳост барои эътирозоти рӯзи якшанбеи 30 июн, барномарезӣ мекунанд. Мухолифон гуфтаанд, ки то замоне, ки оқои Мурсӣ аз симаташ канорагирӣ накунад, майдони Таҳрирро тарк нахоҳанд кард.
Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ авзоъи феълии Миср нишон медиҳад, ки шикофе ҷиддӣ дар ҷомеъаи Миср эҷод шудааст.
Вокунишҳо
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, ки дар Офриқои Ҷанубӣ ба сар мебарад,аз тамомии аҳзоб ва гурӯҳҳои Миср хост, ки аз хушунат бипарҳезанд Ӯ ҳамчунин аз пулис ва артиши Миср дархост кард , ки вокуниши муносибе дар муқобили эътироз дошта бошанд.
Пештар Омрико аз шаҳрвандонаш хоста буд, то ба Миср сафар накунанд. Бритониё ва Фаронса ҳам аз шаҳрвандони худ хостаанд, ки дар гирдиҳамоӣ ва эътирозот дар шаҳрҳои Миср ширкат накунанд.
Омрико рӯзи ҷумъаи 28 июн таъкид кард, ки яке аз шаҳрвандонаш дар шаҳри Искандария кушта шудааст.
Гуфта шуда, ки ӯ дар ҳоле ки бо мубойл саргарми акс гирифтан аз муътаризон буд, кушта шуд.