Бумбгузорӣ дар шаҳри Пешовари Покистон 15 кушта бар ҷой гузошт

  • 30 Июн, 2013
Инфиҷор  дар Пешовар
Image caption Пешовар дар солҳои ахир ҳадафи чандин бумбгузорӣ будааст

Инфиҷоре қавӣ дар шимоли ғарби шаҳри Пешовар дар Покистон ба кушта шудани дастикам 15 нафар ва маҷруҳ шудани беш аз 20 нафар мунҷар шудааст.

Гуфта шуда, ки ҳадафи ин бумбгузорӣ як худрави мутаъаллиқ ба нерӯҳои шибҳнизомии давлатӣ будааст.

Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ теъдоде худрав ва мағоза низ дар ҷараёни ин бумбгузорӣ тахриб шудаанд.

То кунун ҳеҷ гуруҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст, аммо ағлаб аз Толибон ба унвони омили ин бумбгузориҳо ном бурда мешавад.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифта ки Девид Комерун, нахуствазири Бритониё барои музокира бо мақомоти покистонӣ вориди он кишвар шудааст.

Ҳарчанд зоҳиран нерӯҳои амниятӣ ҳадафи ҳамлаи имрӯз будаанд, аммо гузоришҳо аз кушта ва маҷруҳ шудани шуморе аз ғайринизомиён аз ҷумла занон ва кӯдакон ҳикоят дорад.

Пешовар дар солҳои ахир ҳадафи чандин бумбгузорӣ будааст.

Рӯзи душанбеи гузашта (24 июн) ҳам як мақоми аршади пулис ва ронандаи ӯ дар ин шаҳр ба зарби гулӯла кушта шуданд.

Матолиби муртабит