Додгоҳи вилояти Хатлон "Рембо"-ро ба 12 сол ҳабс маҳкум кард
Додгоҳи вилояти Хатлон як ҷавони 20-солаи ин вилоятро тибқи моддаи 104 қисми як яъне қатл муҷрим шинохта ва ба муҳлати 12 сол маҳкум ба зиндон кардааст.
Масъулони ин додгоҳ, рӯзи сешанбеи 14 май гуфтаанд, ки қозии парванда Достон Сабзаевро, ки дар миёни дӯстонаш бо лақаби "Рембо" машҳур будааст, барои қатли дӯстдухтараш муқассир донистааст.
Ҳамчунин оқои Сабзаев барои қатли Фарангис Файзалиева, дӯстдухтари 19-солаи худ дар миёни сокинони шаҳри Қурғонтеппа ва ҳумаи он бо лақаби "ҷавони ошиқ" низ шуҳрат доштааст.
Қозии парванда собит кардааст, ки Достон бо Фарангис беш аз як солу ҳашт моҳ равобит дошта ва дар натиҷаи рашк духтарро ба қатл расондааст.
Ҳамчунин собит шудааст, ки дар муддати 1 солу ҳашт моҳи дӯстӣ Достон ба телефуни ҳамроҳи Фарангис беш аз 70 паёмак ё sms ҳои "ошиқона" ирсол кардааст.
Ин нахустин бор нест, ки дар вилояти Хатлон ҷавонони ошиқ дӯстдухтарҳои худро дар натиҷаи рашк ва ё ҷавоби рад ба қатл мерасонанд.
Дар баҳори соли 2012 дар шаҳри Қурғонтеппа як ҷавони донишҷӯ дӯстдӯхтарашро бо зарби чоқу ба қатл расонд ва сипас худаш низ заҳр нӯшида ва ҷон додааст.